Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Андар ин ҳангом туро аз нештар задан чора нест ва баробари он эҳтиёт бош, ки корд ба андомҳои гиромии аз паси хуроҷ буда нарасад, зеро ки расидани корд ба онҳо хатарнок аст.
Низ, ҳол ба ҳангоме чунин аст, ки агар ситабрии моддаро ба ҳадде дарёбӣ, ки намепухта бошад, ё гармии модарзодии андом ба ҳадде кам бошад, ки аз он туро бими напухтани [модда] ояд, ё туро бими он бошад, ки [гармӣ] ба сабаби нотавонии худ пазиши ғайри ростинӣ ба амал оварад, ё агар хуроҷ ба наздики пайвандгоҳҳо ва андомҳои сарвар ҷойдошта бими табаҳ сохтани онҳоро дошта бошад ва ё агар аз барои пазиш ба доруҳои часпакиоварандаю пазонандае такя кунӣ, аз эҳтимол дур нест, ки доруҳои часпакиоваранда насимро андар масомҳо гузаштан намонанд ва доруҳои пазонанда ҳарорати заъифе ба амал оваранд. Ҳамаи инҳо бар гандидани андом ёварӣ кунанд. Бинобар он андар амсоли ин ҳолатҳо аз нештар задани нишастатар ва шикофтани амиқ чора нест ва сипас аз болои он доруҳое ба кор бибарӣ, ки ба ғоят ҳалкунандаю хушксозанда буванд. Бояд шикофтану нештар задан ба дарозои лифи асаби андом биафтад, вале агар аз бими падид омадани ташаннуҷ кори он андомро қатъ кардан бихоҳанд, лифро бар паҳно бибуранд ва беморро аз оқибати бимнок бираҳонанд. Аксар вақт дарозии лиф ба истиснои бархе андомҳои махсус [андар ҳама ҷо] бар дарозои тан бувад ва низ дарозии лифро ба ғайр аз андомҳои махсусе аз қабили пешонӣ [дигар андар ҳама ҷой] ба равиши шикасти чинҳову ожангҳо дарёбӣ.
Ба маҳалли шикофта ва нештарзада на бояд ягон об, равған ва ё ягон чизи пиҳнок бирасад ва агар аз шустан чора набошад, бо оби ангубин, ё оби бо шароб ва ё бо сирко бояд шуст. Агар баъди шикофтан омос ва афрӯхтагӣ шиддат ёбанд, бар вай наск зимод кун, вале агар бад-он эҳтиёҷ набошад, доруҳои гӯштрӯёнанда ва марҳамҳоро ба кор бибар.
Бидон, ки ин гуна шикофтан зояндаи зардоб, чирк ва реши равон аст, вале агар он зарур шавад, чораи дигаре нест.
Беҳтар он аст, ки то пухтани маҳалҳои гӯштноки камасабу камраг сабр намуд. Бидон, ки хуроҷҳои санавбарии (126) барҷастаи нӯгтез чи пеш аз пазиш ва чи баъди он ба шикофтан кам эҳтиёҷ пайдо кунанд.
Фасли бисту ҳаштум тадбири пазонидани хуроҷҳои берунӣ ва ҳилаи римоварии онҳо

Бояд гармии доруҳои пазонанда ба гармии тан наздик
ва худи онҳо дорои як миқдор хусусияти часпакиоварӣ
бошанд. Аз ҷумла дорурезӣ намудан бо оби нимгарм ва
зимод сохтан бо орди гандум ва ё ҷав андар дараҷаҳои
аввал биистанд. Гандуми хоида андар ин бобат аз ҳама
хубтар аст. Нон бо об ва равғани зайтун, ё мум бо заъфа

рон ва кӯфтаи кундур, зифт бо равғани гул ва пиҳи хук, ё зимоди хитмию зағир, низ зимоди анҷири хушки ширини сердила ба танҳоӣ ва ё бо орди ҷав [судманданд]. Орди ҷав низ хусусан ҳангоме [хуб аст], ки андар он зуфо ва саътари баррӣ биафзоянд ва ё онро бо обе ҳамроҳ кунанд, ки андар он зуфо ва саътари барриро бо каме намак на ба ифрот ҷӯшонида бошанд. Гоҳе андар он ягон пиҳ ва ё равғане биафзоянд. Аз ин ҳама қавитар тухми сипандон бо сақизи хинҷак мебошад.
Доруҳои мураккаби иборат аз мавиз, майъа, борзад, мурр, лозан, ротиёнаҷ, равғани гов, мастако, зуфои тар, бехи хиёри даштӣ ва бехи хуни сиёвушонро [ба кор баранд]. Марҳами Ҷолинус бо равғани беданҷир аз ғайри мум ва хусусан ҳангоме [хуб аст], ки агар онро андар равағни зайтун бигудозанд. Марҳами Зулус153 ва марҳами босалиқун низ ҳамчунинанд. Яке аз доруҳои хуб санги рӯшноӣ бо уша аст, ки онро бар хуроҷ то худ ба худ афтидан биниҳанд.
Фасли бисту нуҳум андар баёни тадбири хуроҷҳои беруние, ки пухта бошанд

Ҳар гоҳ хуроҷи ситабрпӯстеро дарёбӣ, ки баъди пухтан ҳам аз он умеди кафидан нест ва низ андар он ҷой рагҳо, ватарҳо ва асабҳо ҷой доранд, бояд онро шикофт, зеро агар хунобаро ба ҳоли хеш бимонӣ, вай табаҳ шуда, рагҳо ва лифи асабро табаҳ кунад ва бихӯрад. Аз ҳама сахттар он аст, ки ба наздики пайвандгоҳҳо ҷой дошта бошад.
Ҳангоми шикофтан ҷойгоҳи хунобаро биҷӯй ва бикӯш, ки ҳар ҷо мумкин бошад, даҳони шикофтагӣ ба фурусӯ биафтад. Агар қабати болоии хуроҷ фарбеҳ бошад, онро танҳо ба қадри як шикофтагӣ бишикоф, зеро ҷисми фарбеҳ ба чизи аз паси худ буда намечаспад,154 вале агар ин [қабат] лоғар бошад, хуроҷро ба тамоми дарозо пора кун.
Бидон, ки маҳалли дорои хунобаро бо даст ва хусусан бад-ин гуна метавон муайян кард, ки бо як ангушт онро зер кунӣ ва бо ангушти дигар ва ё ҳатто бо ангушти дасти дигарӣ ҳам бошад, дошта, бисанҷӣ, ки оё аз фишурдан чизе ронда мешавад, ё не. Маҳалли хуноба низ аз тариқи ба сафедӣ майл намудани ранги хеш маълум бигардад. Оне, ки пухта набошад, ба сурхӣ бизанад. Гоҳе маҳалли хуноба ба иллати хуб набудани он ба сабзӣ ва зардӣ бизанад. Эътимод асосан ба ламс аст, на ба биниш, вале [далели] биниш ёридиҳанда бувад.
Чокро бояд ба равиши рахҳои табиии чинҳо зад, вале ба ҳангоми зарурат ва на андар андомҳое, ки вазъи лифи онҳо аз ҷиҳати дарозӣ бар хилофи вазъи чинҳост. Зеро агар ба ҳангоми шикофтани хуроҷе, ки андар пешонист, ба равиши чинҳо амал кунӣ, пӯсти пешонӣ бар болои рӯй хоҳад афтид. Баръакс, андар ин ҳол эҳтиёҷ бад-он аст, ки равиш бар хилофи чинҳо бошад. Аммо андар мисли пайғулаҳо бояд ба равиши чинҳое рафтор намуд, ки бар паҳноии пӯст хобидаанд.
Ҳар гоҳ хуроҷро шикофтӣ ва чизи андар вай бударо берун сохтӣ, воҷиб он аст, ки зуд ба часпонидани пӯст бо гӯшт бипардозӣ, то ки он дарида, сахт нашавад ва ба ҷое нарасад, ки дигар начаспад ва андар он тиҳигие падид наояд, ки пайваста рим карда, боз дубора мисли хуроҷи аввала бигардад ва ҳар бор, ки онро хушк кунӣ, зуд дубора пур шавад ва ба ҳақиқат ба як намуде аз решҳои равон табдил ёбад.

пешина
аз 1215
навбатӣ