Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли бистум андар баёни «убна»

«Убна» ба ҳақиқат бемории касонест, ки одати худро ба мардон расонидан доранд. Эшонро андар ваҳм шаҳвати бисёр аст, мании зиёди беҳаракат доранд, дилашон заиф буда, олаташон аз аввал суст бихезад ва ё акнун заиф шуда бошад. Ин гуна одам пеш ба ҷимоъ одат кардааст, вале ҳоло чун мехоҳад, наметавонад ва ё ба андозаи суст метавонад. Бинобар ин, ӯ мехоҳад ҷимоъи миёни ду шахсро бубинад ва аз ҳама беҳтараш он аст, ки ин кор бо худи ӯ анҷом дода шавад, то шаҳвати ӯ ба ҷунбиш ояд. Ҳар гоҳ бо ӯ ҷимоъ кунанд, ё ӯро инзол рӯй диҳад ва ё андомаш рост шуда, имконияти қазои шаҳват пайдо кунад. Як гурӯҳе аз инҳоро шаҳват ҳангоме бедор шуда, ба ҳаракат ояд, ки агар бо эшон ҷимоъ кунанд ва лаззати рехтани манӣ, хоҳ ин феъл аз эшон бошад, хоҳе не, эшонро пурра фаро бигирад. Гурӯҳи дигареанд, ки агар бо эшон чунин кор бикунанд, инзол рӯй надиҳад, балки имконият ёбанд, то дигаронро бикунанд. Умуман, ин аз сабаби афтидагии нафс, даюсии табъ, бадодатӣ ва занмизоҷист. Гоҳе андомҳои чунин шахсон аз андомҳои мардмизоҷон дида зеботар буванд. Бидон, ки ҳар чи ғайри ин гӯянд, ҳама ботил аст ва нодонтарини мардумон касест, ки чунин одамонро бо дармон муолаҷа кардан хоҳад, чаро ки бемории эшон хаёлист, на табиӣ. Агар ягон илоҷе эшонро суд мебахшида бошад, ин танҳо чизҳои шаҳватшиканандае аз қабили андӯҳ, гуруснагӣ, бехобӣ, бастан ва задан хоҳад буд. Бархе аз [пизишкон] гуфтааст: «Сабаби убна асаби ҳассоси ба сӯи нара оянда бувад ва ин асаб андар ин гуна одамон ба ду бахш тақсим шуда, борики он ба буни нара пайваста аст ва ситабри он ба сӯи сари он рафтааст. Асаби борик ба совидани шадиде эҳтиёҷ дорад, то он ба ҳис омада, боиси хестани олати ин одам шавад. Бинобар ин воҷиб аст, ки бо ӯ муомала карда шавад». Ин гуфта дур аз ҳақиқат аст ва гуфтаи аввала боэътимод аст. Зеро он аз мардумоне шунида шудааст, ки аз илм баҳравар буданд ва ба ин пешаи палид ошноӣ доштанд. Ҳикоятҳои гурӯҳе аз онҳо гуфтаҳои ёдшударо тасдиқ кунанд.
Фасли бисту якум андар баёни хунсо

Аз миёни касони хунсо, бархеро на андоми мард бошад, на андоми зан ва бархеро ҳар ду бошад, лекин яке ноаёну заиф ва дигарӣ бар хилофи он. Ин гуна шахс аз як андом пешоб кунад, аз дигараш не. Бархе аз хунсоҳо чунинанд, ки ҳар ду андомашон яксон бошад. Шунидаам, ки бархе аз эшон ҳам ҷимоъ кунад ва ҳам ӯро ҷимоъ кунанд, вале ин гуна хабар кам бошад, ки рост барояд. Аксар вақт эшонро бад-ингуна муолаҷа кунанд, ки андоми ноаёнро бибуранд ва ҷароҳати онро тадбир созанд.
Фасли бисту дуввум боб андар баёни он, ки пизишкро омӯзондани чи гуна лаззати [ҷимоъ] ҳосил кардан ва тангу гарм сохтани шарми пеш маъзур аст

(550) Агар пизишк андар баёни бузург сохтани закар,
танг намудани шарми пеш ва занро комёб кардан сухан

гӯяд, айб нест, зеро ин яке аз сабабҳои ҳосил кардани насл бувад. Бисёр бошад, ки хурдии нара сабабгори нокомии зан бигардад, зеро он бар хилофи нарае бошад, ки ӯ одат кардааст. Бинобар он ӯро инзол рӯй надиҳад ва чун инзол ба амал наояд, фарзанд низ нахоҳад шуд. Гоҳе ин мумкин аст боиси он бигардад, ки ӯ аз шавҳари хеш рӯй бигардонад ва ғайри ӯро хоҳон шавад. Ҳамчунин агар [шарми] ӯ танг набошад, шавҳараш бо ӯ мувофиқ наояд ва на низ ӯ бо шавҳараш мувофиқ ояд ва ҳар ду ба иваз кардани ҳамдигар ниёзманд буванд. Ҳамчунин лаззатбарӣ боиси зуд ба амал омадани инзол бигардад, [283] чаро ки занонро андар бештари ҳолатҳо инзол дер биафтад, эшонро ҳоҷат ба ҷой наояд ва бинобар ин фарзанд нашавад. Инчунин, ин гуна занон бар шаҳвати хеш боқӣ бимонанд ва онҳое, ки худро нигоҳ доштан наметавонанд, андар ин гуна ҳол ҳар киро, ки ёбанд, ба худ бирасонанд. Бад-ин сабаб эшон аз барои дарёфтани қазои ҳоҷати ҷимоъ роҳи шармандагиро пеш гирифта, худро ба якдигар молиш диҳанд.
Фасли бисту севвум андар баёни василаҳое, ки мардону занонро лаззат бахшанд

Яке аз василаҳои барои ҳар ду лаззатбахш оби даҳонест, ки андар он ангужад, ё кабоба, ё ангубини омула, ё ангубини омехта бо маҳмуда, ё занҷабил ва ё мурч бо ангубин гирифта бошанд. [Низ] бояд инҳоро ба шакли олуданӣ хусусан бар нимаи ахири нара ба кор бурд, вале аз андудани онҳо танҳо бар сари нара ҳеҷ суде нест.
Фасли бисту чаҳорум андар баёни доруҳое, ки закарро бузург кунанд

Закарро бад-ин гуна бузург созанд, ки онро баъд аз пораҳои дурушт бо пиҳҳову равғанҳо даллокӣ кунанд, аз болои онҳо ширҳо ва хусусан шири гӯспанд бирезанд, сипас бар вай зифт бичаспонанд, то хунро бикашад, бо часпакии худ онро нигоҳ дорад ва бо равғаннокии худ баста гардонад. Ин корро пайваста аввал ва охири рӯз давом диҳанд. Чи гуна часпондани зифтро бояд аз гуфтаҳои мо андар фанне донист, ки андар он ҷой боби оростагӣ омадааст ва андар он ҷой чигуна фарбеҳ сохтани андомҳо нишон дода шавад.153 Аз ҷумлаи чизҳои ҳамин гуна таъсир дошта девчаҳое, ки онҳоро хушк карда, бар закар бимоланд, харотин, ҳилиблоб, ки як намуди печак ва ширдор аст ва оби райҳони кӯҳӣ мебошанд. Девчаҳоро гирифта, андар [пӯстлохи] норгиле кунанд, ки андар он обаш мавҷуд бошад ва як ҳафта ва ё беш аз он бигузоранд, то хушк шаванд. Сипас, онро кӯфта, бар [закар] тило кунанд.
Фасли бисту панҷум андар баёни доруҳои тангкунанда

Уд, мушки замин, росан, мехак, ромак ва каме мушк гирифта, ҳамаро бисованд ва пашминаеро бо онҳо биолоянд, ки андар майсавсан тар карда бошанд, сипас онро ба зер баргиранд. Низ, ду бахш мозуи норасид ва як бахш шукуфаи изхирро гирифта, аз элаки танг гузаронанд ва бо пораи андар шароб оғушта пайдарпай ба зер баргиранд. Ин ба ҳақиқат дӯшизагиро барқарор кунад.

пешина
аз 1215
навбатӣ