Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бинобар ин он гармие, ки шараёнҳои андар андомҳои манӣ ҷойдоштаро ба ҳангоми хоб падид ояд ва он бод, рӯҳ ва хуне, ки ба сӯи онҳо кашида шаванд, боиси бархостани [нара] бигарданд. Ин гуна бархостанро ҳама гуна чизҳое ёварӣ кунанд, ки дорои рутубати бегонаанд ва ин [рутубат] қобили на ба осонӣ ба бод табдил ёфтан бувад. Гувориши нахустин ба бод гардонидани ин гуна [рутубат], нест кардани чизи бодгардида ва зуд ҳал кардани он қодир нест, балки он то гувориши севвум боқӣ монда, сипас андар он ҷой дамиш оварад. Ба кор бурдани ҷимоъ ин андомро нерӯманду ситабр кунад ва тарки он ӯро бигудозад ва лоғар кунад, чароки кор, чунонки Буқрот гуфтааст, ситабрсозанда ва бекорӣ лоғариоварандаи он бувад.
Сабаби шаҳват ва ҷунбишҳои он ё ваҳмист ва ё ба бисёрии боди хуне вобаста аст, ки аз он манӣ зода шавад ва аз он афзорҳои нара ғизо бигиранд ва худи нара дамида, бузург шавад. Бинобар он, бинобар омодаи пазируфтани он будани андом ва бинобар сӯзиш овардани азҳамкашандагӣ шаҳват биҷунбонад. Инчунин, агар андар андомҳои ҷимоъ кардан манӣ падид омада, хоҳиши аз онҳо ҷудо шудани он афзоиш ёбад, моддаҳоро андар онҳо ба ҷунбиш оварад. Гоҳе нара ба сабаби газидани моддаи андар ғуддаҳои ду бари даҳони обгаҳ ҷойдошта ва ё [ба сабаби газидани] моддаи тунуки латифи аз сӯи гурда оянда бархезад, чунонки аз сабаби ҳаракати худи манӣ баъд аз он ки тез шуда, афзоиш ёфт ва сӯзишу азҳамкашидагӣ овард, низ чунин ҳол рӯй диҳад.
Фасли севвум андар баёни сабаби падид омадани манӣ

Манӣ фазлаи гувориши чаҳорумест, ки ба ҳангоми андар андомҳо паҳн шудани ғизо ба амал ояд ва ин [фазла] андар ҳоле аз рагҳо битаровад, ки гувориши севвум пурра ба анҷом расида бошад. Ин аз ҷумлаи рутубатест, ки аз замони бастагии он чандоне нагузашта аст ва андомҳои аслӣ, масалан, рагҳо, шараёнҳо ва монанди инҳо аз онҳо ғизо бигиранд. Гоҳе бахши бисёре аз онро метавон ёфт, ки андар рагҳо пароканда шуда, гувориши чаҳорумро аз сар гузаронда аст ва андар он ҷой монда, рагҳо аз он ғизо бигиранд ва ё ба андомҳои ҳамҷинс гузашта [274] аз ғайри он, ки ба дигаргунии бисёре эҳтиёҷ дошта бошад, ғизои онҳо бигардад. Бинобар ин манӣ аз [рагҳо] ба сӯи ин [андомҳо] бигузарад.
Ба ақидаи Ҷолинус ва [дигар] пизишкон нарону модагонро донаест,141 ки онро «манӣ» хонанд ва ин ном на ба тариқи иштирок, балки ба тариқи тавотуъ дода шудааст.
Ҳар як аз ин ду донаро қувваи суратбахшию суратпазирист, лекин донаи наринаро қуввае қавитар аст, ки он ба фармони Худои бузург сарчашмаи суратбахшист ва донаи модинаро қуввае бештар қавист, ки сарчашмаи суратпазирӣ бувад. Сипас, мании нарина ба сӯи шохи раҳм биҷаҳад ва даҳони раҳм онро бо кашиши сахте фурӯ барад. Мании модина бошад, аз даруни раҳм аз тариқи мӯриҳову рагҳо ба маҳалли обистан ҷаҳида ояд.

Агар мазҳаби донишмандону ҳакимон баррасӣ шавад, ҳосили он чунин аст, ки мании нарина сарчашмаи суратбахшӣ ва мании модина ба ҳангоми ҳолати хосси он сарчашмаи суратпазирист. Қувваи суратгари андар мании нарина буда ба ҳангоми суратгарӣ агар ягон монеа ва чизи мухолифе андар миён набошад, барои падид овардани сурате бикӯшад, ки шабеҳи чизи аз он ҷудо шудааш бувад ва қувваи суратпазирии мании модина ба ҳангоми пазируфтани сурат барои пазируфтани он сурате бикӯшад, ки шабеҳи чизи аз он ҷудошудаи хеш бошад. Исми «манӣ», ки бар ин ду додаанд, ба иштироки ном аст, на аз ин ҷиҳат, ки як маънои ҷомеъе ҷой дошта, бинобар он ин чизро «манӣ» номида бошанд. Аммо ба маъное, ки чизи аз мард ҷаҳандаро «манӣ» хонанд, чизи аз зан ҷаҳанда манӣ нест. Ба ҳақиқат, мании мард гарм, пухта ва ситабр аст, вале мании зан бошад, навъе аз хуни ҳайз аст, ки каме пухта ва андаке дигар гардида бувад ва аз табиати хунӣ на бад-он андоза дур аст, ки мании мард дур бошад.
Бинобар ин файласуфони пешин онро «хуни ҳайз» номанд. Эшон гуфтаанд, ки ҳар гоҳ мании нарина даромезад, бо қувваи хеш кора кунад ва ҷирми ӯро андар оростани ҷирмияти тани навзод чандон дахле нест, зеро ин кори мании модина ва хуни ҳайз бувад. Баръакс, мании нарина барои ҷирмияти рӯҳи навзод инояти бештар ба харҷ диҳад. Вай ба ростӣ ҳамчун панирмояест, ки андар шир кора кунад. Аммо мании модина бошад, пойдевори ҷирмияти тани навзод бувад. Ҳар як аз ин ду манӣ навзодро бо чизе саршор кунанд, (534) ки он хуни гарми тари рӯҳонӣ бизояд. Аммо донистани дурустии ин ду равия бар уҳдаи табиатшинос аст ва аз надонистани ин пизишкро ҳеҷ зиёне нахоҳад буд. Мо чигунагии инро андар китобҳои аслии хеш шарҳ додаем.142 Буқрот чизе гуфта аст, ки мазмуни он чунин аст: Аксарияти моддаи манӣ аз мағз буда, аз тариқи рагҳои паси гӯш фуруд ояд ва бинобар он задани онҳо боиси қатъи насл гардида, бесамарӣ оварад. Хуни [манизоянда] ширмонанд аст. Сипас [рагҳои мазкур] бо ҳароммағз пайвастанд, аз баҳри он ки то аз мағз ва андомҳои бад-он монанд, на ба андозае дур бошанд, ки мизоҷи он хун тағйир ёфта бигардад. Баръакс, ин ду раг [хунро] ба ҳароммағз бирезанд ва сипас аз он ҷой ба сӯи гурда ва баъд ба сӯи рагҳое ояд, ки бо хояҳо пайвастаанд. Ҷолинус аз ин, ки буридани ин ду раг нозоӣ оварад ё не, бехабар бувад. Ба гумони ман, ҳарчанд ки хамирмояи манӣ аз мағз аст, вале раво нест, ки он танҳо аз мағз сарчашма мегирифта бошад ва он чиро, ки Буқрот аз ҳоли ду раг ёд кардааст, рост аст. Баръакс, бояд он аз ҳар як андоми сарвар сарчашма бигирад ва бояд аз андомҳои дигаре низ ба сӯи ин аслҳо [баъзе чизҳо] битарованд. Бад-ин сабаб ҳам монанди он [андом] ба вуҷуд ояд ва низ ба ҳамин сабаб аст, ки аз андоми ноқис андоми ноқис падид ояд. То ҳангоме ки рагҳо ба сабаби балоғат фарох нашаванд ва шаҳвати пухтагии пурра ҳосилкарда бедор нагардад, чунин ҳол ба амал нахоҳад омад. Гоҳе маниро боде берун андозад, ки бо он омехта аст ва ногузир манӣ пеш аз баромадани бод берун ояд.

пешина
аз 1215
навбатӣ