Қонуни тиб

Фасли ёздаҳум андар баёни решҳои андарунии нара
Илоҷи ин чун илоҷи решҳои обгаҳ бувад. Гоҳе ба доруи аз қиртоси сӯхта сохташуда эҳтиёҷ афтад, ки нусхаи он чунин аст: хокистари қиртоси сӯхта, замчи сӯхта, иқлимиёи баъд аз сӯхтан шусташуда, пӯстлохҳои дарахти ноҷу, шодана ва кундурро гирифта, аз онҳо қурсҳо созанд ва бо ёрии обдуздак ба кор баранд.
Фасли дувоздаҳум андар баёни хориши нара
Ин аз сабаби моддаи тези ба сӯи нара рехташуда ва аз арақи тезе падид ояд, ки аз ноҳияҳои нара ба сӯи он таровида, хориш ба амал оварад.
Илоҷ: Хилтро бо ёрии раг задан ва исҳол овардан берун кунанд. Сипас, аз ақоқиё ва момисо ним дирамӣ, аз навшодир як донг, аз сабр як донг, аз заъфарон ним донг ва якчанди ҳамагон ушнон гирифта, бикӯбанд, бубезанд ва бо [равғани] занбақ маъҷун созанд. Ин доруи санҷидашуда аст. Гоҳе агар андар гармоба бар нара сирко ва равғани гуле тило кунанд, ки андар он натрун ва замч ҳамроҳ карда бошанд, мумкин аст ин [тадбир хоришро] ором кунад. Агар хориш бадтар бошад, андар ин дору андаке мавизак ҳамроҳ кунанд. [Бемор] чун аз гармоба берун ояд, бо сафедии хояи мурғ ва ангубин [нараи ӯро] тило кунанд. Агар ягон чиз суд набахшад ва агар раг зада ва исҳол оварда бошанд, бояд аз шиками рон ва аз наздикии маҳалли хориш ҳиҷомат кунанд ва ё бар он ҷой девча бигузоранд.
(555) Фасли сездаҳум андар баёни омосҳои гарми нара
Дармонҳои инҳо ба дармонҳои омосҳои гарми хоя наздиканд, лекин андар оғози кор ба доруҳои қабзкунанда бештар такя кунанд. Як нусхае аз ин доруҳо, ки хосси ингуна [омосҳост]: пӯстлохи анор, гули хушк ва наскро бо об биҷӯшонанд. Ҳар гоҳ ки пухта, нарм шуданд, онҳоро бо равғани гул бисованд ва ба кор баранд. Низ, гили қимулиёро бо оби рӯбоҳразак ва инчунин гили арманӣ, наск ва барги коканаро [ба кор баранд].
Фасли чаҳордаҳум андар баёни омосҳои сарди нара
Гуфтор андар ин бобат ба гуфторе наздик аст, ки андар баёни омосҳои [сарди] хоя гуфта шуд. Инҳо аксар
вақт ба ҳангоми бад аз худ кардани ғизо ва истисқо ба амал оянд. Яке аз чизҳои аз барои ин [омосҳо] санҷидашуда [доруи зерин аст]: ду бахш орди донаи хурмо ва як бахш хитмиро бо сирко бисованд ва зимод кунанд.
[Низ] доруеро [ба кор баранд], ки аз сабӯс ва уша сохта шавад ва андар боби омоси сахти хояҳо ёд карда шуд.
Созгортарин мавзеъ аз барои ин дору нара аст, агар ба шарте, ки ба омоси сахт гирифтор шуда бошад.
Фасли понздаҳум андар баёни кафидагиҳои нара ва атрофи он
Инро бо дармонҳои кафидагиҳои мақъад муолаҷа кунанд. Яке аз чизҳое, ки қариб ҳамин гуна суд дорад, [доруи зерин аст]: гили қимулиё, тӯтиё, ҳинои совида ва касироро гирифта, аз онҳо ва аз мум, зардии хояи мурғ ва равғани занбақ марҳам созанд.
Фасли шонздаҳум андар баёни дарди нара
Дарди нара аз сабабҳои гуногун ва аксар вақт аз сабаби баста шудани пешоб ба амал ояд. Инро ҳуқнаҳои нармсозанда ва танҳо ба истеъмоли оби ҷав бо гулоб кифоят кардан шифо бахшад, вале набояд донагиҳоро ба кор бурд, то онҳо фазлаҳоро [ба сӯи андом] накашанд. Сипас, баъди ҳуқна гирдогирди зиҳор ва нараро ба қадре гармибандӣ кунанд, ки аз он пӯст нарм шавад, бар [нара] оби ширгарм бирезанд ва равғани бунафша тило кунанд.
Фасли ҳафтдаҳум андар баёни рӯидани озахҳо бар закар
Онҳоро бибуранд, бар маҳалли он доруи хунбанданда биниҳанд ва чун дигар озахҳо муолаҷа кунанд.
Илоҷи табише, ки ба «тута» монанд аст ва гӯшти зиёдатие, ки бар ин ноҳияҳо падид ояд: Бураи сӯхта ва хокистари токро гирифта, бо об нарм бисованд ва бар «тута» ва монанди он биниҳанд. Агар ин суд набахшад, онро бибуранд ва бар маҳалли он зангор ва зог бипошанд.
Агар аз ин ҳам бадтар бошад, аз доғ ниҳодан чора нест.
Фасли ҳаждаҳум андар баёни каж будани закар
Андар гармоба ва ғайри гармоба закарро бо доруҳои нармсозандае аз қабили равғанҳо, масалан равғани кунҷид, равғани савсан ва равғани наргис, бо пиҳҳои латифи маълум, масалан, пиҳи мокиён ва мурғобӣ, бо мағзи соқи гову гавазан ва бо мум ва ротинаҷ нарм кунанд ва аз ҳамин доруҳо бо ёрии обдуздак ҳуқна рехта, сипас онро кашида рост кунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор