Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

То даме, ки ягон ҳалшавии қобили мулоҳаза ҷой надорад ва он ба таври ҳисшаванда зиён оварда, зарурати барқароркунии [чизи ба таҳлил рафтаро] ба миён наорад, нерӯи суратгар ба ҳангоми суратгарӣ ба ғизо додани [ҷанин] эҳтиёҷ нахоҳад дошт, [балки] аз барои қивоми он [танҳо] ба рӯҳи ҳайвонӣ ва гармии модарзодӣ эҳтиёҷ аст. Агар гӯяд, ки ин чиз қувваи суратгарро аз падар ҳосил шудааст, қувваи ғизобахшандаи ёри қувваи суратгар ва бача ба амал оваранда низ аз сӯи падар [ҳосил шудааст]. Чӣ гуна чунин набошад, ки он андар вуҷуд пешӣ дорад. Баъд, ҳолати дигар ин намудор шудани нуқтаи хуние андар сифоқ ва як миқдор буъд ёфтани он бувад.
Андар ин ҳолат аз ҳубобҳо ба таври ҳисшаванда кафкии онҳо ба хунӣ ва бодияшон ба ҳайъати ноф табдил ёфта бошанд. Ҳолати севвум ин ба алақа (хуни баста) ва баъд аз он ба музға (гӯштпора) табдил ёфтани манист. Андар ин ҳол андомҳои сарварро ба андозаи ба ҳис андароянда ҷудошавӣ ва бузургӣ падид омада бошанд. Баъд, дигаргуншавӣ то пурра таквинёбии дил ва андомҳои аввалӣ [давом кунад]. Андомҳо ба дур шудан аз якдигар оғоз намуда, андар миёнашон рагҳои борики маълум падид оянд. Андомҳои атрофӣ ва мӯриҳои онҳо нақш пайдо карда, вале ҳанӯз пурра ҷудо нашуда бошанд. Сипас, [дигаргуншавӣ] то таквин ёфтани андомҳои атрофӣ давом кунад. Ҳар як ва ё ду дигаргуншавиро як муддатест, ки бад-он вобастагӣ доранд ва он чунон нест, ки дигаргун нашавад, балки бо вуҷуди он ин [муддат] андар ҷанинҳои наринаву модина гуногун буда, ҳангоми модина дер бикашад. Аҳли таҷрибаю санҷишро андар ин хусус раъйҳои гуногунест, ки ба ҳақиқат миёни онҳо ҳеҷ хилофе нест, аз баҳри он ки ҳар кадом аз эшон ба чизе ҳукм кардааст, ки ба ҳасби таҷрибаи хеш ҳолро бад-он гуна дарёфтааст ва номумкин нест, ки чизи санҷидаи ӯ андар дигарӣ бар хилофи ин воқеъ шуда бошад, зеро андар ҳамаи инҳо ногузир чизест, ки ҳукми бештарӣ дорад. Бештарӣ андар бештари таваллудшавандагон ин аст, ки муддати ҳолати кафкӣ ё шаш ва ё ҳафт рӯз аст ва андар ин рӯзгор нерӯи суратгар аз ғайри гирифтани ягон мададе аз заҳдон андар нутфа тасарруф кунад ва баъд аз ин муддат мадад бигирад. Пайдоиши хатҳову нуқтаҳо баъди ин бо гузаштани се рӯзи дигар оғоз ёбад, ки маҷмӯи он аз оғоз нуҳ рӯз бувад. Гоҳе мумкин аст ин як рӯз пештар ва ё дертар ба амал ояд. Сипас, баъди шаш рӯзи дигар, ки ин рӯзи понздаҳуми обистан аст, бахши хунӣ андар ҳамаи [ҷанин] нуфуз кунад ва он алақа бигардад. Ин муддат гоҳе мумкин аст як ё ду рӯз пештар оғоз ёбад. Баъд аз ин бо гузаштани дувоздаҳ рӯз ин рутубат гӯшт бигардад.
Андар ин ҳол пораи гӯшт ҷудо шавад, андомҳои сегона ба таври намоён аз ҳам фарқ карда, аз расандагӣ бо якдигар дур бигарданд ва рутубати ҳароммағз густариш ёбад. Ин мумкин аст ду ё се рӯз дертар ва ё пештар ба амал ояд. Сипас, баъд аз нуҳ рӯз сар аз миёни ду китф ва шикам ва андомҳои атрофӣ аз миёни паҳлуҳо ва шикам ба тавре ҷудо шаванд, ки андар бархеҳо ба ҳис андарояд ва андар бархе дигар ноаён буда, баъд аз гузаштани чаҳор рӯзи дигар ва чиҳил рӯзи пурра шудан ба ҳис андароянд. Гоҳе ба нудрат ин муддат то чиҳилу панҷ рӯз би

кашад ва камтарин ҳадди он то сиҳ рӯз бувад.
Андар Таълими нахустин ёд шуд,158 ки агар чодари ҷанини баъд аз чиҳил рӯз афтидаро пора карда, худи онро андар оби сард бигузоранд, ҳамчун як чизи хурде бинамояд, ки дорои андомҳои атрофии фарқкунанда бувад.
Андар ҳамаи ин ҳолатҳо нарина зудтар аз модина бирасад ва чунин гумон биравад, ки камтарин муддати сурат гирифтани нарина сиҳ рӯз аст. Камтарини муддати бачаниҳӣ ним сол бувад ва мо инро ба наздикӣ баён хоҳем кард. Аммо муайян сохтани ҳолати ҷанини нару мода андар муддатҳои гуногун як корест, ки гурӯҳе аз пизишкон бо ҷуръат ва аз рӯи тахмин оид ба он ҳукмҳо баровардаанд. Аввалин чизе, ки манӣ пайдо кунад, ин маҳалли нафаскашӣ буда, андар он ба нафаскашӣ пардозад.
Аммо коре, ки қувваи суратгар бикунад, иборат аз ин аст, ки нахуст барои гармии модарзодӣ фароҳамгоҳ, сипас, баромадгоҳҳову даромадгоҳҳо ба амал оварад. Баъд аз он нерӯи ғизобахшанда ба кор оғоз кунад. Ба ақидаи бархеҳо ҷанин гоҳе аз даҳон нафас бигирад ва сипас чун андар заҳдон расида гардад, нафасгирияш аз тариқи он бештар шавад. Барои тасдиқи ин ақида ҳеҷ далеле нест.
Ба наздики бархе дигар чун баъд аз сурат гирифтан муддати ду чанди суратгирӣ бигузарад, (559) ҷанин ба ҷунбиш ояд ва чун баъд аз ҷунбиш муддати ду чанди ҷунбиш гузашта, аз оғози марҳилаи якум, яъне аз бози обистан се чанди муддати ҷунбиш сипарӣ шавад, ҷанин ба дунё ояд. Шир баробари ба ҷунбиш омадани ҷанин падид ояд. Низ гуфтаанд, ки муддати муътадилу миёнаи суратгирии он сиву панҷ рӯз буда, баъди ҳафтод рӯз ба ҷунбиш ояд ва баъди ду саду даҳ рӯз, ки иборат аз ҳафт моҳ аст, зода шавад. Гоҳе зоиш якчанд рӯз пештар ва ё сипастар ба амал ояд, аз баҳри он ки мумкин аст андар муддати сивупанҷ рӯза тафовути андаке рӯй дода, дучандии он камтар шавад. Агар ин муддат бештар кашида, ба чиҳилу панҷ рӯз бирасад, ҷанин андар навад рӯзагӣ ба ҷунбиш дарояд ва андар дусаду ҳафтод рӯзагӣ, ки иборат аз нуҳ моҳ аст, ниҳода шавад. Ин низ мумкин аст ба гунае, ки гуфта шуд, якчанд рӯз тафовут дошта бошад ва ин чизест, ки муҳаққиқи он ҳукми қатъӣ баровардан натавонад.
Тифли ҳаштмоҳа зода, агарчи на аз ҷумлаи онҳое бошад, ки бештари ҳукми онҳо ба сӯи зинда мондан нест, чунонки инро баъд хоҳӣ донист, тамомияти он бар нисбати ёдшуда анҷом ёфта, баъди буд шудан ба дунё ояд. Муддатҳои он чиҳил, сипас ҳаштод ва баъд дусаду чиҳил рӯз буда, чунонки донистӣ, мумкин аст камию бешӣ пазиранд. Гуфтаанд, ки андар миёни афтодагон на ягон ҷанини наринае ёфт шавад, ки пеш аз сиҳрӯзагӣ ва на ягон модинае ёфт шавад, ки пеш аз чиҳилрӯзагӣ тамомият ёфта бошанд. Гуфтаанд, ки тифли ҳафтмоҳа таваллудшаванда баъд аз гузаштани ҳафт моҳи таваллуд, тифли нуҳмоҳа зода баъди нуҳ моҳ ва тифли даҳмоҳа зода баъд аз даҳ моҳ қувват гирифта, сахт шаванд. Мо андар баёни муддатҳои обистан ва бача ниҳодан андар мақолае, ки сипаси ин мақола ояд, боби ҷудогонае хоҳем овард.
Бидон, ки хуни ҳайз андар зани обистан бар се бахш шавад: як бахш сарфи ғизо шавад, як бахш ба сӯи пистон биравад ва як бахш фазлае бувад, ки то вақти фаро раси дани нифос боқӣ монад ва сипас берун ояд.

пешина
аз 1215
навбатӣ