Қонуни тиб

Нишонаҳо: Он рехтани манӣ, ки сабабаш бисёрии манист, баъди он заъф ба амал наояд ва бисёр ҷимоъ кардан коҳиш наёбад, ба шарте ки тан заифу мӯриҳои манӣ қавӣ набошанд. Бар ин бисёрии миқдори мании берун омада ва яксонии он далолат кунад ва баробари он тан аз ин кор заиф гардад. Он рехтане, ки аз тунукии манӣ вобастагӣ дорад, ба мушоҳада тунук дарёфтани манӣ аз он гувоҳӣ диҳад. (547) Оне, ки ба тезию сӯзандагии манӣ вобаста аст, ҳангоми берун омадан сӯзиш ҳис карда шавад. Гоҳе ба ҳангомӣ ин пешоби сӯзанда ояд ва рангаш ба зардӣ бизанад. Бад-ин сабабҳои пешомадае аз қабили ғизоҳо ва ҳаракатҳо гувоҳӣ диҳанд. Ба ҳангоми он [рафтани манӣ], ки аз сабаби заъфи афзорҳо ва қувваи нигоҳдорандаи онҳо рӯй дода бошад, манӣ бидуни хестани нара бирезад.
Агар истирхо ҷой дошта бошад, низ ҳамчунин бувад. Ба ҳангоми он рафтани манӣ, ки аз сабаби ташаннуҷ рӯй диҳад, нара бихезад ва ба ҳангоми оне, ки аз шиддати қувваи ронанда бирезад, низ ҳамчунин бувад. Сипас, истирхо ва ташаннуҷро нишонаҳои алоҳидае ҷой доранд.
Илоҷ: Миқдори ғизоро бикоҳанд, истифроғ кунанд ва он доруҳои мо ёдкардаеро ба кор баранд, ки аз қабили доруҳои манихушккунанда ва камсозандаи он буванд ва низ онҳоеро ба кор баранд, ки мо ёд кардем ва онҳо сӯзандагии маниро муътадил созанд. Мо илоҷи ташаннуҷ ва истирхоро ёд кардем ва онро донистӣ. Аммо тунукии онро бо доруҳои хусусияти қабзкунандагӣ ва гармиоварӣ дошта ва омехта бо доруҳои хушконанда муътадил созанд. Аз ғизоҳо ғизоҳои ситабриоварандаи аз қабили ширбиринҷ ва ҳариса бударо ба кор баранд.
Қувваи нигоҳдорандаро бо ошомидан ва тило кардани доруҳои қабзкунандае қавӣ созанд, ки онҳоро худ ҳамедонӣ. Қувваи ронандаро бо доруҳои сардиоваранда ва андаке аз доруҳои карахткунанда паст кунанд. Пудинаи бӯстонӣ аз барои ситабр сохтани манӣ ва нерӯманд сохтани андомҳои барои нигоҳдоштани манӣ доруи беҳтарин аст. Андар китобҳои мардумон доруҳои мураккабе аз барои бастани сайлони манӣ ёд шудаанд, вале метарсам, ки бисёре аз онҳо афзояндагони манӣ набошанд.
Фасли чаҳордаҳум андар баёни бисёр ба амал омадани иҳтилом
Сабабҳои ин худи сабабҳои сайлон ва ҳаракат кардани манист. Гоҳе манӣ ҷуз ба ҳангоми хоб, хусусан бар пушт хобидан ва бар наҳве, ки иллати онро мо ёд кардем, ҳаракат накунад. Илоҷи ин худи ҳамон илоҷ аст. Бар пушт бастани пулакчаҳои сурб таъсири бисёр дорад, вале гоҳе мумкин аст гурдагонро зиён бирасонанд ва бинобар он ба ин ҷиҳати он низ бояд диққат дод. Фарши сардиоваранда густурдан ва бар фарози баргҳои бед ва ғайра хобидан низ ҳамин гуна буванд.
Фасли понздаҳум андар баёни камии манӣ ва ба шакли нах берун омадани он
Ин ба сабабҳое рӯй диҳад, ки акси сабабҳои рехтани
манист ва аксар вақт худовандони ранҷу риёзатро ба амал
ояд. Дармонҳои он мисли дармонҳои [заъфи] боҳ бувад.
Ба шакли нах берун омадани маниро бо чизҳои тариоваранда муолаҷа кунанд.
Фасли шонздаҳум
андар баёни тадбири шахсе, ки ҳам ҷимоъ ва ҳам тарки он ӯро зиён дорад
Ин гуна одам бояд бо ёрии ошомиданиҳо, тилоҳо ва зимодҳои андар боби меъда ёдшуда ба тақвияти меъда ва беҳ сохтани гувориш бипардозад, то аз ин роҳ пеши заъфе гирифта шавад, ки аз сабаби ҷимоъи ба зарурат воқеъ шуда ба амал ояд. [Низ] бо доруҳои дил [тадбир кунанд]. Аз барои ин бар андомҳои боҳ доруҳои сардиоваранда ва маникоҳандаеро биниҳанд, ки мо онҳоро баъд ёд хоҳем кард. Доруҳои сардиоварандаеро биошоманд, ки зидди падид омадани манӣ буванд. Бар ҷойхоб ва андар таркиби чарбҳои чунин [беморон] он чизҳоеро ба кор баранд, ки худовандони бемории фарисмус ба кор баранд.
Аз ҳар гуна чизи манизоянда парҳез кунанд ва пайваста бахши барсӯвини танро варзиш дода, масалан, бо табтоб ва савлаҷон гӯйбозӣ кунанд ва санг бибардоранд. Бояд ба тадриҷ ҷимоъро коҳиш бидиҳанд ва чун аввали шаб ҷимоъ карданд, як ё ду рӯз то ҳангоми хоби шаби оянда ва ё баъди он тарки он кунанд. Андар ин миён ғизоро ба ислоҳ оваранд ва аз паси ҷимоъ хоб раванд. Сипас, ба тадриҷ аз тариқи худро машғул доштан ва ба бозӣ овора сохтан рӯзҳои бештаре тарки ҷимоъ кунанд. Яке аз ғизоҳое, ки заъфи чунин [беморонро] бартараф кунад, нони хуби покизаест, ки андар шароб оғушта бошанд.
Фасли ҳафтдаҳум андар тадбири касоне, ки аз бисёр ҷимоъ кардан зиён дида, заиф шуда бошанд ва касоне, ки ҷимоъ ба чашм, ҳоссаҳо ва сар ва ё ба асаби эшон зиён оварда, бинобар он ба раъша гарифтор шуда бошанд
Бояд бо ғизоҳои хубе, ки андаки он ғизои бисёр бахшад ва бо гармобаҳову хушбӯиҳо ба гарм сохтан ва тарифизоии чунин беморон пардохт. Эшонро пӯшида доранд,
ба хоб тарғиб карда, осуда бигузоранд ва бо бозиҳои тарабангез хушҳол созанд. Шири гӯспанд ва гов аз барои
тақвият ва зинда сохтани қувват сахт ёварӣ кунад ва аз
он ба қадри қобили аз худ шудан ношито ба бемор бидиҳанд ва баъди он ӯро бихобонанд. Бояд варзишҳои барқароркунандаи [қобилият] ба кор бурда шаванд. Агар ба
изофаи бе андоза тарифизоӣ масрудитус ва ё доруи мушкро ба кор баранд, [бемор] аз нав ҷон бигирад. Агар андар биноӣ заъф падид омада ва сабаби ин аз мағз бошад,
бояд сари [беморро], масалан, бо равғани бунафша пайваста чарб кунанд, аз ин [равған] андар бинӣ афкананд ва
ё андар гӯш бичаконанд. Андар оби хуш даромада, чашм
кушода доштанро низ ба кор баранд. Агар аз сабаби [заъфи асаб] раъша падид омада бошад ва агар моддаи бисёри тар ҷой дошта бошад, бо ёрии, масалан, дилаи ҳанзал, (548) хиёри даштӣ ва қантуриюн онро исҳол оваранд
ва баъд аз он бо чарбҳои қавие, ки андар таркиби онҳо
мушк, анбар ва бон бидароянд ва бо равғани қуст, нордин ва савсан, равғани мушки замин ва маҳлаб, равғани абҳал ва бо ҳар гуна равғани гарме, ки қобилияти қабзкунандагӣ дорад, ба муолаҷаи асаб бипардозанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор