Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Илтиҳоби сурхбод аз илтиҳоби фалағмунӣ на камтар, балки бештар бошад, лекин азҳамкашидагии фалағмунӣ ва ба сабаби азҳамкашидагӣ дардоварии он гоҳе бештар бошад ва бинобар он дарди сурхбод камтар бувад.
Аксар вақт, ки сурхбод ориз бигардад, андар рӯй ориз бигардад ва аз парраи бинӣ оғоз ёфта, омосаш афзоиш ёбад ва андар саросари рӯй бидавад. Агар сурхбод аз шикастагии устухони зери пӯст бархоста бошад, ин бад аст. Фарқи сурхбоди фалағмунӣ ва фалағмунии сурхбодиро андар дигар ҷой донистӣ.
Фасли панҷум илоҷи сурхбод

Ба ҳангоми он бояд танро аз тариқи исҳоли сафро овардан истифроғ бисозанд ва агар ба раг задан эҳтиёҷ бошад, низ раг бизананд. Раг задан ҳангоме сахт судманд аст, ки модда андар миёни ду пӯст ҷой гирифта бошад, вале агар фурӯтар ҷой гирифта бошад, судаш камтар бувад ва бошад, ки [моддаро бад-он ҷо] бикашад. Агар баъд аз раг задан ба дубора исҳол овардан эҳтиёҷ афтад, бояд чунин кард, вале ин вобаста ба он миқдори модда аст, ки ба тахмин муайян кунанд. Сипас бо ёрии доруҳои сардкунандаи қавие, ки андар боби фалағмунӣ баён шуданд ва бо рехтани оби сард ба сард сохтани он бипардозанд ва ин корро то ҳангоми дигаргун шудани ранг давом диҳанд, зеро сурхбоди холис баробари дигаргун шудани ранг ва коҳиш ёфтани он бигардад. Умуман, ба ҳангоми сурхбод сардиоварӣ аз ҳама заруртар аст, аз баҳри он ки афрӯхтагию дарди [61] аз афрӯхтагӣ ба амал оянда ҳангоми он бештар буванд, вале ба ҳангоми фалағмунӣ [аз ҳама заруртар] истифроғ аст, аз баҳри он ки моддаи он бештар саркашу ситабр бувад.
Доруҳои сардкунандаи сурхбод бояд андар марҳалаи оғоз сахт қабзкунанда буда, қабзкунандагиашон қариб беш аз сардифизоӣ бошад. Аммо ба наздики марҳалаи анҷом бояд сардифизоияшон шадидтар аз қабзкунандагӣ бувад.
Бо вуҷуди ин низ бояд эҳтиёт шуд, ки модда ба сӯи ягон андоми дарунӣ ва ё шариф пас наравад. Низ бояд эҳтиёт шуд, ки то андом сиёҳу тира гардида, роҳи табаҳ шуданро пеш нагирад. Ҳар гоҳ чизе аз ин ҳолатҳо падид ояд, ба тадбири хилофи қабзкунию сардиафзоӣ бипардозанд.
Агар сурхбоди бар болои пӯст хазанда бошад, онро бо рими арзиз ва якҷоя бо шароби тунде муолаҷа кунанд, ки онро бо барги чугундари андар шароб ҷӯшонида ҷӯшонида бошанд. Низ бо он доруҳое муолаҷа кунанд, ки ба изофаи сардиоварандагӣ ба таври қавӣ ҳалкунандаю хушкифизоянда буванд. Масалан, дувоздаҳу ним дирам пашминаи (117) куҳнаи сӯхтаи ношуста, якчанди он ангишти мағзи дарахти санавбар, понздаҳ дирам мум, нуҳ дирам рими арзиз, понздаҳ дирам пиҳи куҳани буз, ки бо об шуста бошанд ва панҷ уқия равғани мӯрдро бигиранд.
[Доруи] дигари аз ин ҳам сабуктар марҳамест, ки аз рими арзиз бо афшураи судоб, равғани гул ва мум бисозанд.

Фасли шашум
намлаи говарсӣ

Намла як ва ё якчанд табишест, ки бирӯяд ва андаке омос карда, бихазад. Вай гоҳе реш шавад ва гоҳе ба таҳлил биравад. Сабаби ҳар кадом аз инҳоро донистӣ. Ранги намла ба зардӣ бизанад ва худи он бо илтиҳоб буда, дорои қивоми озахӣ ва гирдашакл аст. Андар бештари ҳолатҳо буни он паҳн аст, вале як навъ аз он, ки бо номи «афрухурудун»134 маъруф аст, борикбун буда, чунон бинамояд, ки гӯӣ муаллақ аст. Ба ҳангоми ҳар гуна намла дарде чун газидани мӯрча ҳис шавад. Умуман, ҳар омоси пӯстие, ки паҳн шуда, вале ба андарун нагузарад, намла бувад, лекин чунонки медонӣ, бархе аз он говарсӣ ва бархе хӯранда бошад. Ҳар гоҳ агар ба решҳо табдил ёфта, ганда бигардад, онро ба таври махсус «тааффунӣ» номанд.
Фасли ҳафтум муолаҷаи намла

Ба ҳангоми намла ва дигар чизҳои ба равиши он буда агар ба истифроғи хилт ба миқдори лозимӣ пардохта нашавад ва гузашта аз ин [агар] решро бо доруҳои беҳкунанда муолаҷа кунанд, [намла] дубора андар ҷои дигари наздиктар ва ё андар худи ҳамон ҷой падид ояд ва пайваста пай дар пай пӯстро бихӯрад. Оби панир бо маҳмуда аз барои истифроғи моддаи намла ва монанди он судманд бувад.
Роҳи муолаҷаи намла он аст, ки ба ҳангоми намуди хӯрандаи он аз доруҳои тарифизояндаи ба ҳангоми сурхбод бакорраванда дурӣ ҷӯянд, зеро тариоварӣ созгори решҳо нест. Андар аввалҳои он на мисли коҳу, нилуфар, ҳамешабаҳор, обсабз ва хурфа ба кор бибаранд, балки агар ниҳоят зарур бошад, масалан, ангури сагак ва хусусан хушки кӯфтаи онро ба кор бибаранд. Зеро ин дорои хусусияти хушкиоварист. Ё масалан, забони барра, марвиҷон ва аз паси он наск, писти ҷав, пӯстҳои анор ва навдаҳои токро [бояд ба кор бурд]. Агар бими хӯра шудан ва ё реш шудан дошта бошад, бо ин доруҳои сардиоваранда миқдоре аз ангубин ва монанди он ва ё кӯфтаи кундурро бо сирко ба кор бибаранд. Обе, ки аз кундаи токи тар ба ҳангоми сӯхтани он ҳаметаровад, хуб аст. Ва саргини буз бо сирко ва ё саргини гов бо сирко низ ҳамчунинанд. Ҳар гоҳ реш гардидан ва ё хӯра шудан зоҳир шавад, қурсҳои Андарунро135 бо шароби қабзкунанда, ё сиркои омехта, ё афшураи хиёри даштӣ, намак, талхаи буз ва судобро бо натрун ва мурч ва ё натрунро бо пешоби кӯдак ба кор бибаранд.
Ба наздики Ҷолинус беҳтар он аст, ки як чизи найчамонанди нӯгтезеро аз қабили сари пар ва ё ғайри он бигиранд, ки бо он намларо андар гирифтан тавон. Сипас гирдогирди намларо бо тезии он то андарун ҷудо намуда, онро аз бун баркананд. Аммо [намлаи] амсоли кӯдаконро бад-ин гуна биравонанд, ки эшонро ба гармоба бибаранд ва ҳавои гармоба бидиҳанд. Сипас зуд аз он ҷой берун оварда, бар намлаашон равғани гулро бо оби гул тило кунанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ