Қонуни тиб

Зимодҳоро рӯзона ду бор ва шабона як ва ё ду бор бар [маҳалли беморӣ] биниҳанд. Ҳар қадар ки битавонӣ, доруҳои уфунатовар ба кор набар, зеро онҳо бадии иллатро афзунтар кунанд.
Бояд бар гирдогирди маҳалли [беморӣ] ва маҳалли сӯзиш пайваста гили арманӣ ва сиркову об ва дигар доруҳои сардиовару пасгардонандаи модда ниҳода шаванд.
Ба ҳамаи инҳо наздик пашминаи зуфоест, ки андар шароб тар карда бошанд. Ҳар гоҳ илтиҳоб бигардаду реш боқӣ бимонад, онро масалан бо марҳамҳои истоянда, марҳами диёбутомус ва дигар доруҳое муолаҷа кунанд, ки аз барои решҳои хӯранок андар Қарободин ёд шудаанд. Гавзи куҳани серравған «оташи форсӣ»-ро андар ин марҳала созгор аст.
Фасли ёздаҳум обилаҳои обӣ ва обилаҳои хунӣ
Обилаҳои обнок бар ду ваҷҳ падид оянд: якум ба сабаби фазлаи обие, ки ҳангоми ҷӯшидани хилтҳо ҷудо шуда, моддаро якбора ба маҳалли зери пӯст биоварад ва чун пӯстро назар ба маҳалли зери он фишурдатар дарёбад, андар он нуфуз кардан натавонад, балки ҳамчун обилаи обӣ андар он ҷой боқӣ бимонад; дуввум ин, ки ба ҷои фазлаи обӣ хун барояд ва аз зери [пӯст] рим ҷудо кунад.
Фасли дувоздаҳум андар баёни илоҷи обилаҳои обӣ ва обилаҳои хунӣ
Пок сохтани тан, раг задан ва монанди инҳо ҳама бар наҳвест, ки медонӣ ва тадбири ғизоиро низ бар наҳве ба кор бибаранд, ки ёд шудааст. Ҳангоми қариб зоҳир шуданаш бар вай, масалан, наски бо об пухта, ё пӯстҳои анор ва ё пӯсти чӯби анорро бо об ҷӯшонида биниҳанд.
Ҳар кадом аз инҳоро баъд аз ҷӯшонидан андар об ва нарм гардонидан нимгарм бар маҳалли [обила] биниҳанд. Ҳар гоҳ обилаҳои обӣ бароянд ва ту онҳоро муолаҷа кардан бихоҳӣ, обилаҳои пӯстситабрро нахуст бо сӯзан бишкоф, то чизи андарун буда битаровад. Обилаҳои тунукпӯст гоҳе худ бикафанд, вале набояд интизор шуд, балки инҳоро низ бишкофанд ва чизи андарунашон бударо андак-андак ба нармӣ фишурда, берун оранд. Сипас, ҳоли онҳо аз ду берун нест: ё беҳ шаванд ва ё реш.
Агар реш шаванд, онҳоро бо марҳамҳои сафедагӣ, мурдосангӣ ва монанди инҳо, хусусан бо марҳамҳое, ки андар таркиби онҳо, масалан, бехи савсани осмонгунӣ бидарояд, низ бо марҳамҳои сурхбоди хазандаи хӯранок ва намла ва бо дигар [доруҳое] муолаҷа кунанд, ки ёд кардем.
Як доруи мураккаб: як ратл мурдосанг, якуним ратл равғани зайтуни куҳан ва як ратл зирнихро гирифта, мурдосангро бо равғани зайтун ба андозае биҷӯшонанд, ки часпак нагарданд ва сипас зирнихро бар вай афкананд.
Низ як доруи дигари аз барои обилаҳое созгор, ки бар андомҳои таносулии мард (мазокир), лаб ва монанди инҳо ва умуман бар андомҳои аз ҳама бештар ба хушкиоврӣ муҳтоҷ бирӯянд: аз ҳар кадоми калқатор ва калқадис ҳашт [бахшӣ] ва аз бура ду бахш гирифта, онҳоро бо об бисованд ва ба кор бибаранд. Низ, саргини буз бо ангубин [хуб аст].
Ҳар гоҳ хушкрешиҳо ва гӯштҳои табаҳшуда бирезанд ва гӯшти дуруст бирӯяд, бо илоҷҳои хуроҷҳои сода муолаҷа кунанд. Гоҳе хушкрешиҳо ва гӯшти бадро доруҳои маъруф бирезонанд. Андар Искандария онҳоро бо гиёҳе, ки «сорофиёс»139 номанд ва низ бо норхас140 ва тараноҳикус141 бирезонанд. Равғани бобунаи говчашм аз барои резонидани онҳо хуб аст. Умуман, бо резонидани хушкрешиҳо машғул шудан ва боқиро бо илоҷи хуроҷҳои дуруст муолаҷа намудан кори бисёр хуб аст.
Яке аз доруҳои санҷидашудае, ки пешиниён онро тартиб додаанд ва бархе аз баъдомадагон онро ба худ нисбат додааст, чунин аст: аз анзарут, сабр, кундур, зангор ва сафеда бахшҳои баробар ва аз гили арманӣ якчанди ҳамагон гирифта, аз онҳо фундуқҳо бисозанд. Онро гирифта, андар сирко ва об ҳал кунанд ва бар маҳалли [беморӣ] пай дар пай тило кардан гиранд, (120) то он ҷой сахт турунҷида шуда, ба хушкрешӣ табдил ёбад. Он гоҳ агар андар зери ин [хушкрешӣ] рутубат бошад, худ ба худ биафтад ва ё эҳтиёҷ бад-он дошта бошад, ки онро канда биафтонанд. Ин корро пайваста то пурра рехтани ҳамаи он давом бидеҳ.
Фасли сездаҳум андар баёни буштурам
Буштурам табишҳои хурди сатҳиеанд, ки ба обилаҳои хунӣ монанд буда, каме ба сурхӣ бизананд. Онҳо хоришноки тосаоваранда буда, андар бештари ҳол якбора падид оянд. Гоҳе чунин ориз бигардад, ки аз онҳо рутубат ҷорӣ шавад ва гоҳе хунӣ бошанд. Аксар вақт онҳо шаб шиддат ёбанд ва тосаву андӯҳоварии онҳо низ шиддат ёбад.
Сабаби ин бухори гармест, ки ё аз хуни зардавӣ ва ё аз балғами бурагӣ якбора андар тан ба шӯр ояд. Буштурами хунӣ бештар сурху гарм буда, зудтар зоҳир бигардад, вале ба ҳангоми балғамии он ҳамаи ин [аразҳо] сусттар падид оянд. Шиддатёбии балғамӣ ба шаб бештар аз шиддатёбии хунӣ бувад. Агар буштурам маҳалли васеъеро фаро бигираду беморро раг назананд, бими падид омадани таби рӯзафкан бошад. Бояд андар муҳлате раг зад, ки миёни ин ҳолу оғозёбии [буштурам] ҷой дорад.
Фасли чаҳордаҳум илоҷи [буштурам]
Агар хун ғолиб бошад, бояд зуд ба задани раг шитофт
ва сипас агар қувват бардошт кунад, бо ёрии, масалан,
ду бахш ҳалилаву як бахш ёра ба исҳоли сафро бипардозанд. Як ошомидании ин [таркиб] се дирам буда, бо
сикангубин бидиҳанд. [Хориши ] онро, масалан, бо
тамри ҳиндӣ, оби ҳар ду навъи анори бо пӯстҳо гирифта, ё бо оби анори нордони бо пӯстҳо гирифта, ё бо оби
таркардаи зардолу, оби дӯғ ва ё бо қурсҳои кофурии та бошир ва бо оби анор таскин диҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор