Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Пеш аз часпонидан бояд онро зуд пок созӣ ва агар туро лозим ояд, бар сари дуке пораи дурушт печонида, бидарор ва бо он покаш бикун ва бисов.
Сипас пӯстро барниҳода бичаспон ва кашида бастанаш ба тавре, ки мо андар боби чӣ гунагии бастани мағокиҳову решҳои амиқ баён хоҳем кард, бояд дурусту хуб бувад. Бояд ба ҳангоми шикофтан он шартҳоеро риоя намуд, ки мо ёд кардем. Сипас бояд маҳалли аз ҳама пухтатар, сергӯшттар ва аз рагҳо, шараёнҳо ва ватарҳо дуртарро шикофт.
Антилус гуфтааст: «Агар хуроҷ андар сар бошад, онро рост чок кун ва бояд ба [равиши] решаи растаи мӯйҳо бошад, на ба паҳнои он, то мӯйҳо онро бипӯшонанд ва чун беҳ шавад, ба чашм нанамояд». Ӯ низ гуфтааст: «Агар [хуроҷ] андар маҳалли [66] чашм бошад, мо онро бар паҳно бишкофем, агар андар (127) бинӣ барояд, рост ва ба андозаи дарозии бинӣ бишкофем ва агар ба наздики чашм ҷой дошта бошад, мо онро ба шакли сари ҳилол бурида, каҷии онро ба фурӯсӯ бигардонем. Агар хуроҷ андар манаҳҳо бирӯяд, онро рост чок кунем, аз баҳри он ки ин ҷой рост таркиб ёфтааст ва ин аз ҷасадҳои пирон пайдост.
Аммо хуроҷи паси гӯшро рост бизанем. Ҳамаи [хуроҷҳои] оринҷ, хурдаи даст, даст, ангуштон ва пайғулаҳоро ба дарозо бишикофем».
Ӯ гуфтааст: «Агар [хуроҷ] ба наздики ронҳо бошад, мо онро гирд бишкофем ва шикофтани гирд он бошад, ки баробари ба дарозои тан буридан, андаке аз паҳнои он низ бигиранд. Зеро агар ин ҷойро ба шакли гирда набуранд, мумкин аст андар он ҷой моддаҳо фароҳам омада, ба реши равон табдил ёбанд. Онеро, ки ба наздики мақъад ҷой дорад, низ ҳамин гуна бишкофем, зеро он макони рутубатест, ки эҳтимоли фароҳам омадан дорад. [Хуроҷи] андар бар ва устухонҳои паҳлу бударо ба вуреб, вале андар хояву нара бударо рост бишикофем».
Ӯ гуфтааст: «Мо ҳамеша кӯшои онем, ки шикофтан ҳар қадар мумкин аст мувофиқи шакли сириштии [тан] биафтад. Соқҳо ва бозувонро ба дарозо чок кунем ва эҳтиёт кунем, ки ба асаб осебе нарасад.
Бидон, ки шикофтан ба ҳасби ҷойҳо ҳар гуна бувад.
Агар хуроҷ ба наздики чашм бошад, онро мисли ниҳоди чашм камоншакл бишикоф, агар андар бинӣ бошад, ба дарозои бинӣ ва агар андар манаҳ ва ба наздики гӯш бошад, рост чокаш кун, зеро ин мавзеъ ба шакли рост таркиб ёфтааст ва онро аз тариқи ҷасадҳои пирон метавон донист.
Аммо оне, ки андар паси гӯш аст, рост ва ҳамаи онҳоеро, ки андар оринҷ, соқ, рон ва мушакҳоянд, рост ба дарозо бишикоф. Бо [хуроҷи] андар мушакҳои шикам ва андар пушт буда низ ҳамчунин кун. Андар пайғулаву зери бағал тавре бишкоф, ки аз бар низ бигирӣ, то ки андар он ҷойҳо тиҳигоҳ падид омада, ба реши равон табдил наёбад. Ҳамчунин оне, ки ба наздики мақъад аст ҳамин гуна буда, ба ҳангоми [шикофтани] он аз паҳно низ бигир, то тиҳигоҳ ҳосил шуда, ба реши равон табдил наёбад. Андар хоя ва нара рост ба дарозо ва андар бару устухонҳои паҳлу ба равиши устухонҳои паҳлу ҳилолишакл бишикоф, то хамида бошад, зеро ниҳоди устухонҳои паҳлу ва гӯшти бар

онҳо буда ҳамин гунаанд».
Ӯ гуфтааст: «Мо ҳамеша рафти хоби гӯшти маҳалл ва лифи мушаки онро ҷустуҷӯ кунем, зеро мо кӯшои онем, ки чок муносиби ин маҳалл биафтад, то қатъи [чизе] ба амал наояд ва то маҳалли ҷамъоии чок хушрӯй ва ғайри баднамуд бошад. Ба ҳар ҳол бояд бад-он диққат бидиҳӣ, ки ягон шараён, ё раги бузург, ё асаб ва ё лифи мушакеро набурӣ. Шикоф бояд ба ҳасби бузургии хуроҷ бошад. Агар он хурд буда, ҳамаи чизи андар вай буда аз як ҷой таровида битавонад, аз як ҷой бишикоф, вале агар бузург бошад, аз якчанд ҷой бишикоф. Сипас ангушти ишорати чапро андар он дароварда, чокро то охири сари он бирасон. Баъд, ангуштро андар шикофи дуввум бидарор ва то ба охир расидан низ чунин бикун. Агар хуроҷро маҳалли рӯ ба фурӯсӯе бошад, ки чизи андарунаш буда аз он сӯй бирезад, мо вайро аз он ҷой бишикофем, вале агар гирда ва ё дорои шакле бошад, ки чизи андар он буда ба як шикоф берун наояд, мо онро аз фурӯсӯ аз ду-се ҷой ба андозае бишкофем, ки ба назарамон аз ин [миқдор шикоф] ҳамаи чизи андар вай буда худи ҳамон замон рехтан битавонад».
Ӯ гуфтааст: «Агар хуроҷ андар ягон пайвандгоҳ, ё андоми шариф, ё маҳалли наздик ба устухон ва ё парда ҷой дошта бошад, мо пеш аз пурра пухтани он ба шикофтан шитобем, то рим чизе аз ин андомҳоро табаҳ насозад».
Мо мегӯем: Ба ҳангоми ногузирии шикофтан тадбир ҳамин аст, вале агар умед дошта бошӣ, ки он худ ба худ ҳамекафад, ба шикофтан напардоз ва агар умед дошта бошӣ, ки аз тариқи доруҳои кафонанда бикафад, низ ҳамчунин бикун. Гоҳе аз миёни доруҳои кафонанда доруҳоеро метавон пайдо кард, ки ҷои кафондан бигиранд.
Бисёр бошад, ки нахуст пӯстро бишикофанд ва ё миқдоре аз онро баргиранд ва сипас бар хуроҷ доруи кафонанда биниҳанд, то таъсираш фурӯтар биравад.
Фасли сиввум андар баёни доруҳои кафонандаи хуроҷҳои берунӣ

Хуроҷҳои некфарҷоми начандон бадро оби гарм сар боз карда, бикафонад, вале ба ҳангоми хуроҷҳои гандида ин сахт зиён дорад, аз баҳри он ки моддаро ба сӯи онҳо бикашад. Ҳар гоҳ хуроҷеро бибинӣ, ки оби гарм варо созгор аст, ба яқин бидон, ки ин хуроҷ хуб аст.
Бидон, ки зимод кардани бехи наргис хусусан бо ангубин ва об ҳар гуна [хуроҷи] мушкилро бикафонад. Ҳамаи ин чизҳоро [пеш аз зимод кардан] андар равғани савсан биҷӯшонанд. Ё бехи наи сабзро бо ангубин, (128) ё зифти хушкро бо шухи ошёни магаси ангубин ва ё марҳами убусилусро [зимод кунанд]. Ё аз мум, ротиёнаҷ ва равғани гов як ратлӣ, аз зифти хушк ва ангубин ним ратлӣ, аз зангор се уқия ва аз равғани зайтун ба қадри кифоя бигиранд. Доруи аз сир сохта хуб аст. Ё аз уша шаш уқия, аз мум чаҳор, аз хинҷак чаҳор, аз гӯгирди зард се ва аз натрун низ се [уқия] гирифта, аз онҳо марҳам дуруст кунанд.
Яке аз доруҳое, ки мо санҷидаем, чунин аст: мағзи пунбадона, чаҳормағзи мазабаргашта, хамирмоя, каранби пухта, пиёзи пухта, хардал ва саргини кабӯтарро гирифта, аз онҳо зимод бисозанд, хуроҷро зуд бикафонад.
Диёхилуни андар луоби хардал гудохта ва собуни андар шир гудохта низ ҳамчунинанд. Яке аз доруҳои кафонандаи қоиммақоми шикофтан марҳами зерин аст: аз ангу бини балозур ва зифти тоза ба миқдори баробар гирифта, ҳар дуро бар оташ бо ҳам ҷамъ созанд, сипас онро чун ним рӯз бар хуроҷ ниҳанд, онро бикафонад.

пешина
аз 1215
навбатӣ