Қонуни тиб

Яке аз тилоҳои ба таври қавӣ судбахш саргини гов аст. Кундур, майъа, ушна, наи наҳовандӣ, сунбул ва афсинтин ҳама судманданд. Ҳамаи доруҳои аз барои ин [омос] андар ҷадвалҳои омосҳо ва андар Қарободин ёдшуда низ ҳамин гуна буванд.
Гоҳе ҷунбонии гӯшти андар пойҳои занони обистан падидомадаро чунин тадбир суд дорад: шукуфаи наеро, ки аз он ҷорӯб бисозанд, андар сирко ғут дода, бад-он мавзеъ биниҳанд. Аз ҳама беҳтар онест, ки баъди кӯфтан [ба кор баранд]. Гили қимулиё бо сирко ва замч низ хубанд.
Аз пухтаковҳо оби ҷӯшонидаи каранб, ё шибит ва ё ҷӯшонидаи пӯсти турунҷро [ба кор баранд].
Он ҷунбонии гӯштеро, ки баъди истисқо ва ё бемориҳои дигар падид ояд, илоҷи сабаби худи он аз байн бибарад. (131) Фасли севвум андар баёни домғулҳо
Домғулҳо решҳои ғарбелаки балғамиеанд, ки дорои хилтҳои балғамӣ ва ё хилтҳои аз балғам зода буванд. Бинобар он хусусан онҳое, ки андар хамгашти пайвандгоҳҳо падид оянд, мисли гӯшт, ё кочӣ, ё ангубин ва ё ғайри он бинамоянд. Ё ба чизи сахте табдил ёбанд, ки ба муҷиби он эҳтимоли ба гурӯҳи омосҳои савдовӣ даромаданро доранд, вале мо аз баҳри он балғамияшон шуморем, ки асли ин чизи сахт балғам буда, ин балғамро хушк шудану ситабр гардидан ориз гардидааст. Гоҳе асаб гиреҳ зада, ба домғул монанд бигардад, вале он на аз ҷумлаи домғулҳо бошад. Вай аз домғул бо он фарқ кунад, ки на аз ҳама сӯ ва на ба дарозо беҷой нашавад, балки танҳо ба росту чап билағжад. Бисёр бошад, ки аз кӯфт хӯрдан чизе шабеҳи домғул падид ояд. Агар онро аз оғоз ба тариқи бастан муолаҷа кунанд, ҳал шуда биравад.
Фасли чаҳорум илоҷи домғулҳо
Он бахш аз домғулҳо, ки ғуддавиянд, [68] ба ҷуз буридан ва шикофтан ҳеҷ илоҷе надоранд. Илоҷи судбахши домғулҳои ангубинӣ ва монанди онҳо низ ҳамин бувад. Антилус андар боби домғулҳо гуфтааст: «Нахуст пӯсти болои домғулро чандоне, ки мумкин бошад, бо дасти чап бикаш ва ё хидматгор бояд онро бароят бикашад, зеро эҳтиёҷ бад-он аст, ки кисаи домғул пора карда нашавад, вагарна ин намегузорад, ки домғулро пурра кашида, биандозӣ. Ҳар гоҳ пӯстро нарм ба сӯи хеш кашидӣ, он гоҳ вайро бо эҳтиёт чок кун, аз баҳри он ки мумкин аст андар бархе ҳолатҳо пардаи домғул низ бо пӯст кашида бигардад. То бароят ҳоли пардаи домғул маълум нагардад, [андар ин кор] шитоб накун. Сипас пӯстро бо сардукҳо аз ду бар бикаш ва ба кандани киса аз гӯшт бипардоз. Вайро гоҳе кандан битавон ва гоҳе бо гӯшт часпида бувад. Андар ин гуна ҳол онро бо қамодин159 (афзори пӯсткунӣ) пӯст кун, то киса бо чизи андарун будаи хеш беосеб берун ояд. Ин боэътимодтарин тариқаҳои мавҷудааст.
Ҳар гоҳ [кисаро] берун овардӣ ва агар пӯст ба иллати хурдии домғул аз маҳалли ҷароҳат фузунтар наояд, хунро пок карда, ҷароҳатро бо оби ангубин бишӯй ва онро
дӯхта, бисабзон. Вале агар пӯст ба иллати бузургии домғул аз маҳалли ҷароҳат хеле фузунтар бошад, ҳамаи фузунии онро бибур ва сипас ба муолаҷаи он бипардоз.
Агар домғул ҳамҷавори ягон асаб ва ё раг бошад ва агар аз қабили онҳое бошад, ки кандан битавон, аз кандани он ҳеҷ боке нест, вале агар аз ҷумлаи онҳое бошад, ки ба пӯст кардан бо қамодин ниёзманданд ва туро бими он аст, ки ягон чизи дигареро низ хоҳӣ бурид, андар ин ҳол ҳар чи аз онро, ки берун овардан мумкин аст, берун овар ва бар боқимондаи он доруи тезе ниҳода, то туро маълум нагардад, ки чизе аз киса боқӣ намондааст, ба сабзонидани он напардоз, аз баҳри он ки бахши боқимонда дубора домғул бигардад.
Агар домғули бузургеро баровардӣ, [ҷароҳатро] он рӯз бо пунба оганда сохта, бо дору муолаҷа бикун. Агар онро шикофта бошӣ, бояд кисаи онро ҳатто бо сардукҳо ҳам бошад, берун бикашӣ, зеро агар андаке ҳам аз он ба ҷой гузошта шавад, дубора боз ояд. Агар имконият бошад, ки кисаро пӯст карда, бо домғул якҷоя берун оранд, ин аз ҳама хуб аст.
Агар бахше аз киса боқӣ бимонад, андар он доруи тез афканда, сипас бо равғани зард [ҷароҳатро] фароҳам оранд.
Ба ҳангоми хуроҷҳои ангубинӣ бояд бикӯшид, ки киса пора нашавад ва ҳилаҳо намуд, то онҳо якҷоя бо киса берун оянд, зеро агар киса бидарад, онҳоро берун овардан душвор бошад. Агар чунин ориз бигардад, ки киса бидарад, роҳи дуруст он аст, ки вайро бо чизи андарунаш буда бидӯзанд ва пӯсти аз он кандаро ҷамъ сохта, бо бандакҳо бибанданд.
Агар аз он чизи бисёре бирезад, бояд худованди онро бо доруҳои қависозандаи табиат тадбир намуд ва ба ҳангоми хоб рафтан ӯро нигоҳубин кард, зеро бошад, ки зуд аз ҳуш биравад. Ӯро бояд бо илоҷҳои касе муолаҷа кунанд, ки бими беҳуш шуданро дорад.
Бисёре аз худовандони домғулҳо ба иллати бузургии беморӣ ва низ ба иллати мизоҷи хеш ба ғайр аз шикофтан дигар на таҳаммули пӯст кандан доранд ва на таҳаммули доруҳои тез ниҳодан. Ин гуна одамонро бояд домғулҳо шикофт, ҳар чи аз он берун ояд, онро берун овард ва ба киса даст назад, балки ҳар рӯз баъд аз берун овардани чизи ҷамъшуда андар он равғани нимгарми гов бирехт. Андар ин ҳол киса гандида, худ ба худ берун ояд.
Ба ҳангоми домғулҳои ба ангубини шаҳдӣ монанд илоҷи хуб он бошад, ки нахуст бо ягон чизи гарм гармибандӣ кунанд ва сипас бо мавизи дона баргирифта зимод созанд.
Аз ҳама хуб он аст, ки нахуст пӯстро канда, сипас бар вай марҳам биниҳанд. Гоҳе доруи тез ба андозаи намоён пӯстро бибарад. Мисоли ин оҳак, собун, хокистар ва дигар чизҳои ба равиши онҳо будаест, ки андар зимни доруҳои кафонандаи хуроҷ ёд шудаанд.
Низ, чаҳор [дирам] оҳак, ду дирам дурди сӯхтаи хамр, ду дирам натрун ва як дирам гили сурхро гирифта, андар оби хокистар якчанд ҷӯши сабук бидиҳанд (132) ва сипас онро андар ҳуққаи арзизӣ гирифта, пайваста тар бидоранд, то хушк нашавад.
Доруи зерин низ аз барои озахҳо, ғуддаҳо ва монанди онҳо созгор буда, [ба сифати] зерин аст: аз харбақ ва зирних160 ду бахшӣ ва аз пӯсти мис чаҳор бахш гирифта, аз онҳо бо равғани гул доруи олуданӣ омода созанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор