Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Маҳалли ишғолкардаи заҳдон аз наздики ноф то охири гузаргоҳи фарҷ аст ва ин гузаргоҳ гардани ӯ бувад. Дарозии муътадили ин гардан андар занон аз шаш то ёздаҳ ангушт бирасад ва миёни ин ду ҳадд ҷой дорад.
Вай ба сабаби ҷимоъ ва ё тарки он кӯтоҳу дароз шавад.
Гоҳе андозаи он мувофиқи андозаи закари касе бигардад, ки одатан бо ин [зан] ҷимоъ кунад. Дарозии худи заҳдон ҳам бад-ин миқдор бошад ва бисёр бошад, ки охири он то ба рӯдаҳои барсӯвин бирасад.
Заҳдон дутабақа офарида шудааст ва табақаи андарунин серраг буда, дуруштияш бад-ин сабаб бувад. Маҳз даҳонаҳои ин рагҳост, ки андар заҳдон мағокчаҳо ба амал овардаанд ва онҳоро «мағокчаҳои заҳдон» номанд. Пардаҳои ҷанин бад-ин мағокчаҳо пайваста бошанд, хуни ҳайз аз он ҷой ояд ва ғизои бача аз он ҷой бад-ӯ бирасад.Табақаи берунин бештар асабист. Ҳар як аз ин ду табақа ба ҳасби истеъдоди табъии хеш тангу кушод шавад.Табақаи берунин содаи ягона аст ва дарунин чунон аст, ки гӯӣ ду бахш шуда бошад ва онҳо ба ҳам ҳамсоя буванд, на часпида. Агар табақаи берунинро пӯст кунанд, чунин бинамояд, ки гӯӣ (557) аз болои ду заҳдони як гардандор онро пӯст карда бошанд, на аз болои як заҳдон. Андар табақаи дарунин ҳамаи намудҳои лиф ёфт шавад. Заҳдон ба ҳангоми ҳайз ситабру сахт шавад, чунон ки гӯӣ фарбеҳ шудааст ва ҳар гоҳ ки пок шавад, пажмурдаю хушк бигардад. Низ, қобили он аст, ки баробари бузург шудани ҷанин тунук шавад ва густариши он ба ҳасби густариши ҷуссаи ҷанин бувад. Ҳар гоҳ занро ҷимоъ кунанд, заҳдон наздики даҳони фарҷ ояд ва чунон бошад, ки гӯӣ ба сабаби орзумандии табиӣ аз барои кашидани манӣ берун ҳамеояд. Ҳар гоҳ бигӯянд, ки «заҳдон серасаб аст», ин чунин маъно надорад, ки он аз асаби мағз офарида шуда бошад, балки аз гавҳаре офарида шудааст, ки шабеҳи асаб буда, сафед, бехун, нарм ва ёзанда аст. Аз мағз ба сӯи он миқдори андаке аз асабҳо омада аст, ки бо ёрии онҳо ҳис кунад. Агар бештар асабнок будӣ, бо мағз бештар анбозӣ доштӣ.
Гардани заҳдон гӯшти мушакӣ буда, куркуракмонанд аст ва чунин бошад, ки гӯӣ шиканҷи бар шиканҷ аст.
Фарбеҳӣ ба ӯ сахтии мушакӣ ва табиати куркуракӣ биафзояд ва обистан ба ҳоли обистагӣ низ чунин таъсир кунад. Андар [гардани заҳдон] баробари даҳони берунии фарҷ маҷрост ва аз тариқи он маниро фурӯ бибарад, хуни ҳайз берун биронад ва бача биниҳад. Ҳангоми обистан ин маҷро ба ғоят танг буда, қариб сари мил андар он даромадан натавонад. Сипас, ба фармони Худои бузург фарох шавад ва аз он ҷанин берун ояд. Аммо маҷрои пешоб бошад, андар ҷои дигар аст ва он аз сӯи бахшҳои болоии заҳдон ба гардани он бештар наздик бувад. Бархе занонро гардани заҳдон аз чап ва бархеро аз рост бувад. Пеш аз бардоштани дӯшизагӣ андар гардани заҳдон пардаҳое ҷой доранд, ки аз рагҳо ва бандакҳои сахт борик бофта шудаанд. Ҳар яки он аз як шиканҷ раста аст ва ба ҳангоми дӯшизагӣ бурдан бидаранд ва хуни андар онҳо буда бирезад.

Фасли дуввум
андар баёни падид омадани ҷанин

Ба ҳангоми маниро фаро гирифтани заҳдон нахустин ҳолате, ки андар он рӯй бидиҳад, кафк баровардани манист. Ин яке аз корҳои нерӯи суратгар бувад. Ҳақиқати ҳоли он бахши кафкӣ ин аст, ки нерӯи суратгар ҳар як аз рӯҳи нафсонӣ, табиӣ ва ҳайвонии андар манӣ ҷой доштаро ба сӯи маъдани хеш равона кунад, то андар он ҷойгир шавад ва он андом бар ваҷҳе, ки андар китобҳои асосҳо возеҳу равшан баён кардем, аз он офарида гардад. Бинобар он як ҳубоб ба амал ояд, ки ҳамаи он ба миёнаи рутубат ронда шавад, то барои дил ҷойгоҳ омода созад. Сипас, аз бари рост ва аз бари болои ӯ ду ҳубобе чун шохаҳо аз он бароянд ва то муддате бо он андар тамос буванд. Сипас, ҳар ду аз он дур ва ҷудо шаванд. Ҳубоби нахустин алақаи (хуни баста) дил ва ҳубоби бари рост алақаи ҷигар бигарданд. Ҳубоби дигар бошад, аз хуни моил ба сафедӣ пур шуда, рутубати паҳн гардидаро чун боди дамида бишикофад ва бар сари он барояд, то ки аз тариқи заҳдон аз рӯҳ ва хун мадад бигирад. [Андар ин ҳангом] ноф офарида шавад ва ин нахустин офаридаи намудор аст, вагарна ҳубобҳои дил, ҷигар ва мағз пеш аз офариниши ноф офарида буванд, вале ин се ҳубоб баъд аз пурра ба амал омадани гавҳари ноф пуррагӣ ёбанд. Ин матлабро мо андар китобҳои асосҳои илми табиӣ ба таҳқиқ расонда, ихтилофоти андар ин бобат ҷой доштаро баён кардаем.
Ҳамин ки манӣ [андар заҳдон] ҷой гирифта, кафк баровард ва кафк ба шакли ҳубобе аз барои дил фурӯтар рафт, аз ҳаракати мании модина ба сӯи мании нарина чодари [ҷанин] падид ояд. Вай ҷудогона буда, сипас аз барои ғизо кашидан танҳо аз тариқи мағокчаҳо ба заҳдон алоқаманд бигардад.То даме, ки ин чодар тунук аст ва ба ғизои кам ниёзмандист, ҷанин аз ин чодар ғизо бигирад. Вале ҳаргоҳ он сахт бигардад, аз тариқи гузаргоҳҳои намудори рагие ғизо гирифта шавад, ки андар масомҳои чодар падид оянд. Сипас, баъд аз гузаштани чанде ин [чодар] ба якчанд чодарҳо тақсим шавад.
Ба ростӣ, нахустин андоме, ки таквин ёбад, дил аст, вале аз забони Буқрот ҳикоят кунанд, ки ӯ ба муҷиби мушоҳадаи ҳоли чӯҷаи андар хоя буда чунин гуфтааст: «Нахустин андоме, ки таквин ёбад, мағз [287] ва ду чашм аст».
Лекин дил андар оғози офарида шудан на андар ҳар гуна [ҷонваре] зоҳиру ҳувайдо бувад. Як беҳудагӯи дигаре сипас омада, гуфтааст: «Ҳақ он аст, ки нахустин чизи офаридашаванда ҷигар аст, аз баҳри он ки сари корҳо ғизогирист». Ӯ гумон кардааст, ки ҳол ба хоста ва салоҳдиди ӯст. Ин гуфтаи ӯ ҳам аз тариқи таҷриба фосид аст, зеро касони ба ин масъала диққат дода ҳолро на бад-он гунае дарёфтаанд, ки ӯ даъво кунад (558) ва ҳам аз тариқи қиёс.
Яъне агар ҳол ба гунае бошад, ки ӯ ҳамепиндорад ва бояд нахуст чизе офарида шавад, ки пешии феъли он мавриди ниёзмандӣ буда, андар адами он, ба ақидаи ӯ, ғизо гирифтан номумкин бошад, пас, бояд донист, ки ҳеҷ як аз андоми ҳайвонӣ то даме, ки аз барои пазируфтани ҳаёт ба воситаи гармии модарзодӣ омодагӣ ҳосил накунад, ғизо тақозо нахоҳад кард. Модом ки чунин аст, пеш аз офаридани андоми ғизодиҳанда офаридани андоме мавриди ни ёзмандист, ки аз сӯи он гармии модарзодӣ ва рӯҳи ҳайвонӣ бирасад.

пешина
аз 1215
навбатӣ