Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҳар гоҳ омоси гирди гандидагӣ афзоиш ёбад, аз барои он пистро бо афшураи банг сутудаанд, вале ба наздики ман ин хуб нест. Баръакс, ин гуна чизро бояд бар маҳалли солим кор фармуд, то ки [гандиданро] боз дорад ва бигардонад.
Ҳар гоҳ андоми гандидаро буридӣ ва хусусан агар ин андар андомҳое аз қабили шарми пешу пас ҷой дошта бошад, ки ба сабаби гармии худ ва ҳамсоягии фазлаҳои ба сӯяшон ҷоришаванда зуд гандагипазиранд, бояд гирдогирди маҳалли онро бо оташ доғ ниҳӣ, ки ин кори оқилона бувад ва ё бо доруҳое доғ биниҳӣ, ки доғмонандаи сӯзонанд.
Ин буд он миқдор аз гуфторе, ки андар ин ҷой гуфтанӣ будем ва андар гуфтаҳои мо оид ба решҳои гандида низ чизе дарёбӣ, ки бояд ба ин боб изофа намуд.
Фасли ҳафтдаҳум андар баёни тоунҳо

[Пизишкони] аз ҳама пешин бо он исме, ки ба арабӣ [минбаъд] «тоун» тарҷима шудааст, ҳар гуна омосеро меномиданд, ки андар андомҳои дорои гӯшти ғуддаӣ ва тиҳӣ падид ояд. Ин [андомҳо] ё ҳассос буда, мисоли он гӯшти ғуддаии хояҳо, пистонҳо ва буни забон бувад ва ё бе ҳисс буда, мисоли он гӯшти ғуддаие бувад, ки андар зери бағал, пайғула ва монанди он ҷой дорад. Сипас, бо ин [исм] ба изофаи он омоси гарми қаттолро меномидагӣ шуданд ва баъдтар ҳар гуна омосеро номиданд, ки ба сабаби ба гавҳари заҳрнок табдил ёфтани моддаи он ва табаҳ сохтани андому дигаргун намудани ранги атрофи он қаттол бувад. Гоҳе мумкин аст аз он хун, зардоб ва монанди он битаровад ва аз тариқи шараёнҳо ба сӯи дил кайфияти бад расонида, қай, хафақон ва беҳушӣ ба амал оварад. Ҳар гоҳ аразҳояш шиддат ёбанд, [беморро] бикушад. Чунин ба назар мерасад, ки ҳамин намуди охиринро пешиниён (122) «қумото» меномиданд.
Ин гуна омоси қаттол ба зарурат аксар вақт андар андомҳои нотавоне аз қабили зери бағал, пайғула ва паси гӯш ориз бигардад. Бадтарини он [омосҳои] зери бағал ва паси гӯш аст, аз баҳри он ки инҳо ба андомҳои аз ҳама сарвартар наздикӣ доранд. Некфарҷомтарини тоунҳо аз тоунҳои ғайри қаттол тоуни сурх ва сипас зард бувад.
Аз тоуне, ки ба сиёҳӣ бигарояд, ягон кас раҳоӣ нахоҳад ёфт. Тоунҳо андар [солҳои] вабоӣ ва андар шаҳрҳои вабодор бисёр ба амал оянд.
Номҳои юноние аз барои чизҳое шабеҳи тоунҳо [андар китобҳо] дарҷ шудаанд, аз қабили «турфрис»,147 «қумото», «қумоҳило»148 ва «ютус»,149 ки ба наздики мо миёни мусаммоҳои онҳо чандон фарқи зиёде нест.
Фасли ҳаждаҳум андар илоҷ

Аммо аз тариқи раг задан ва ё аз тариқи он тадбире
истифроғ воҷиб аст, ки марҳалаи [беморӣ] таҳаммули он
кунад ва ё тақозои онро дошта бошад ва ин хилти гандидаро берун хоҳад овард. Сипас бояд бо доруҳое ба муҳофазат ва тақвияти дил пардохт, ки сардиовару хушбӯянд. Мисоли инҳо дилаи турунҷ ва лиму, ё руббҳои
себ ва биҳӣ ва ё анори туруш мебошад. Ба [бемор] гул,
кофур ва сандал бибӯёнанд ва аз ғизоҳо, масалан, наск

бо сирко ва масуси ниҳоят туруше бидиҳанд, ки аз гӯштҳои тиҳу ва бузғола сохта бошанд.
Хонаи беморро бояд бо яхи бисёр, барги бед, бунафша, гул, нилуфар ва монанди инҳо фаро гирифт ва бар дилаш тилоҳои қависозандаи сардиовареро ниҳод, ки аз қабили доруҳои маъруфи худовандони хафақони гарм ва худовандони вабо буванд. Умуман, тадбири эшон чун тадбири касонест, ки аз ҳавои вабоӣ бемор шуда бошанд.
Аммо худи тоун ва он чиро, ки ба равиши вай буда, [пеш аз ин] номбар карда шуд, андар оғоз бо доруҳои сардиовару қабзкунанда ва бо исфанҷе муолаҷа кунанд, ки андар об ва сирко, ё андар равғани гул, ё равғани себ, ё [равғани] дарахти мастако ва ё равғани мӯрд оғушта бошанд. Ҳамаи инро андар оғоз [ба кор баранд] ва сипас агар имконият бошад, бо нештар задан муолаҷа намуда, чизи андар вай бударо бирезонанд ва нагузоранд, ки он афсурда шуда, заҳрнокиаш биафзояд. Агар аз барои ба нармӣ кашидани [модда] эҳтиёҷ ба миҳҷама биафтад, чунин кунанд. Он тоуне, ки гавҳараш хуроҷист, бояд ҳангоми марҳалаи анҷом ва ё ба наздики анҷомёбӣ ба римоварии он машғул шаванд. Агар андар ин миён таб ҷой дошта бошад, гоҳ-гоҳе сардифизоӣ кун, то модда ба пас бар нагардад. [Омосро], масалан, аз тариқи дорурезӣ намудан бо оби бобуна, шибит ва дигар доруҳои римоварандаи латифе римоварӣ кунанд, ки мо онҳоро андар бобҳои хуроҷҳо ёд хоҳем кард. Гуфтаанд, ки «қумото» ва «булус»150-ро зимоди пари сиёвушон, сармаҷ, печак, бехи хитмӣ бо каме уша, ангубин бо шароб, ё мавизаки аслӣ бо ротиёнаҷ ва мумравған, ё шухи ошиёни магаси ангубин ва боқилии мисрии андар сирко тар карда, ё бехи хиёри даштӣ бо сақизи хинҷак, ё натрун бо [анҷир] ва ё бо хамирмоя суд доранд.
Фасли нуздаҳум омосҳое, ки андар ғуддаҳо падид оянд

Омосҳои ғуддаӣ, ки на ба равиши тоунҳо бигузаранд, гоҳе андар резишгоҳи моддае падид оянд, ки ҳангоми буҳрон [бад-он сӯй рехта бошад], гоҳе андар резишгоҳи [моддаҳое] падид оянд, ки аз сӯи андомҳои аслӣ рехта бошанд ва гоҳе решҳо ва омосҳои дигаре боиси онҳо бигарданд, ки бар [андомҳои] атрофӣ рӯида бошанд ва моддаҳо ҳангоми ба сӯи онҳо таровидан андар роҳ аз назди он гӯштҳо бигузаранд ва андар онҳо бичаспанд. Чунончи пайғула ва зери бағали касонеро чунин омосидан рӯй диҳад, ки бар пойҳо ва дастони эшон гар ва ё решҳо ҷой дошта бошанд.
Ин омосҳо гоҳе ба ҳангоми пурии тан ҷой дошта бошанд ва гоҳе тан чандоне пур набошад.
Илоҷи инҳо, чунонки донистӣ, бар хилофи омосҳои дигар буда, аз рондани [модда] оғоз накунанд ва зуд ба ин кор напардозанд, вале истифроғи аз тариқи раг задан ва исҳол яке аз тадбирҳои зарурист. Аммо илоҷҳои дигарро ба қадри имкон то ҳангоме мавқуф гузоранд, ки ҳоли [беморӣ] маълум бигардад. Агар [омос] ба тариқи буҳрон ва ё ба тариқи ронда шудани модда аз сӯи ягон андоми сарвар падид омада бошад, [64] албатта, пеши онро набояд гирифт, балки моддаро ба ҳар гуна василае, ки набошад, ҳатто бо ниҳодани миҳҷама, ба сӯи андоми [омоснок] бикашанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ