Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Гоҳе чунин рӯй диҳад, ки ҳар ду сӯрохҳои ёдшуда ба сабаби заъфи хеш васеъ шаванд ва ё аз сабаби рутубатҳои часпак ва ё рутубатҳои тариоварандаю ковоксозанда ва ба ёварии ягон дод задане, ё ҳаракате, ё афтидане, ё нигоҳ доштани мании ба ҷунбиш омада ва ҷаҳидан нагузоштани он, ё бар болои мард баромадани зан, ё нафасгир шудан ба ҳангоми ҷимоъе, ки хусусан бо шиками пур иҷро карда шавад ва инчунин ба ҳангоми ҷимоъ кардан аз паси хомии ғизо ва андар шикам ҷамъ шудани бодҳову бироз миёни он ду сӯрох шикофта шуда, ё чодарпиҳ, ё ҳиҷоб, ё ҳар ду, ё рӯда ва хусусан кӯррӯда, ки озод буда, бастагӣ нест, аз он фуруд оянд. Ё мумкин аст ба сӯи ин [сӯрохҳо] рутубатҳое аз тариқи рондани табиат битарованд ва ё ба иллати сардӣ ва хунро ба фазлаи обӣ гардонидани онҳо андар назди онҳо ин гуна [рутубатҳо] зода шаванд, ки гоҳе аз барои онҳо пардаи хоссе падид ояд. Гоҳе ба ҳангоми аз сабаби кӯфтагӣ, афтидагӣ ва ё бодҳои дамоваранда ба амал омадани [фатқ] ин рутубат хун, ё моддаи хунӣ ва ё дурдмонанде бувад (606) ва гоҳе инро бо афзори оҳанӣ муолаҷа кардан судманд аст. Баъзан андар он ҷой гӯшт бирӯяд ва гоҳе пӯсти хоя ситабр бигардад, ё аз сабаби ягон омосе сахт шавад ва ё фарбеҳ шуда, ба истисқои хоя монанд бигардад. Андар ин ҳол онро «удрату-л-лаҳм» (истисқои гӯштии хоя) хонанд. Гоҳе ҳамин гуна ҳолат андар пайғулаҳо ба амал ояд. Ё мумкин аст рагҳои пӯсти хоя дамида шаванд, ки ин ҳолатро «удрату-д-даволӣ» (истисқои рагии хоя) номанд. Ё мумкин аст он аз ғайри фатқ будан сахт ковок шуда, дароз бигардад ва ин низ истисқои хояро монад. Гоҳе фатқ боло аз хояҳо биафтад ва ба наздики пайғулаҳо ва боло аз онҳо, андар ноф ва боло аз он ва инчунин андар мезанойҳо ба амал ояд. Фатқе, ки бар фарози ноф биафтад, нисбат ба дигар намудҳои он хеле камёфт аст, аз баҳри он ки ин ҷойгоҳ бо мушакҳо ва чизҳои андар зери онҳо буда ва то гӯшаҳои онҳо густаришёфта тақвият дода шудааст. Гоҳе нофро баромадагие рӯй диҳад, ки ин низ аз қабили фатқ бувад. Он фатқе, ки бар забари ноф падид ояд, ҳар чанд ки камафзоиш ва андар оғоз бе дард аст, вале дорои аразҳои бад бувад, аз баҳри он ки чизи аз он беруномада рӯдагони борик буда, онҳо ба якдигар музоҳамат ва фишор оваранд ва бироз банд гардида, аз тариқи қай берун ояд. Ин гуна [фатқ] аз ҷинси иловус буда, мисли он беоромию тоса оварад. Аммо он фатқе, ки фурӯсӯи ноф аст, пазирои фарохшавии зиёдтар буда, бештар афзоиш ёбад, вале андар оғоз дард накунад.
Бидон, ки фатқи рӯда ва чодарпиҳ ҳарчанд ки хурд бошад ҳам, вале бемории қавӣ ва душвор аст ва фатқи обӣ ҳарчанд бузург бошад ҳам, вале бемории сабук бувад.
Нишонаҳо: Нишонаҳои муштараки фатқҳо фузуниест, ки зоҳир гардад андар миёни сифоқи андарунӣ ва мароқ ҳис карда шавад ва ба ҳангоми ҳаракат кардан ва андар хеш фурӯ бастани нафас бештар зоҳир гардад. Нишонаи он фатқе, ки ба фарохшавии маҷро вобастагӣ дорад, чунин аст, ки он андар пӯсти хоя аз ғайри ҳаракати сахт, дод задан ва дигар [сабабҳо] оҳиста-оҳиста падид ояд ва ба истисқои хоя табдил ёбад. Аммо фатқи боло аз [ноф] рӯйдиҳанда ногузир ба сабаби даридан ба амал

ояд ва хушксозӣ пеши онро гирфтан натавонад.
Нишонаи фатқи рӯдагии аз даридагӣ беруномада ин аст, ки ба ҳангоми бар пушт задан зуд пас бигардад ва хусусан ба ҳангоми бо даст фишор додан қароқур эҳсос карда шавад. Далели фатқи чодарпиҳӣ ва сифоқӣ он бошад, ки инҳо оҳиста-оҳиста падид оянд ва баробари ростии ниҳоди хеш андарун фурӯрафта буванд. Ба ҳангоми ин гуна истисқои хоя аксар вақт қур-қур ҳис карда нашавад ва ҳаҷмаш ба умқ хурд бувад. Гоҳе мумкин аст он пурра берун ояд, ҳаҷмаш бузург бошад ва ба душворӣ беҳ шуда, на чун фатқи рӯда бувад. Лекин ба ҳангоми совидан эҳсосе бидиҳад, ки ғайри эҳсоси фатқи рӯда, фатқи обӣ ва фатқи бодӣ бошад. Фатқи рӯдагӣ ва чодарпиҳӣ назар ба бодӣ ба душворӣ пас бираванд.
Фатқи рӯдаро аз тариқи совиш, азҳамкашида шудани пӯсти хоя, тобиш ва ҳамвории он бишиносанд. Ин ҳам пас нагардад ва дарун надарояд. Фатқи бод маъруф аст, чунки дамиши бодӣ зоҳир бошад. Фатқи бодӣ бидуни заҳмати зиёде ва дард пас бигардад ва гоҳе ин пасгардӣ зуд анҷом пазирад. Бар пушт хобидан ӯро зудтар аз ҳолати дигар пас нагардонад ва ҳукми он ба ҳангоми бар пушт хобидан ва ғайри бар пушт хобидан яксон бувад, аз баҳри он ки на дорои гаронист ва на лағжидагӣ. Аммо ҳол ба ҳангоми фатқи рӯдагӣ фарқ дошта, он ба ҳоли бар пушт задан каме сабуктар бигардад. Гоҳе ба ҳангоми фатқи бодӣ аз сабаби пӯсти хояро кашидан ва худи хояро пахш кардани он дардҳои сахт ба амал оянд. Нишонаи фатқи гӯштӣ он бошад, ки вай андар худи пӯсти хоя падид ояд, на андаруни он ва дорои сахтӣ, ситабрӣ ва дигаргунии шакл бошад. Гоҳе аз сабаби омоси сахт сангшавие ба амал ояд, ки онро «лауурис» номанд. Аммо истисқои рагии хояро бошад, аз тариқи рагҳои пур ва печидагии ба хӯшаи ангур монанди онҳо бишиносанд ва ба изофаи он хояҳо ковок шаванд ва фишурдани онҳо ва ҳаракат кардан номумкин бигардад. Он бахш аз ин истисқо, ки андар шараёнҳост, ба ҳангоми зер кардан бо ангушт парешон шавад ва он бахш, ки на андар онҳо, балки андар рагҳои варидии ин андомҳоро ғизодиҳанда ҷой дорад, аз зер кардан парешон нахоҳад шуд.
Муолаҷаҳо: Тадбири ҳамагонии худовандони фатқ ин аст, ки тарки пурӣ кунанд, ҳаракати бисёр накунанд, наҷаҳанд, якбора аз ҷой нахезанд ва ҷимоъ накунанд. Бадтарини ин корҳо онест, ки баъд аз пурии шикам карда шавад. Бояд тарки ғизоҳои бодовар кунанд, оби бисёр наошоманд, аз тамоми чизҳои нармсозанда ва ҳатто аз гармоба парҳез кунанд. Ҳар гоҳ ғизо бихӯранд, бар пушт бизананд, ба ҳангоми нишастан ва хусусан ба ҳангоми ҷимоъ фатқро сахт бибанданд ва бояд ҷимоъро бо шиками сабук кунанд. Бояд донист, ки ғараз аз муолаҷаи фатқ инҳост: ба қадри имкон даридагиро бисабзонанд; ё онро (607) зиёд шудан нагузоранд; чизи нармшударо бихушконанд; чизи ба ҳангоми он фурудомада агар чодарпиҳ ва ё рӯда бошад, пас бигардонанд; агар чизи ба ҳангоми он ҷамъшуда об ва ё бод бошад, онро ҳал намуда, моддаи афзояндаи онро боз доранд ва агар ҳал нашавад, тадбири берун карданашро бубинанд. Сипас сабзонидани даридагӣ ва ё нигоҳ доштани он аз зиёд шуданро бо ёрии доруҳои қависозанда ва часпакиоварандае ба амал ова ранд, ки дорои хусусияти қабзкунандагӣ бошанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ