Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли чаҳорум
андар баёни далелҳои мизоҷҳои табиии
андомҳои манӣ

Нишонаҳои мизоҷи гарм: Намудор будани рагҳои нара ва пӯсти хоя; ситабрию дуруштии рагҳо; зуд рӯидани мӯй бар зиҳор ва гирду пеши он; дуруштӣ, анбӯҳӣ ва зичии мӯй; ва зуд ба балоғат расидан. Ҳар кӣ мизоҷи мании хешро донистан бихоҳад, бигузор тадбири ғизоро дуруст кунад ва сипас ба ранги [манӣ] бингарад, ки чӣ гуна аст.
Нишонаҳои мизоҷи сард: Ин акси нишонаҳои ёдшуда бувад.
Нишонаҳои мизоҷи тар: Тунукии манӣ; бисёрии он; ва суст хестани нара.
Нишонаҳои мизоҷи хушк: Инҳо бар хилофи нишонаҳои болоиянд. Гоҳе ба ҳангоми ин мизоҷ манӣ мисли нах берун ояд.
Нишонаҳои мизоҷи гарми хушк: Гавҳари манӣ фишурда бошад, бо андак ҷимоъ кардан пеш аз [тамомияти] шаҳват биҷаҳад, бештар бор гирад ва фарзанди нар ба амал ояд, шаҳват шадиду зудгузар ва бархостани нара қавӣ бувад, вале ин низ баробари ҷимоъ кардан зуд қатъ шавад. Агар гармию хушкӣ ба ифрот бирасанд, бо вуҷуди бисёр хестани нара миқдори об ва рехтани он кам гарданд. Аммо мӯи зиҳор, ронҳо ва гирду пеши онҳо ба ҳангоми мизоҷи гарми хушк ниҳоят анбӯҳ бувад.
Нишонаҳои мизоҷи гарми тар: [Ба ҳангоми ин мизоҷ] манӣ беш аз мании мизоҷи гарми хушк аст, лекин мӯй андаку боргирӣ камтар буванд. Тавоноӣ бар бештар ҷимоъ кардан қавитар буда, вале шаҳвату бархостани нара бештар набуванд. Ин гуна [шахс] аз тарки ҷимоъи ба ифрот зиён бинад ва ӯро иҳтиломи бисёр ва зуд-зуд рехтани манӣ рӯй диҳанд.
Нишонаҳои мизоҷи тари сард: Ноҳияҳои зиҳор каммӯй бошанд, шаҳвату ҷимоъ дер падид оянд, манӣ тунук буда, кам бор гирад ва мӯй дер ва кам бирӯяд.
Нишонаҳои мизоҷи сарди хушк: Манӣ ситабру кам буда, нишонаҳое ҷой дошта бошанд, ки аз ҳама ҷиҳатҳо мухолифи [нишонаҳои] мизоҷи гарми тар буванд.
Нишонаҳои мизоҷҳои ғайри табиӣ: Ин иборат аз он аст, ки мизоҷҳои табииро нишонаҳои пеш набуда ориз бигарданд ва бар тафсилоти инҳо ҳис далолат кунад.
Фасли панҷум андар баёни судмандиҳои ҷимоъ

Ҷимоъи мақсаднок агар андар вақти худ биафтад, аз
паси он фазлаҳо берун рафта, ҷасад сабукӣ ёбад ва аз барои болиш омода бигардад. Яъне тан бад-он монад, ки
ҳар гоҳ баҳрае аз ғизои охирини ӯро бигиранд ва табиат
аз барои боз овардани он ҳаракати қавие кунад, ки аз
паси он таъсири қавие ба амал ояд ва [табиатро] паиҳам
кашида шудани андар ин ҳангом рӯйдода ёрӣ диҳад. Гоҳе аз паси [ҷимоъ] андешаҳои инсонро ғолибомада бираванд, бепарвоӣ ҳосил гардад, хашми беандоза шикаста шавад ва осудагӣ падид ояд. Ҷимоъ ногузир аз барои
молихулиё ва бисёр бемориҳои савдо судманд аст, аз баҳри он ки хуррамӣ оварад ва дуди маниро аз ноҳияҳои
мағзу дил дур созад. Вай аз барои дардҳои аз пурӣ ба амал

омадаи гурда, аз барои ҳамаи намудҳои бемориҳои балғамӣ ва хусусан андар касоне, ки гармии модарзодияшон қавӣ буда, берун омадани манӣ онро рахна кардан натавонад, судманд хоҳад буд. [Ҷимоъ] ҳамчунин иштиҳои таомро бикушояд. Вай гоҳе моддаҳои омосҳоеро қатъ созад, ки андар (535) ноҳияҳои пайғулаҳо ва тухмҳо падид омада бошанд. Ҳар киро ба ҳангоми тарки ҷимоъ ва ҷамъ шудани манӣ торикии чашм, гижа, саргаронӣ ва андар мезанойҳову тиҳигоҳ дардҳову омосҳо ба амал оянд, ҷимоъи муътадил ӯро шифо бахшад. Бисёр касоне, ки мизоҷҳои эшон тақозои ҷимоъ доранд, агар тарки ҷимоъ кунанд, танашон хунук шуда, ҳолаташон бад шавад ва иштиҳои таом эшонро чандоне биафтад, ки чизе пазируфта натавонанд ва бигардонанд. Ҳар киро андар тан бухори дудии бисёр бувад, ҷимоъ онро сабук сохта, суд бахшад ва бими зиёнеро аз байн бибарад, ки аз банд гардидани бухори дудӣ падид ояд. Гоҳе мардонеро, ки тарки ҷимоъ кунанд ва манӣ рӯиҳамрафта сард ва [моддаи] заҳрнок бигардад, чунин рӯй диҳад, ки манӣ ба сӯи дилу мағз бухори бади заҳрнок бифиристад, чунонки занонро аз ихтиноки заҳдон чунин ҳол ориз бигардад. Камтарин зуҳури зиёнварии ин ҳолат пеш аз густариш ёфтани заҳрнокӣ гаронии тан, сард шудани он ва душвории ҳаракатҳо бувад.
Фасли шашум андар баёни зиёнҳои ҷимоъ, ҳолатҳои он ва бадии намудҳои он

[275] Ҷимоъ миқдоре аз гавҳари ғизои ахирро ба истифроғ оварад ва чандоне заъф оварад, ки дигар намудҳои истифроғ ин гуна заъф нахоҳанд овард. Вай инчунин ба иллати лаззатгирӣ миқдори бисёре аз гавҳари рӯҳро ба истифроғ берун кунад. Бинобар ин касони аз ҳама беш лаззатбаранда аз ҳама беш гирифтори заъф шаванд. Ба ҳақиқат, ҷимоъ тани шахси аз ҳадд бисёр ба кор барандаи онро зуд ба сард шудану хушкидан бикашад, гармии модарзодии ӯро ба таҳлил бибарад ва қувваташро абгор кунад.
Ҷимоъ нахуст гармии дудии бегонаро ба ҳадде биангезад, ки бар [тани ин одам] мӯи бисёр бирӯяд, сипас аз паси он сардшавии пурра падид омада, ҳоссаҳои шунавоию биноӣ заиф шаванд ва ҳар ду соқи [ҷимоъкунанда] беҳолу дардманд шуда, ҳатто қариб танашро бардоштан натавонанд. Гоҳе бад-ин сабаб ҳоли чунин [шахс] саръи ноаёнро монад. Бисёр бошад, ки нахуст савдо ва сипас сафро бар тани вай ғалаба кунад, аз сабаби нотавонӣ гижа рӯй диҳад, чунон бинамояд, ки аз сар оғоз карда то охири думғоза андар андомҳояш мӯрчаҳо ҳамедаванд ва низ гӯшҳояш садо диҳанд. Аксар вақт табҳои сахти сӯзон ориз бигарданд ва андар ин ҳол чунин [шахсон] бимиранд. Гоҳе эшонро раъша, заъфи асаб, бехобӣ ва барҷастагии чашм падид оянд, чунонки ба ҳангоми ҷон кандан чунин рӯй диҳад. Низ эшонро калӣ, [бемориҳои] аз сардӣ падидоянда, дарди миён, гурда ва обгаҳ ориз гарданд. Бинобар ин миён нахуст битафсад ва моддаи дард ба сӯи он кашида шуда, шикам баста гардад. Гоҳе [бисёр ҷимоъ кардан] қулинҷ аз худ ба мерос бигузорад ва бадбӯӣ ба амал оварда, даҳону вораҳои чунин шахсон бӯи бад диҳанд. Ҳар киро андар тан хилтҳои бади заҳравӣ бошад, аз онҳо баъд аз ҷимоъ фарошо ба ҷунбиш ояд ва ҳар киро андар тан хилтҳои ганда бувад, баъди ҷимоъ аз онҳо бӯи бад бархезад.

пешина
аз 1215
навбатӣ