Қонуни тиб

Як доруе, ки ниҳоят қавист: бахшҳои баробаре аз ангубини балозур, ангубини занбӯрӣ ва равғани гов гирифта, як сар биҷӯшонанд. Сипас, агар ба миқдори тавоноӣ аз он бо набиз биошоманд, [суди] аҷибе бахшад.
Яке аз доруҳое, ки чандон ба ифрот гарм нест, доруи зерин аст: ҳулба ва хурморо гирифта, то пухтан биҷӯшонанд. Сипас, хурмоҳоро гирифта, аз дона ҷудо кунанд ва хушк намуда, бикӯбанд ва бо ангубин маъҷун созанд.
Як ошомидании он ба қадри як ҷиллавза буда, аз болои он набиз биошоманд. Дигар чизе, ки судманд аст, ним ратл сақиздона ва як ратл хурмост. Ҳар дуро кӯфта, андар ду ратл шири меш тар кунанд. Сипас, ду рӯз ин чизи таркардаро бихӯранд ва аз болояш шир ошоманд. Яке аз доруҳои хуб маъҷуни аз мағзҳо сохта аст, ки нусхаи он ба таври зерин аст: аз бодом, фундуқи муқашшар, писта, норгили муқашшари совида, мағзи чилғӯза, донаи анори даштӣ, бодоми заминӣ ва сақиздона бахшҳои баробар ва аз нормушк, дорфилфил ва занҷабил даҳ бахшӣ ва ё андаке беш аз ин гирифта, ҳамаро ҷамъ кунанд ва бо понизи санҷарӣ маъҷун созанд. Як ошомидании он андар як рӯз ба қадри як хояи мурғ бувад.
Доруҳои молиданӣ ва доруҳои чаконидании хосси мақъад, зиҳор, хоя ва нара: Ним дирам оқирқарҳоро гирифта, бо [равғани] занбақи хушбӯй биомезанд ва гоҳе бо он уфурбиюн ва мушк омехта, сипас бо он нара, миёндуроҳа ва гирду пеши онҳоро равған кунанд. Ё оқирқарҳо ва ним баробари он мушкро гирифта, як мисқол аз маҷмӯи ҳар дуро андар як уқия равғани занбақ бигудозанд. Низ, хардал бо равғани савсани сафед, ҳамчунин тухми газна бо равғани савсани сафед ва инчунин ангужад бо равғани занбақ молиданиҳои қавӣ буванд. Низ, тухми мозариюн бо равғани гарм, бура бо ангубини равшанкарда ва талхаи гов бо ангубини равшанкарда ҳамчунинанд. Инчунин, доруи зерин хуб аст: миқдори андаке аз пиёзи наргисро бо равғани занбақ гирифта, бо он даллокӣ кунанд. Ё бахшҳои баробаре аз хасакдонаи ҳиндӣ ва оқирқарҳоро бо равғани гарм, ё мавизакро бо равғани гарм ва инчунин ангужадро бо ангубин ва ё як худи мушки заминро гирифта, бо онҳо [андомро] пок кунанд. Ё қантуриюн, зифт ва мумравғани аз равғани савсан, равғани хайрӣ, мум, мастако ва мушки замин сохтаро гирифта, закар ва гирду пеши онро тило кунанд. Агар ҳамаи равғанҳои андар боби ҳуқнаҳо ёдшуда ва аз ҷумла равғани пунбадона ва хусусан равғани мушки заминро ҳамчун молиданӣ ба кор бибарӣ, суди аҷибе бахшанд. Пиҳи шер аз барои ин ғараз сахт қавист.
Як доруи молиданӣ аз Руфус, ки сахт қавист: як драхмигӣ мурр, гӯгирди хомӯшнокарда ва хасакдона, ду убулус оқирқарҳо, сиҳ дона мурчи сиёҳ ва даҳ дона кирмдонаро гирифта, бо як драхмӣ пиёзи унсул кӯфта, нарм кунанд, вале агар ҳар кадомро ҷудогона бикӯбанд, хубтар хоҳад буд. Сипас онро бо мумравған омехта, ба ҳадде бисованд, ки мисли сахтии ангубин сахт бигардад. Бо он паҳна ва миёндуроҳаро пок кунанд. Ангужади андар нара дароварда онро бихезонад ва шаҳватро бедор кунад. Агар аз гармии сахти он бим дошта бошанд, онро андар равғани бунафша бигудозанд.
Доруҳои ба зер баргирифтанӣ: Як шиёфест, ки аз пиҳи мурғобӣ, пунбадона, оқирқарҳо ва бо равғани норгил бисозанд. Гуфтаанд, ки агар аз пиҳи хар шиёф сохта, ба зер баргиранд, таъсири аҷибе бахшад. Низ, як шиёфест, ки аз марҳами зифт созанд ва мо онро ёд кардем.
Аммо ҳуқнаҳо бошанд, онҳоро аз оби каллашӯрбо, чӯҷашӯрбо ва бо зардии хоя бисозанд. Агар хояи гӯспанд андар таркиби ҳуқнаҳо бидарояд, хуб аст ва мағзу танро қувват бахшад. Аз барои ин [беморӣ] равғани дунба, равғани гавз, равғани кунҷид, равғани гов, равғани писта ва фундуқ, равғани норгил ва равғани маҳлабро ба кор баранд.(542) Равғани пунбадона ниҳоят аҷиб аст. Аз барои касони гарммизоҷ равғани хори хасак, равғани хашхош, равғани донаи каду, равғани донаи харбуза ва монанди он [судманданд].
Як ҳуқнае, ки аз мост: Як бахш аз сари гӯсфанд ва чӯҷаҳои бо муғос, бузайдон ва шақоқул як шаб андар танӯр нек пухтаро гирифта, бар вай ним бахш шир, шашяки як бахш148 равғани зард, сеяки ҳафтяки як бахшӣ равғани маҳлаб ва равғани норгил ва аз пиҳи гурдаи сақанқур ва сусмор чанде, ки ёфт шавад, ҳама гуна дегафзорро изофа кунанд ва ба тариқи ҳуқна бирезанд. Як ҳуқнаи хуб: панҷяки як даста хори хасаки тар, як думушта ҳулба, як думушта тухми шалғам ва якчанди он тухми индов, газар ва тухми морчӯба ва (инчунин) ҳароммағзи нарбуз ва хояи пахшкарда ва мағзи сари онро гирифта, аз болои [ҳамаи инҳо] ду ратл шири навдӯшида бирезанд ва то ситабр шудан биҷӯшонанд. Сипас чаҳор уқия аз онро бо як уқия равғани хинҷак ҳуқна бирезанд ва ин корро се рӯз, баъд аз қазои ҳоҷат (бироз афкандан) ва ношито такрор кунанд.
Ҳуқнаи [дигар]: Дунбаро гирифта, қалам кунанд, андар шикофтагиҳои он ним дирам гунди бедастари кӯфтаро баробар афкананд ва онро се рӯз андар зери ягон чизи гароне биниҳанд. Сипас онро пора-пора карда, бо ҳамаи он чи, ки аз гунди бедастар буд, бигудозанд. Баъд, ин равғани обшудаи онро гирифта, [то ба вақти ҳоҷат] нигоҳ доранд. Аз ин равған як сукарраҷа, аз равғани гов ним сукарраҷа, аз оби гандано ним сукарраҷа ва аз ҷӯшонидаи ҳулба ним сукарраҷа гирифта, аз ҳангоми намози дигар ҳуқна бирезанд ва то се соат аз гузаштани шаб нигоҳ доранд.
Сипас пеш аз хоб онро дигар карда, баъди он бихобанд.
Ин корро се рӯз давом диҳанд.
Як ҳуқнаи қавӣ: Як сари гӯспанд, се ё чаҳор хояи он, порае аз дунба ва нахӯдро гирифта, андар танӯр бипазанд. Об ва равғани онро баъд аз сахт пухтан бигиранд ва бар вай равғани гавз, равғани сақиздона ва андаке аз пиҳи сақанқур афканда, бо он ҳуқнарезӣ кунанд.
Ҳуқнаҳои дигар андар Қарободин навишта шудаанд.
Фасли даҳум андар баёни ғизоҳои холис
Ғизоҳои чунин [беморонро] аз гӯшти бузғолаи фарбеҳи нар, гӯшти гӯспанд, нахӯд ва пиёз бисозанд, вале гӯштро бирён накунанд, зеро бирён кардан гӯштро аз қувватбахшию бештар ғизо додан боз дорад. Муғаммот ва агарчи бо обкома туруш сохта бошанд ҳам, хубанд. Мокиёнҳо, чӯҷаҳои парвоӣ ва хусусан бо ангудон поида, хояи нимбиришти хусусан дорчинӣ, мурч, хуланҷон ва намаки сақанқур пошида, тухми моҳӣ ва гӯшти моҳии гарм [ҳама хубанд].

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор