Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Дармон: Инро бо он доруҳои сардиоварандае муолаҷа кунанд, ки бо онҳо пистонҳои дӯшизагони навбарро муолаҷа кунанд, то ки овезон нашаванд. Масалан, бо шавкарону банг, бо ҳар чизи қувваи ғизодиҳандаро заифсозанда, бо гарди сурби бо ҳам совида ва оби кашнизи тар ва бо хокаи сӯҳону санги осиёб тило созанд. Яке аз чизҳое, ки аз барои ин ғараз суд дошта, [хояро] муътадил созад, пайваста андар сӯрохи нара бо обдуздак равғани занбақ фиристондан аст.
Фасли панҷум андар баёни баркашидагии хоя ва хурдии он

Гоҳе хояро чунин ҳолат рӯй диҳад, ки ба иллати фармонраво шудани мизоҷи сард ва заъф, андар хеш кашида шуда, хурд бигардад. Гоҳе мумкин аст ғайб зада, андар мароққи шикам бидарояд ва ҳатто пешоб ба ситам берун омада, ба ҳангоми пешоб кардан дард ҳис карда шавад ва чакидани он рӯй диҳад.
Илоҷ: Чарбҳо ва зимодҳои гармкунанда, қувватбахшанда ва моддакашандаеро [ба кор баранд], ки андар боби бархезондани нара ёд карда шудаанд. Агар хоя ғайб зада, гурехта бошад, илоҷаш пайваста ба кор бурдани гармобаҳо ва обзанҳои пайдарпай бувад. Гоҳе эҳтиёҷ бад-он бошад, ки чунон ки пешиниён тавсиф кардаанд, андар сӯрохи нара найчаро дароварда бидаманд, то тани [бемор] ковок шуда тухм фуруд ояд.
Фасли шашум андар баёни даволии пӯсти хоя ва сахтии он

Гоҳе бар пӯсти хоя ва маҳаллҳои бад-он пайваста даволии бисёр печида намудор шавад. Гоҳе мумкин аст андар он бод андармонда, бар фарози он паридани думодум ҳис карда шавад. Бисёр бошад, ки бар фарози он омоси сахт падид ояд ва он аз ҷинси омосҳои сард бувад. Аксар вақт ҳар чи ки руй диҳад, андар бари чап рӯй диҳад, аз баҳри он ки камқувват аст ва изофа ба ин дорои раги зиёдатӣ буда, аз тариқи он моддаҳо ба сӯи ӯ бирезанд.
Илоҷ: Илоҷи ин чун илоҷи омосҳои сахт бувад.
Фасли ҳафтум андар баёни истирхои пӯсти хоя

Гоҳе пӯсти хоя дарозу ковок шуда, ҳолати зиште ба амал ояд.
Илоҷ: Бояд пайваста бар вай доруҳои сардиоварандаи қабзкунанда рехт, бо онҳо зимод кард ва камтар ҷимоъ намуд. Аз миёни пизишкон бархеҳо бахше аз пӯсти хоя ва зиёдатии онро бибурранд ва боқиро бидӯзанд, то ҳаҷми он муътадил бигардад. Аз ҳама хубтар ва беосебтар он аст, ки нахуст бидӯзанду сипас фузунии онро бибурранд.
Фасли ҳаштум андар баёни истисқои хоя ва фатқ

Мо аз барои истисқои хоя ва фатқ боби махсусе ҷудо кардаем, ки андар охири мақолаи ин Китоби севвум хоҳад омад.155.

Фасли нуҳум
андар баёни турунҷидани хоя

Ин ба сабаби сармои сахт ва ё афтидани қувват рӯй дода, аз барои худовандони бемориҳои тез яке аз нишонаҳои бад ба шумор биравад. Мо инро андар он ҷой ёд хоҳем кард.
Фасли даҳум андар баёни решҳои хоя, закар ва саргаҳи мақъад

Агар андар ин ҷойҳо решҳо ориз бигарданд, бад ва хазанда хоҳанд буд, аз баҳри он ки ин андомҳо бар ҳайъатеанд, ки уфунат зуд ба каронаҳои онҳо бидавад. Чунки онҳо аз ҳавои [кушод] паноҳ буда ба гармию тарӣ моиланд ва ба маҷроҳои фазлаҳо наздикӣ доранд. Инҳо аз як сӯй решҳои андомҳои дарунӣ ва даҳонро монанд. Бадтарини онҳо решест, ки андар мушакҳои буни нара ва [мушакҳои] мақъад падид ояд. Аз баҳри он ки ин ба хушконидани (554) қавӣ эҳтиёҷ дорад ва аз сӯи дигар ҳисси он андомҳо ниҳоят қавист. Агар бар нара решҳо пайдарпай падид омада, густариш ёбанд, мумкин аст зарурати буридани худи нара ба миён ояд.
Илоҷ: Решҳои бар сари нара падидоянда назар ба решҳои [285] қулфа ва пӯсти нара бештар ба доруҳои ниҳоят хушкиоваранда эҳтиёҷ доранд, зеро сари нара андар мизоҷ бештар хушк аст. Ин гуна решҳо ё наванд ва ё куҳан ва бархе аз онҳо решҳои палид буванд. Барои реши тоза ҳеҷ чиз аз сабр беҳтар нест. Мурдосанг, иқлимиёи бо шароб шуста ва тӯтиё ба сабр монандӣ доранд ва бад-инҳо наздик марворид бувад. Кадуи сӯхта аз барои ин таъсири аҷиб дорад. Хокистари шибит ва тӯтиёро ҳамчун хокаи пошиданӣ ва ҳамчун тило бо об [ба кор баранд]. Агар [реш] аз ин ҳам тар буда, рим карда бошад, ба доруҳои қавитаре аз қабили миси сӯхта эҳтиёҷ афтад. Пӯстлохҳои дарахти ноҷу санҷидашуда аст. Агар ба рӯёндани гӯшт туро эҳтиёҷ афтад, бо инҳо кундур ҳамроҳ бикун.
Як доруи мураккаб аз барои реше, ки ба хушконидани сахт ва фароҳам овардан эҳтиёҷ дорад: аз тӯтиё, сабр, анзарут, кундур, шодана, пӯсти (лиҳо) сӯхтаи ғарб, замчи яманӣ, зоги сӯхта, мозу, гулнор ва ақоқиё бахшҳои баробар, аз зангор якуним бахш ва аз кулоҳакҳои анори туруш як бахш гирифта, аз инҳо бо равғани гул марҳам бисозанд. Нусхаи дигар: рими оҳан, мурдосанг, хуни сиёвушон, қиртоси сӯхта ва замчи сӯхтаро бо равғани гул гирифта, аз онҳо зимод, ё марҳам ва ё қурсҳо бисозанд.
Агар реш куҳан бошад, андар ин доруҳо ба қадри баробар кундур, кӯфтаи он ва сабр ҳамроҳ кунанд. Агар хӯра ҷой дошта бошад, яке аз доруҳои барои он судманд [доруи зерин] аст: хокистари мӯи одам, ангудон ва наски кӯҳиро гирифта, аз онҳо хокаи пошиданӣ ва зимод омода созанд. Низ [як доруе], ки аз он ҳам қавитар аст: аз ҳар як навъи ҳар ду зирних ҳафт [бахшӣ], аз оҳаки ношукута бист сангча ва аз ақоқиё дувоздаҳ [бахш] гирифта, бо сирко ва фишурдаи асфиюши тар бисириштанд. Сипас, аз он қурсҳо сохта, андар соя хушк кунанд ва ба кор баранд.
Аз ин ҳам қавитар [доруи зерин аст]: ҳар ду навъи зирних, ақоқиё, зангор, мавизак, хокистари шибит ва мурчро гирифта, аз онҳо қурсҳо созанд. Агар реш палид ва сиёҳ шавад, беҳтар он аст, ки бибуранд; маҳалли табаҳгаштаро ҷудо созанд ва то сабзидани гӯшт бо марҳамҳои гӯштрӯёнанда дармон кунанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ