Қонуни тиб

Доруҳои пасгардонандае, ки ба таври миёна таъсир кунанд, аз афшураи тараҳои сард иборат буда, мо онҳоро борҳо андар ҷойҳои дигар ёд кардаем. Мисоли инҳо афшураи хурфа, каду, коснӣ, садпайванд ва ғайра ва хусусан афшураи ангури сагак мебошад. Ҷирмҳои инҳо ба шакли кӯфта аз барои зимод кардан хубанд. Афшураи аспғул ва мумравған бо оби сард низ ҳамчунин буванд.
Гоҳе аз барои зиёни ин [омос] исфанҷе кифоят кунад, ки андар сирко ва оби сард оғушта бошанд.
Кокана андар оғоз таъсири қавӣ дорад ва пӯстҳои анор, ҳамешабаҳор ва писти ниҳоят пухта хусусан бо сиркои омехта ва ё бо тутум ҳамчунин буванд. Ҷомаи ғук низ хуб аст.
Агар ба доруи қавитаре аз инҳо эҳтиёҷ биафтад, андар онҳо сандал, ақоқиё, момисо, фуфил ва банг биафзоянд. Гиёҳе, ки бо номи «гиёҳи омосҳо»133 маъруф аст, андар оғоз хуб аст. Гоҳе хушкиоварӣ ва қабзкунандагии ин [доруҳоро] бо заъфарон қувват диҳанд. Андар марҳалаи оғоз тарифизоӣ намудан хатарнок аст.
Агар сардифизоӣ ба ифрот бирасад, гоҳе мумкин аст ба табаҳ шудани андом ва табаҳ шудани хилти андар омос банд гардида бибарад ва омос рӯ ба сабзу сиёҳ шудан биниҳад. Агар аз падид омадани ягон чизе аз инҳо бимнок бошӣ, маҳалли [бемориро] бо орди ҷав, печак ва бо он чизҳое зимод кун, ки дорои ковоккунандагианд. Агар ягон чизе аз инҳо падид ояд, маҳалли омосро нештар бизан ва пора кун ва то падид омадани риму пазиш интизор нашав. Ҳангоме чунин кор кунӣ, ки агар бибинӣ модда ниҳоят бисёр ҷамъ шудааст. Гоҳе аз ин андом бимирад. Бархе аз нештар задан берунтар ва бархе нишастатар бувад ва ин ба ҷои омос ва ҳоли андом алоқаманд аст. Ҳар гоҳ нештар задӣ, бо оби дарё ва ё дигар обҳои шӯр пухтаковрезӣ бикун ва бо чизҳое зимод бинеҳ, ки ковоккунанда бошанд. Агар ба об пошидану пухтаковрезӣ эҳтиёҷ набошад, танҳо бо доруҳои ковоккунада кифоят кун.
Бидон, ки ба кор бурдани доруҳои пасгардонандаи қавӣ андар оғоз ва доруҳои ба таври қавӣ ҳалкунанда андар анҷом бад аст ва ҳар қадар ки мумкин аст, аз ин кор барҳазар бош. Сардиоварии сахт боиси он чизе бигардад, ки медонӣ ва оби сард бинобар он яке аз он чизҳоест, ки бояд ҷуз ба ҳангоми, масалан, сурхбод аз он парҳез кунанд.
Ҳангоми ба шиддат ҳал кардан дард бихезад. Бинобар он агар андар оғоз аз барои ором сохтани дард тадбире андешиданӣ бошанд, ба зинҳор оби гарм, равғанҳои ковоккунанда ва зимодҳоеро, ки аз амсоли ин доруҳо сохта шудаанд, ба кор набаранд, зеро инҳо бо манъ сохтани таровиш, ки зарур аст, ба шиддат мухолифат кунад, лекин бояд ба истеъмоли гили армание пардохт, ки бо оби сард ва ё бо равғани гул шикаста бошанд. Беҳтарин равғани гул онест, ки аз гул ва равғани зайтун сохта бошанд, зеро равғани зайтун дорои хусусияти як миқдор ҳалкунандагӣ бувад. Ё ба [истеъмоли] наски бо гул ҷӯшонида ва ё мурдосанги бо равғани гул гирифта бипардозанд. Агар инҳо ва чизҳои ба равиши инҳо буда суд набахшанд, печакро ба кор бибар, зеро он андар марҳалаи оғоз ва анҷом сахт
созгор аст. Сармаҷ, карафс, хори хасак ва бодруҷ низ ҳамчунин буванд.
Бисёр бошад, ки дардро шароби ширини омехта бо равғани гул ва гузашта аз ин шираи бастаи ангур ва каме муми бар пашмина ниҳода, ё пашминаи зуфо, ки онро андар тобистон ба шакли сардкарда ва андар зимистон ба шакли нимгарм карда ба кор баранд ва ё исфанҷи андар шароби қабзкунанда, ё сирко ва ё оби сард таркарда фурӯ нишонанд. Заъфарон низ андар таркиби [доруҳои] оромкунандаи дард бидарояд.
Ҳар гоҳ бибинӣ, ки омос роҳи хуроҷ шудан пеш гирифтааст, сардсозиро бигузору роҳи тадбиреро пеш гир, ки омосро пурра пазонида, бикафонад. Ҳар гоҳ омос ба марҳалаи анҷом бирасад, аз истеъмоли, масалан, шибит, бобуна, хитмӣ, зағир ва монанди инҳо чорае нест, балки (116) гузашта аз ин бояд марҳамҳои диёхилунӣ ва босалиқуниро [ба кор бурд]. Марҳами зоги зард аз ғайри дард овардан хушконанда аст ва бинобар он ба кор бурдани он ба ҳангоми паст шудани афрӯхтагии фалағмунӣ созгор аст ва низ ҳангоме созгор аст, ки бими рим кардан набошад. Аз ҳама беҳтар он аст, ки аз болои вай пашминаеро андар шароби қабзкунанда оғушта, барниҳанд. Гӯшт камтар аз асаб ба хушконидан эҳтиёҷ дорад, зеро гӯшт бо андак хушксозӣ ба мизоҷи хеш бозояд. Камҳоҷаттарин гӯшт [ба хушксозӣ] онест, ки аз ҳама камтар шараён дорад.
Бисёр бошад, ки пеш аз пазиш ба нештар задан ҳоҷат биафтад. Бисёр бошад, ки нахуст барои кашидани омос аз сӯи андоми шариф ба сӯи андоми фурӯмоя бо василаҳои кашанда ҳилаҳо кунанд ва сипас ба муолаҷаи он бипардозанд. Ҳар гоҳ ба сар овардани ягон омоси гарме ниёзмандӣ бошад, бояд сари онро бо аспғул ва гирдогирди онро бо доруҳои гармихомӯшкунанда зимод кунанд.
Бояд тилоҳо ва зимодҳоро бо пар тило намуд, зеро бо ангушт дардовар аст.
Фасли чаҳорум сурхбод (саромос) ва намудҳои он
Сабабҳои сурхбод ва намудҳои онро андар Китоби нахустин донистӣ. Сурхбод аз фалағмунӣ бо он фарқ дорад, ки сурхбод намудортар ва рангинтар аст, вале аз фалағмунӣ сурхие бинамояд, ки ба сиёҳӣ ва ё сабзӣ бизанад ва бештар ранги хуни он андарун ниҳон бошад. Сурхии сурхбод ҳангоми бо ангушт зер кардан биравад ва ҷои он ба сабаби тунукии моддаи сурхбод ва пароканда шудани он сафед бигардад ва сипас [сурхӣ] зуд дубора боз ояд. Сурхии фалағмунӣ ин гуна нест. Андар сурхии сурхбод як миқдор заъфаронгунӣ ва зардӣ бибинӣ, вале инро андар сурхии фалағмунӣ мушоҳада нахоҳӣ кард.
Омоси сурхбод танҳо андар зоҳири пӯст аст, вале омоси фалағмунӣ андар гӯшт низ нишаста бошад. Сурхбоди холис бихазад, вале фалағмунӣ чунин нест. Сурхбоди римӣ обила кунад ва ин ҳол андар фалағмунӣ кам рӯй диҳад. Сурхбоди холис ба фишори даст муқовамат накунад, вале фалағмунӣ муқовамат хоҳад кард. Ҳар андоза фузунии хун бар зарда бешӣ дошта бошад, муқовамат зоҳиртар ва дарду дилзанӣ шиддатноктар буванд.
Сурхоб ба шиддаттар аз фалағмунӣ таб биоварад. Гоҳе гармии сурхбод ба ҷое бирасад, ки зоҳири танро бисӯзонад ва чизе падид ояд, ки онро «оташак» номанд, вале фалағмунӣ ин гуна нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор