Қонуни тиб

Агар ягон модда мавҷуд набошад, онро бо ёрии чарбҳои раъша муолаҷа кунанд. Агар баъди ин ҳар киро табларза (раъда) падид ояд, говширро андар оби марзангӯш карда, ба ӯ бидиҳанд: говширро ба қадри бардошт ва оби марзангӯшро ба андозаи як уқия бигиранд.
Фасли ҳаждаҳум андар баёни бисёр хестани нара на ба сабаби шаҳват ва андар баёни фарисмус
Сабаби наздики бисёр хестани нара бисёрии боди ситабрест, ки андар ноҳияи андомҳои ҷимоъ ҷой дошта бошад. Ин гуна бисёрӣ ба сабаби бодангезе вобастагӣ дорад, ки ё андар худи асаби дарунтиҳӣ ҷой дорад, ё аз сӯи шараёнҳо ва мӯриҳои манӣ бад-он ҷой гузашта аст ва ё ба ҳар ду ҳолат алоқаманд бувад. Моддаи ин бод рутубати бисёр ва ба амал оварандаи он гармии кам буванд. Ин модда андар мӯриҳои манӣ [282] ва он ҷое, ки андар он ҷо падид меояд, ё қарору устувор аст ва ё бе қарор, вале чи гунае набошад, устуворӣ ва қуввати ин бод ё ба сардии он ва ё ба ситабрии он алоқаманд аст. Гоҳе сабаби моддӣ ва фоилӣ ба сабабҳои афзорӣ ёварӣ кунанд. Масалан, андар пӯсти нара ва маҳалли бад-он пайваста зичӣ ба амал омада, пеши ҳалшавии [бодро] бигирад ва ё даҳонаҳои рагҳои ба сӯи нара раванда васеъ шаванд, чунонки каси банди эзор сахт бастаро ин бисёр рӯй диҳад ва ё касеро чунин ҳол рӯй диҳад, ки муддате аз ҷимоъ дурӣ варзида бошад ва бинобар он манӣ ва боди ӯ ба шиддат ҳаракат кунанд.
Гоҳе ин боиси фарисмус бигардад. Гоҳе мумкин аст ба ҳамаи ин сабабҳои пешомадае аз қабили ғизоҳои гарми тез, ё ғизоҳои бодангезе чун нахӯд, ангур ва зардии хояи мурғ, ё ғизоҳои ҳар ду хусусият доштае чун индов ва ё чизҳои хосияти манизояндагӣ доштае чун шароби нав ёварӣ кунанд. Аз ҳолатҳо, масалан, бисёр хоб рафтан бар пушт маниро гудохта, ба бод табдил диҳад ва ё бар миён сахт бастани камарбанду дастор боиси фарох шудани даҳони рагҳо бигардад.
Аммо фарисмус чунин [бемориест], ки яке аз ин сабабҳо қувват гирифта, хестани нара шиддат ёбад ва он бад-ин ҳол бимонад. Нара ҳатто дар сурати набудани шаҳвату ҳоҷат ва баъд аз қазои ҳоҷат низ таранг биистад. Гоҳе ба бузургшавӣ сар карда, ба сабаби рехтани моддаҳои бисёр ба сӯи он болиш ёбад ва дароз шавад.
Бештари сабабҳои он гармист. Ин ном ба ин иллат аз [номи] муҷассамаи марде гузашта аст, ки дорои олати бархоста буда, мардум бо он бозӣ ҳамекардаанд. Ин беморӣ агар муолаҷа карда нашавад, мумкин аст боиси аз ҳам кашида шудани мӯриҳои манӣ гардида, андар онҳо омоси гарм падид ояд ва [беморро] ҳалок кунад.
Нишонаҳо: Агар ба он чи, ки то ин дам аз асосҳо аз худ кардаӣ, муроҷаат кунӣ, аз нишонаҳои бештари ҳолатҳои андар боло баршумурдаи мо воқиф хоҳӣ шуд. Бидон, ки агар бод андар худи нара зода шуда бошад, пеш аз ин андар нара париданҳои бисёр ҳис карда шавад. Агар чунин набошад, пас, сабаб бартар аз нара ҷой дошта, аз тариқи шараёнҳо ва мӯриҳои манӣ бад-ин сӯ гузашта аст.
Илоҷ: Илоҷи думодум хестани нара ба кор бурдани
он ошомиданиҳо ва тилоҳои боздорандаи дамишест, ки мо онҳоро ёд оврдем. Аммо фарисмус бошад, қонуни илоҷи он аз тариқи қай ва раг задан истифроғ намудан аст, на аз тариқи исҳол, чаро ки исҳол бими аз боло ба зер фуруд овардани моддаҳоро дорад. Ҳамчунин, бояд андомҳои бахши барсӯвини танро аз тариқи гӯйбозӣ ва ғайра варзиш бидиҳанд ва аз ҷимоъ ҷуз ба ҳангоми зарурати бартараф кардани ягон зиёни аз сабаби тарки ҷимоъ ба амал омада парҳез кунанд. Сипас, бо ёрии фаршҳои аз гулу бед сохта, бо ёрии тилоҳо ва мумравғанҳои ниҳоят сардифизои ёдшуда [андомҳои] мабдаъиро сардифизоӣ кунанд. Тадбири бар зиҳор ниҳодани пулакчаҳои сурбӣ ва ошомиданиҳои сардиоварандаеро ба кор баранд. Нилуфар, кофур ва коҳу суди бисёр доранд. Андар ин миён ва баъд аз кам шудани моддаи бод, чунин одат шудааст, ки ягон доруи бидуни гармиоварии шадид латифсозандаро ба кор баранд. Мисоли ин пухтаковҳои бобунагӣ ва аз панҷангуштсохта шуда мебошад.
Инчунин, баъд аз паст шудани шиддати модда, масалан, судоб, тухми панҷангушт ва монанди инҳоро ба кор баранд ва низ шароби сафеди тунук биошоманд. Бояд бехӣ аз ҷимоъ, андешаи он ва назар кардан ба касони шаҳватҷунбонанда дурӣ ҷуст. Вале касеро, ки ба иллати тарки ҷимоъ фарисмус руй додааст, илоҷаш ҷимоъ кардан (549) ва хӯрдани, масалан, наск ва монанди он мебошад.
Турушиҳо набояд бисёр истеъмол кард, чаро ки онҳо мумкин аст бод биангезанд.
Фасли нуздаҳум андар баёни «азют»
Азют [бемориест], ки ҳар гоҳ ҷимоъ кунанд, ба ҳангоми рехтани манӣ бироз афкананд ва мақъади худро доштан натавонанд. Бар аксарияти ин гуна [беморон] шавқ ниҳоят ғолиб буда, аз [ҷимоъ] лаззати зиёд баранд ва ба иллати ҳал шудани рӯҳашон ниҳоят суст шаванд. Тани бештари эшон нарм бувад.
Тадбир: Бояд марҳамҳо ва зимодҳои қабзкунандаи қависозандаи мушакҳо ба кор бурда шаванд. Мисоли инҳо хусусан равғани нордин, инчунин равғани сарв ва равғани абҳал бувад. Як марҳами хуб: равғани биҳӣ ва равғани ҳиноро бигиранд, каҳрабо, ақоқиё, савсани хушк ва ҳиноро бисованд ва аз инҳо ва равғани биҳӣ ва равғани ҳино марҳам созанд. Инро пайваста ба кор бурда, бар мушакҳои мақъад биниҳанд. Доруҳои ба зер баргирифтании бироз манъкунандаро хусусан ҳангоми ҷимоъ ба кор баранд.
Масалан, шиёферо ба зер баргиранд, ки аз ромак, мозу, кундур ва гулнор сохта бошанд. Низ, равғанҳои қабзкунандаро ба зер баргиранд. Аммо он чи, ки оид ба ғизоҳои тезу сарди латиф додан ба чунин беморон сухан рондаанд, корест, ки андар ин маънӣ ҳеҷ дахле надорад, вале агар мурод аз ин ғизоҳои қабзкунанда бошад, ин гуна ғизоҳоро бидиҳанд. Ҳамчунин, он ҳуқнаҳои равғании сардифизояндае, ки эшон ёд кардаанд, ба наздики мо бефоида буванд.
Баръакс, бояд ба чизҳое эътибор дода шавад, ки мо гуфтаем ва бояд ба шикастани тезии мании ин гуна беморон ва ба қавӣ сохтани дилу мағзи эшон пардохт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор