Қонуни тиб

Ба бемор ҳар рӯз як чанд бор оби гарм ошомондан яке аз тадбирҳои судманд буда, табиати ӯро нарм кунад. Яке аз чизҳое, ки буштурамро фурӯ нишонад, оби таркардаю полидаи тутум буда, аз он се уқия ба кор баранд ва низ аз таомҳо тафшила бо сирко, равғани зайтун бо равғани бодом ва сирко, равғани зайтун бо оби ғӯра ва дӯғ мебошанд.
Агар хилт буранок бошад, танро бо ҳалила ва нимчанди он турбид истифроғ оваранд. Як ошомидании ин се дирам бувад. Низ ба бемор як уқия гавзи сабзи сарвро бо як дирам сабр бидиҳанд. Ё гули кофшаро гирифта, бисованд ва бо сиркои туруш шикаста, ба бемор бидиҳанд.
Ё ба бемор оби гули сурх ва ё оби андар кӯзаи нав гирифта бидиҳанд. Аз барои буштурами балғамӣ як дирам кабобаро бо се дирам шакар ва ё се дирам тухми панҷангуштро бо шири навдӯшида ба кор бибаранд.
Яке аз доруҳое, ки чун онро санҷидаанд, барои ҳамаи намудҳо созгор омадааст, [доруи зерин бувад]: ду дирам пудина, ду дирам табошир, ним дирам гули сурх ва як қирот кофурро гирифта, бо оби анори туруш ба бемор бидиҳанд.142 Ё ба бемор ба ношита абҳал биошомонанд.
Фасли понздаҳум андар баёни хӯра, табаҳ шудани андом ва фарқи миёни ғонғроно143 ва сафоқулус144
Гуфтор андар баёни ин гуна чизҳо аз ваҷҳе муносиби он гуфторест, ки андар баёни чизҳои ёдшуда омад. Мо мегӯем: андомро табаҳ шудану гандидан ба сабабе падид ояд, ки он ё рӯҳи ҳайвонии андар он бударо табаҳ кунад, ё онро бад-он сӯ омадан нагузорад ва ё ҳар дуи ин хусусиятҳоро андар хеш дошта бошад. Мисоли ин заҳрҳои гарму сардест, ки бо гавҳари хеш зидди рӯҳи ҳайвонӣ буванд, ё масалан, омосҳо, табишҳо ва решҳои бади хазандаеанд, ки дорои гавҳари заҳрнок бошанд ва ё [решҳое] буванд, ки ба хато муолаҷа кунанд, чунончи ба хато андар решҳои андарун рафта равған бирезанд ва аз он гӯшт гандида шавад ва ё ба хато омосҳои гармро сахт сардифизоӣ кунанд ва аз он мизоҷи андом табаҳ шавад.
Аммо сабаби боздорандаи [рӯҳ] судда аст. Ин гуна судда гоҳе аразии берунист. Чунончи бархе андомҳоро аз бун бисёр сахт бибанданд ва агар ин ҳол дер давом кунад, андом табаҳ бигардад, зеро рӯҳи ҳайвонӣ аз сӯи он баста бошад ва ё қуввае баста бошад, ки бар рӯҳи ҳайвонии андар он буда бидамад ва андар дил аз туфайли нафас густариш ёбад. Бинобар он мизоҷи ин андом табаҳ шуда, худи он бимирад. Ё мумкин аст [63] ин судда суддаи баданӣ бошад. Мисоли ин омоси гарми бади устувори бузург ва ситабрмодда буда, он гузаргоҳҳо ва даромадгоҳҳои нафасеро бибандад, ки бо ёрии он рӯҳи ҳайвонӣ зиндагӣ кунад. Ин ба изофаи бастани [роҳи нафас] гоҳе мизоҷро низ табаҳ созад.
Ҳар чӣ аз ин ҳолатҳое, ки андар оғоз ҷой дошта, ба ҳангоми он ҳисси [андоми] ҳассос табаҳ нагардад ва хусусан агар андар оғоз фалағмунӣ бошад, онро «ғонғроно» номанд. Он чи аз инҳо аз ҷиҳати устуворӣ ба андозае бирасад, ки ҳисси андоми ҳассосро бекор созад, зеро вай гӯшт ва чизҳои бад-он пайвастаро то ба ҳадди устухон (121) ё аз аввал ва ё баъд аз варам кардан табаҳ
карда бошад, инро «сафоқулус» хонанд. Гоҳе ғонғроно сафоқулус бигардад ва зиёда аз ин вай яке аз роҳҳои ба амал омадани [сафоқулус] бувад.Ҳар яки аз инҳо андар гӯшт ва гоҳе андар устухон ва дигар [андомҳо] падид ояд.
Ҳар гоҳ андомро табаҳсозии онҳо ба хазидан пардозад ва гирдогирди маҳалли табаҳшуда ба тавре варам кунад, ки низ боиси табоҳӣ бигардад, андар ин ҳол маҷмӯи ин чизи оризшударо «хӯра» ва ҳолати он бахш аз андомро, ки гандида бошад, «мурдан» гӯянд. Агар модда ситабр намебуд, истодан наметавонист ва [ба сӯи берун] зада мебаромад.
Фасли шонздаҳум андар илоҷ
Ба ҳангоми ғонғроно то даме ки андар марҳалаи оғоз аст, умеди муолаҷа ҳаст, чун табаҳкории ӯ андар гӯшт устувор гардид, аз дур сохтани ҳамаи он чора нест. Ҳар гоҳ бибинӣ, ки андом тағйири ранг намуда, рӯ ба гандидан ниҳодааст, бояд зуд ба ниҳодани [марҳамҳое] аз қабили гили арманӣ ва гили набишта бо сирко бипардозӣ, ки пеши гандиданро бигиранд. Агар ин суд набахшад, ногузир бояд аз чанд ҷой ба намудҳои гуногун нештари амиқ бизанӣ, девча бигузорӣ ва рагҳои борики бад-он ҷой наздикро бизанӣ, то ки хуни бад берун ояд ва баробари он бояд гирдогирди он маҳалро, масалан, бо тилоҳои ёдшуда муҳофазат намуд. Бар худи маҳалли нештарзада доруҳое биниҳанд, ки монеи гандидан ва зидди он буда, таъсираш сахт фурӯ нишинад. Мисоли инҳо орди говдона бо сикангубин ва ё бо орди боқилӣ ва хусусан омехта бо намак бувад. Яке аз чизҳое, ки бар вай тило кунанд, ангужад ва низ тухми газна мебошад.
Як доруи санҷидашуда: як бахшӣ аз зарованди гирд ва афшураи барги шафтолу145 ва ним бахш аз зангор гирифта, ҳамаро бо об бисованд, то ба дараҷаи сахтии ангубин бирасад, сипас реш ва атрофи онро тило кунанд.
Яке аз доруҳои боздорандаи хӯра чунин аст: аз зангор, ангубин ва замч ба миқдори баробар гирифта, чун бар [реш] бимоланд, онро аз [хӯра шудан] боз дорад, бахши гандидаро бирезонад ва маҳалҳои бад-он наздикро саломат бидорад.
Ҳар гоҳ [беморӣ] аз ҳоли омосидан ба ҳоли табаҳ шудани ранг бигузарад ва [андом] ба нарм шудану андаке тар шудан бигарояд, пас, он роҳи гандидан пеш гирифта бошад ва андар ин ҳол бояд бар вай ба миқдори баробар зарованди гирд ва мозу бипошид, то инҳо ӯро бихушконанд. Ҳамчунин зог ва қалқатор хусуан бо сирко ва барги гавз хубанд. Низ ба тариқи тило ба кор бурдани хиёри даштӣ ва афшураи он ҳамчунин бувад.
Ҳар гоҳ бархе аз гӯшт ба табаҳ шудан оғоз кунад, онро бибур ва ё бо ёрии, масалан, қурсҳои Андарун146 бирезон. [Қурсҳои] фалдафиюн аз ин ҳам қавитаранд.
Ҳар гоҳ як қабат аз онро резондӣ, нахуст онро тадбир намуда, равғани зард бимол ва сипас боқимондаро бирезон. Ҳамин тариқ то расидан ба гӯшти дуруст [амал кун]. Зоги сурх аз барои ҷунбонии гӯшт ва гандидагии он пошидании хубест. Ҳар гоҳ гандидан оғоз ёбад, онро бо буридану ҷудо сохтан бартараф масоз, зеро аз ин иллат бузургтар бигардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор