Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Гоҳе ба василаҳои карахткунанда эҳтиёҷ афтида, масалан, бо бангу барги шавкарон тило кунанд ва андар оби ниҳоят сард бинишинанд. Илоҷи шаҳвате, ки аз сабаби чизҳои бодангез хеста ва агар ин гуна чиз гармии баланд бошад, барои хомӯш кардани гармии бодангез доруҳои сардиоваранда ба кор баранд, вале агар [ба изофаи дамиш] сардии сахт ҷойдошта бошад, доруҳои ниҳоят хушкиоварандае ба кор баранд, ки бодҳоро ба таҳлил нест кунанд. Агар беморон савдовӣ бошанд, савдои эшонро истифроғ кунанд.
Доруҳои сарди маниро хушккунанда: наск, оби он ва хусусан гарми он, ки бо шаҳдона ҷӯшонида шуда бошад; нилуфар; кашниз; тухми хурфа; фишурдаи найшакари тар; оби дӯғи ниҳоят туруш; орди [меваи] булут; сирко; шаҳдона; ва тухми коҳу. Тухми коҳуро агар бисёр истеъмол кунанд, мумкин аст боиси бурида шудани боҳ бигардад. Аз равғанҳо равғани зайтун маниро бикоҳад ва бар хояҳо ва мақъад зимод кардани обсабз, гиёҳи шавкарон, банг ва ғайра низ чунин буванд. Инчунин, бо сафедаи шуста, мурдосанг, гили қимулиё ва сирко марҳам ниҳодан [судманд аст]. Низ, доруи мураккаби сардиоварандаи зерин [хуб аст]: тухми коҳу, тухми банг, тухми бодранг, тухми коснӣ, аспғули нокӯфта, кашнизи хушк ва нилуфари хушконидаро гирифта, ҳамаро ба ҷуз аспғул бикӯбанд ва аз онҳо доруи кӯфта бисозанд. Яке аз василаҳое, ки аҳли таҷриба санҷидаанд, ин аст, ки пои бараҳна роҳ рафтан шаҳвати ҷимоъро бишканад.
Доруҳои гарми хушккунандаи манӣ инҳост: сиёҳдонаи бирён ва ғайри бирён; тухми шибит; тухми судоб; тухми панҷангушт; пудина; уфурбиюн; девсипист; динорӯя; марви сафед; ва зира. Аз доруҳои мураккаб [маъҷуни] зирагӣ маниро ниҳоят хушк созад ва агар худованди он гарммизоҷ бошад, онро бо сирко бидиҳанд.
Як доруи мураккаби хеле хуб: даҳ дирамӣ санавбари муқашшари бирён ва муқл, панҷ дирамӣ гулнор ва гул, (546) ҳафт дирам тухми судоб ва панҷ дирам тухми панҷангуштро гирифта, бикӯбанд ва бубезанд. Ғараз аз санавбар дигар доруҳоро бурда расондан аст ва онро барои он бирён кунанд, ки қувваи боҳангезияш бишканад. Низ, се дирам тухми шибит ва чаҳор дирамӣ тухми коҳу ва тухми хурфаро гирифта, бо оби наск биошоманд. [Доруи дигар]: аз судоб, гунди бедастар ва тухми банг бахшҳои баробар гирифта, [биошоманд]. Як ошомидании он як дирам ва бо шароби омехта бувад. Низ, як дирам тухми судоб, як дирам анисун, ду дирамӣ гунди бедастар ва тухми банги сафед ва се дирамӣ гули сурх ва гулнорро гирифта, бикӯбанд ва бубезанд. Як ошомидании он ду дирам ва бо оби сард ва ё шароби омехта бувад. Инчунин: ду дирам бехи савсан, се дирам тухми судоб ва панҷ дирам гулнорро гирифта, ду дирам аз ин маҷмӯъро бо оби дӯғ152 биошоманд. Дигар, севуним дирам тухми коҳу ва дуним дирам тухми судобро гирифта, ду дирам аз ин маҷмӯъро бо сикангубин биошоманд. Низ, як дирам тухми судоб, ду дирам гулнор ва як дирам тухми панҷангуштро гирифта, ба як бор биошоманд. Инчунин, як доруи мураккаби гарм: ду дирамӣ бехи найшакари

хушк, райҳони кӯҳӣ ва мурр, ним дирам уфурбиюн ва як дирамӣ аз тухми судоб, динорӯя, панҷангушт ва марзангӯшро гирифта, ҳамаро бо ҳам ҷамъ созанд. Як ошомиданӣ аз он як дирам бувад. Низ, ҳашт мисқолӣ аз бехи гиёҳе, ки бо номи «хояи саг» маъруф аст ва тухми шаҳдонаи даштӣ, ду мисқол тухми панҷангушти бирёнкарда ва як мисқол тухми каранби обиро бигиранд. Як мисқол аз ин маҷмӯъро бо шароби сиёҳи қабзкунанда биошоманд. Ин [доруро] пешиниён сутудаанд.
Фасли сездҳум андар баёни бисёр рафтани манӣ, мазӣ ва вадӣ

Сабаби ин ё андар манӣ, ё андар мӯриҳои манӣ, ё андар гурда, ё андар мушакҳои нигоҳдорандаи манӣ ва ё андар андомҳои мабдаъист. Сабабе, ки [281] андар манист, 1) ё ба бисёрии он вобаста буда, ин бисёрӣ ба иллати кам ҷимоъ кардан ва бисёр хӯрдани чизҳои манизоянда ба амал ояд, зеро ҳар гоҳ манӣ зиёд шуда, мӯриҳои он пур бигарданд, эҳтиёҷ бад-он афтад, ки мӯриҳо аз тариқи фишурда шудан ба фориғ сохтани манӣ бипардозанд ва ин боиси боз шудани маҷрое бигардад, ки партовгоҳи фазлаҳост; 2) ё ин ба тунукии манӣ вобаста буда, манӣ чун таровидани ҳар гуна чизи тунук битаровад; ва 3) ё ба тезӣ ва сӯзандагии он вобаста буда, бинобар ин, манӣ сӯзиш оварад ва табиатро барои рондан биангезад.
Аммо сабабе, ки андар мӯриҳои манӣ ҷой дорад, 1) ё заъфи қувваи нигоҳдоранда буда, ин ба бадмизоҷӣ, ё қавӣ будани қувваи ронанда ва ё ба ягон бемории афзорие аз қабили ташаннуҷ ва ё азҳамкашидагие вобастагӣ дорад, ки ин гуна [беморӣ] боиси ҳаракатҳои ношоям бигардад ва бинобар он қувваи ронанда ба ҳаракат омада, маниро чунон биронад, ки гӯё чизи дардоварандаи дигареро меронда бошад, чунонки ба ҳангоми ягон кори ранҷоварандаи меъда, на аз таом, қай ба амал ояд. Умуман, худи ташаннуҷ фишордиҳанда аст ва аз фишор [манӣ] биҷаҳад. Бидон, ки ташаннуҷи мӯриҳои манӣ боиси сайлон ва ташаннуҷи мушакҳои мақъад боиси банд шудани [бироз] бигарданд, аз баҳри он ки мушакҳои мақъад аз барои бастан ва [мӯриҳои манӣ] аз барои фишурдан офарида шудаанд. 2) Ё мумкин аст он ба истирхои [мӯриҳо] вобаста буда, онҳо [маниро] нигоҳ доштан натавонанд ва ё ба фарохие вобаста бувад, ки маҷроҳоро рӯй дода бошад. Сабабе, ки андар мушакҳои нигоҳдорандаи [манӣ] ҷой дорад, низ ба ташаннуҷ ва ё ба истирхо вобастагӣ дорад. Сабабе, ки андар гурдаҳо ҷой дорад, бад-ин гуна бувад, ки гоҳе мумкин аст аз шиддати шаҳват ва ё бисёр ҷимоъ кардан пиҳи онҳо гудозиш ёбад ва бинобар он аз касони ҷимоъкунанда баъди пешоб миқдори зиёде аз он берун омада, ба ҷомаҳо биолояд. Ин бад аст ва тану қувватро нотавон кунад.
Аммо сабабе, ки андар андомҳои мабдаъӣ ҷой дорад, масалан, бад-ин гуна бувад, ки бештар андар ҷимоъ андеша кунанд ва ба ҳадиси он гӯш фаро диҳанд ва аз ин каси орзуманди ҷимоъро андар табъ ин гуна ҷимоъ ба амал ояд. Бинобар ин андомҳои манӣ як андоза ҳаракати заиф кунанд ва мазӣ бирезад ва ё агар ҳаракати қавӣ кунанд, манӣ бирезад. Занонро низ ба иллати истирхои даҳони раҳм ва заъфи мӯриҳои манӣ ва сабабҳои ёдшу да аксар вақт рехтани мазй руй диҳад.

пешина
аз 1215
навбатӣ