Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар андар ин миён сардмизоҷӣ ҷой дошта бошад, бар [ғизоҳои ёдшуда] занҷабил, мурч, дорфилфил, мехак, дорчинӣ ва монанди инҳо афканда, онҳоро қавӣ созанд. Шалғамво, каранбво, газарво ва хусусан газарвое, ки гӯшташро нек пухта бошанд, таомҳое, ки андар онҳо мағзи сари гунҷишку кабӯтар, равғани зард ва шир бидароянд, инчунин ҳарисаҳо, гӯдобҳо, кабулаҳо (кочиҳо), ширбиринҷ ва гӯшт бо шири гӯспанд [ҳама судманданд]. Тараҳои аз барои ин гуна [беморон судманд] морчӯба, индов, гандано, кангар, хусусан пудинаи бӯстонӣ, ки мӯриҳои маниро ниҳоят қавӣ созад ва онҳо маниро сахт нигоҳ дошта, аз ин шаҳват шиддатноктар шавад, [279] девсипист ва шанбалит мебошанд. Яке аз гӯдобҳои хуб онест, ки бо заъфарон, нони майда, шир ва оби норгил созанд. Гуфтаанд, ки ҳар ки пайваста [гӯшти] гунҷишк бихӯрад ва аз болои он ба ҷои об шир биошомад, пайваста олаташ биистад ва манияш фаровон ояд. Ё пиёзро бо равғани зард то сурх шудану нек пухтан доғ кунанд ва аз болои он хояро шикаста, бирезанд.
Аз барои касони гарммизоҷ, масалан мост, шир, моҳибирёни гарм, харбуза, бодранг, хиёри дароз, каду, тармеваҳо, тараҳои сабз ҳамаашон то коҳу [судманданд]. Ҳатто тухми хурфа мании эшонро биафзояд. Сафедии хояи мурғ аз барои эшон серманфаат буда, маниро афзоиш диҳад ва мағзу ҳароммағзи ҷонварон ва харчанги рудӣ низ ҳам чунин буванд.
Фасли ёздаҳум андар баёни ғизоҳое, ки аз барои ин ғараз ба доругӣ наздиканд

Аз ҷумла як ратл ширро гирифта, бар вай аз барои касони муътадил чиҳил дирам тарангубин бирезанд ва то ситабр шудан биҷӯшонанд. Сипас, аз ин ҳар рӯзе ба андозаи як қадаҳ биошоманд. (543) Ин аз барои касони гарммизоҷ муътадил аст. Аммо аз барои касони сардмизоҷ бошад бояд даҳ дирам дорчиниро сахт бисованд ва бо ду ратл шир омехта, биҷунбонанд. Ношито ва ё аз паси таом ва хусусан агар табоҳаҳо ва гӯшти барра хӯрда бошанд, ба ҷои об як қадаҳ аз он биошоманд ва ғайри он обе наошоманд. Ин дору касонеро суд дорад, ки мизоҷашон ҳам сарду ҳам хушк аст. Аз ҷумла як кӯза молаи равғани зард, як кӯза шири гов ва як кӯза молаи равғани пистаро гирифта, ҳамаро якҷоя то сеяк мондан биҷӯшонанд. Аз он пагоҳиҳо ду кафча бо миқдоре аз шароб биошоманд. Ё дигар дору: як ратл пониз, як ратл фишурдаи пиёз ва як ратл шири навдӯшидаро гирифта, ҳамаро то ситабру сахт шудан биҷӯшонанд ва аз он ҳар бомдод ба андозаи як уқия истеъмол кунанд. Инчунин: нахӯди сиёҳи бузургдонаро гирифта, андар оби индов то каме дамидан тар кунанд. Сипас, онро андар соя хушк намуда, бо пониз бисованд ва маъҷун созанд.
Пагоҳӣ ба андозаи як ҷавза ва пеш аз хоб ба андозаи як бундуқа аз он биошоманд ва аз болояш як қадаҳ шароб бихӯранд. Ё ин [нахӯдро] андар оби хори хасак тар карда, ба зери офтоб болаяш пӯшида бигузоранд ва ҳар

бор, ки хушк шуд, об бирезанд, то варам кунад. Сипас, онро орд карда, нигоҳ доранд ва аз он бо шири навдӯшида ва пониз ошом бисозанд. Низ, се ратл шири навдӯшидаро гирифта, андар он ним ратл тарангубин ва ним ратл сақиздонаи кӯфта афкананд ва биҷӯшонанд. Сипас инро нарм совида биполанд. Ним ратл аз онро гирифта, бар вай ним дирам хуланҷон афкананд ва якчанд рӯз аз он ба миқдори азхудшаванда биошоманд. Ин доруи аҷибе бувад. Инчунин, оби пиёз ва як чанди он ангубин гирифта, то боқӣ мондани ангубин биҷӯшонанд. Як ошомидании он як ва ё ду кафча буда, пеш аз хоб бо оби гарм биошоманд. Ё ордро гирифта, бо оби хуш чун ошом биомезанд. Сипас аз он шираашро фишурда бигиранд, бо шири навдӯшида ва ним чанди шир оби норгил биҷӯшонанд ва бо пиҳи мурғобӣ онро равған кунанд. Сипас онро ҳамчун ҳариса бисозанд. Низ, зардии хояро гирифта, аз он нимбиришт созанд ва бар вай ангужад ва намаки сақанқур бипошанд. Ин хусусан баъди гармоба таъсири қавӣ дорад ва бо ин ва бо равғани ёсамин ва савсан [беморро] даллокӣ кунанд. Доруи дигар: зардии хояро гирифта, бо ҳам шикананд ва агар бо сафедияш бошад, равост. Сипас, бар вай ба андозаи чаҳоряки он фишурдаи пиёзи кӯфта афкананд ва нимбиришт сохта, бо каме намаку дегафзорҳои ёдшуда дам кашанд. Низ, газарро гирифта, бикӯбанд, пиёзро бикӯбанд, шалғамро бикӯбанд ва [ҳамаро] бо боқилӣ, нахӯд, ангубин ва гӯшти нарми хуб ҷӯшонида дегафзорҳои гарм бизананд. Инчунин, боқилӣ, нахӯд ва лӯбиёро гирифта, андар об тар кунанд, Сипас гӯшти гӯспандро ба тавре пора кунанд, ки гӯӣ табоҳа месохта бошанд ва як қабат аз он ва як қабат аз пиёз ва донагиҳо гузошта, бар ҳар қабате намаки сақанқур, каме ангужад, дорчинӣ ва мехаки бисёр бипошанд.
Сипас, аз болои он як қабат мағзи гунҷишку кабӯтар афканда низ чунин кунанд. Қабати аз ҳама ситабр қабати гӯшти поракарда бувад. Сипас, аз болои онҳо ё оби газар ва ё як миқдор об бирезанд ва аз он муғаммот бисозанд. Инчунин, мағзи сиҳ гунҷишкро гирифта, андар сукрачаи обгинагӣ нигоҳ доранд, то фазлаи обияш биравад ва ба тавре шаванд, ки онҳоро сириштан мумкин бошад. Бар онҳо ба миқдори якчанди он пиҳи гурдаи бузи нав забҳшуда афкананд ва мехак, мурч ва занҷабил пошида, аз он фундуқакҳо бисозанд. Сипас, ҳангоми ҷимоъ кардан яке аз паси дигар аз онҳо бихӯранд.
Як хоягинаи хубе, ки аз мост: бист адад мағзи гунҷишк, сиҳ адад [мағзи] кабӯтар, зардии бист хояи гунҷишк, зардии даҳ хояи мокиёни паровӣ (қатита), як косаи бузург оби гӯшти гӯспанд, ки онро кӯфта нек пухта, фишурда бошанд, се уқия оби пиёзи фишурда, панҷ уқия оби газар, ба қадри ҳоҷат намак ва дегафзорҳои гарм, панҷоҳ дирам равғани говро гирифта, аз ҳамаи ин хоягина бисозанд. Онро бихӯранд ва аз паси он ба наздики гуворида шудан шароби қавии райҳонии каме ширин биошоманд.149 (544) Як ҳалвое аз барои эшон: ду бахш аз чилғӯзаи поккарда ва як бахшӣ аз тухми индов ва тухми харбуза гирифта, бо равғани зард бирён кунанд. Бар вай андаке мурч ва дорчинӣ пошида, сипас ба миқдори кифоят ангубин биафзоянд ва ҳалво созанд. [Ҳалвои] дигар: На хӯдро гирифта, андар об, ё андар оби индов, ё андар оби хори хасак то дам кардан тар кунанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ