Қонуни тиб

Ҳар қадар даридагӣ камтар бошад, гӯшт гирифтани он ҳамон андоза осонтар аст. Гоҳе аз барои ин доғ ниҳоданро ба кор баранд. Хушконидани онро бо ёрии доруҳои ҳалкунанда ба амал оранд ва андар ин ҳол низ гоҳе аз доғниҳӣ истифода кунанд. Чизи фурудомадаро аз тариқи сахт кашидану бастан баргардонанд. Чизҳои ҷамъшударо бо ёрии зимодҳои истисқоӣ ва чизҳои бад-онҳо монанд ҳал кунанд ва моддаи онро аз тариқи истифроғ овардан [313] ва муътадил сохтани ғизо пешгирӣ кунанд. Берун сохтани [чизи ҷамъшударо] бо ёрии доруҳои ниҳоят арақоваранда ба амал оранд ва ё афзори оҳанин ба кор бибаранд.
Илоҷи фатқи рӯда ва чодарпиҳ: Агар фуруд омаданаш ба сӯи пӯсти хоя бошад, баргардонидани он мумкин аст, вале нисбат аз баргардондани фатқи аз боло буда душвортар бувад, чароки [ба ҳангоми аз боло будан] баробари бар пушт хобонидани бемор ва бо даст каме зер кардан ба осонӣ баргардад. Агар фатқ зиёд бошад, ба хушконидани он чизе пардозанд, ки ба сабаби тарӣ фарох шуда бошад ва даридагиро ҷамъ сохта, аз барои сабзонидани он кӯшиш кунанд. Агар фатқ аз баргаштан руй бигардонад, беморро андар оби гарм нишонанд, фатқро бо доруҳои нармкунанда зимод ва латтапораҳои гарм гармибандӣ бикунанд, то пас бигардад. Сипас бар вай доруҳои ҷамъсозанда ниҳода, сахт бибанданд ва се рӯз бадин ҳол беморро бар пушт хобонда, нигоҳ доранд. Бастагиро бо ёрии рифодаҳои чаҳоргӯша ва он рифодаҳое анҷом бидиҳанд, ки аз барои ҷамъ сохтани ҳар ду лаби даридагӣ омода сохта бошанд. Гоҳе баъд аз бастан ва рост шудан аз болои ин [даридагӣ] доғ биниҳанд. Рифодаҳои гӯйшаклро ба кор набаранд, аз баҳри он ки онҳо боиси васеъ шудани [даридагӣ] хоҳанд шуд.
Ба ҳангоми фатқи бузург аз фароҳам овардани он чора нест, вале аз барои ин гуна фатқ набояд аслан оҳанро ба кор баранд. Доруҳои ошомидание, ки худованди фатқро судманданд, инҳост: саҷазаниё; ҷӯшонидаи гавзи сарв ва хусусан оне, ки андар вай саҷазаниё гудохта бошанд; ва гувориши зирагӣ. Зимодҳои бар даридагӣ ба кор барандаро бояд ба ҳангоме ба кор баранд, ки ҳар ду лаби даридагиро ҷамъ сохта бошанд, ҳар ду тухм ба боло турунҷида бошанд ва аз баргардондани чизи фурудомада фориғ шуда бошанд. Сипас яке аз ин зимодҳоеро бимоланд, ки аз абҳал, гавзи сарв ва барги он сохта шудаанд ва инҳо асосҳои зимодҳо буда, бар серманфаатии онҳо раъйи иттифоқ аст.
[Ин зимодҳо низ] аз муқл, касиро, самғи арабӣ, сирешми моҳӣ, сирешми пӯстҳо, мавизаки асалӣ, саморуғ (кумо)-и хушк, гӯштҳои харчангҳо, гул бо кулоҳакҳояш, ҳамаи чизҳои қабзкунанда, мастако, мӯрди хушк, моши муқашшар, мидод, барги ҳузази маккӣ, замчи яманӣ, тутум, газмозу, гили мағра, қантуриюн, сабри самангонӣ ва мурр бисозанд.
Нусхаи як зимод: се дирамӣ уша, кундур, сабри самангонӣ ва мавизаки асалӣ, ду дирам муқл ва як дирамӣ ақоқиё ва анзарутро гирифта, андар ҳован хурд кунанд ва аз аввали шаб онҳоро бо сирко тар созанд. Сипас, пагоҳӣ онҳоро бо миқдоре аз абҳал бисованд, бо пунбапорае ҷабида, бигиранд ва бар маҳалли дард ниҳода, бибанданд.
Як зимоди сабук: Аз мастако, анзарут ва кундур ба миқдори баробар гирифта, бо сирешме онҳоро ҷамъ со
занд, ки андар набизи мавиз гудохта бошанд. Сипас онро бар коғаз тило карда, бибанданд. Ба ҳамин монанд низ сабр, сирешм ва кундурро бигиранд. Низ: аз гавзи сарв, кундур, ақоқиё, гулнор, анзарут, хуни сиёвушон, мурр, ҳузаз ва абҳал бахшҳои баробар гирифта, нарм бисованд ва бо самғ маъҷун сохта, бар хоя ва ҳар ҷое, ки фатқ бошад, бичаспонанд ва то афтидан [нигоҳ доранд].
Як зимоди хубе, ки гоҳе фатқи кӯдаконро фароҳам орад: Даҳ дирам пӯсти анор ва панҷ дирам мозуи хомро гирифта, бо панҷ уқия шароби қабзкунанда сахт биҷӯшонанд. Сипас рӯдагонро ба барсӯ пас гардонда, бар он ҷой оби сард бирезанд ва ин зимодро аз болои он часпонида ҷуз ҳафтае як бор ва ё андар даҳ рӯз як бор боз накунанд.
Як зимоди аҷиб: Аз мастако, пӯсти кундур, гавзи сарв, мурр, сирешми моҳӣ ва анзарут бахшҳои баробар гирифта, сирешмро андар сиркои хамрӣ бигудозанд ва доруҳои боқимондаро бо ӯ ҷамъ намуда, аз онҳо зимод бисозанд.
Гоҳе кӯдаконро танҳо зимоде кифоят бошад, ки аз гулнор, (608) аспғул ва бехи савсани даштӣ бигиранд. Гоҳе эшонро зимод намудани наски обӣ, ки аз ҷумлаи обсабз аст, кофист ва ё агар фатқи эшон хусусан обӣ бошад ва онро муқли андар шароб ва равғани занбақ гудохта ва ё бо гунди бедастар гирифта, тило кунанд, кифоят бошад. Гоҳи дигар нармода (сиреш) бо писти ҷав аз барои эшон низ кофист.
Андар илоҷи фатқи обӣ: Фазлаи обии онро гоҳе аз тариқи ба тадриҷ сӯзан задан ва гоҳе бо ёрии зимодҳое истифроғ кунанд, ки фазлаи обиро берун оваранд. Баъди он ё бо оҳан ва ё бо доруҳои тезе доғ ниҳанд, ки бахшҳои ба фатқ алоқаманди сифоқро кашида, битурунҷонад ва бад-ин восита он ҷой танг шуда, фазлаи обиро фуруд омадан нагузорад. Ба ҳангоми сӯзан халидан ва нештар задан бояд хояҳоро ба барсӯ кашида, онҳоро аз пӯсти хоя сахт дур бисозанд, пеш аз ин бар зиҳор оҳак зада, мӯи онро бирезонанд, баъд беморро бар тахти хоб ва ё бар дӯкон бар пушт хобонида ва як хидматгорро аз бари рост бинишонанд, ки ӯ закари беморро ба боло кашида дорад ва сипас бо нештари паҳн онро нештар бизананд. Эҳтиёт бош, ки чизе аз дарзро нештар назанӣ, балки ё росттар ва ё чаптар аз онро ихтиёр намуда, мувозӣ ба дарз чок бикун. Кӯшиш кун, ки ҳамаи фазлаи обиро бирезӣ ва истифроғ намоӣ. Сипас туро ихтиёр аст, бигузор [модда] дубора ҷамъ шуда, пур шавад ва баъди чанде муолаҷаро аз сар гирифта, агар хоҳӣ бишикофӣ ва агар не, доғ ниҳӣ. Ба ҳангоми доғ ниҳодан як оҳани борики чангакдорро гирифта, мисли доғмонҳо сурх кунанд. Сипас хояҳоро ҳар қадар ки битавонанд, дуртар аз маҳалли доғниҳӣ бибанданд ва доғмонро бар болои пӯсти хоя ба тавре тоб диҳанд, ки ба хоя нарасад, вале ба пӯсти хоя ва бориторун расида, онро ҷамъ ва турунҷида кунад ва дигар андар он об надарояд. Доғмон ҳар қадар бештар фаро бигирад, ҳамон қадар хубтар хоҳад буд. Сипас хушкрешаро муолаҷа намуда, ҷароҳатро беҳ кунанд. Гоҳе андаке аз бориторунро бибуранд ва баъд аз он доғаш ниҳанд ва бар маҳалли дарида доруҳои қабзкунанда бигузоранд.
Беморро об ошомидан нагузоранд. Аммо зимодҳои қайлаи обӣ аз ҷинси зимодҳои истисқо ва испурч буванд.
Масалан, мавизак ва зираро гирифта, ба мавизи донааш барандохта аз тариқи кӯфтан ҷамъ созанд ва онҳоро мисли марҳам гардонида, зимод кунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор