Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ё аз тухми газна, пӯсти мис ва зирних бо равғани гул [доруи олуданӣ] бисозанд.
Яке аз зимодҳои аз барои домғулҳои ангубинӣ ва аз барои ҳамаи хуроҷҳо, ҳатто [хуроҷҳои] гарм ва дорои хилти нарм судманд зимоди зерин аст: аз лозан, борзад, уша, муқл, шухи ошёни магаси ангубин ва сақизи хинҷак бахшҳои баробаре гирифта, аз онҳо зимод омада созанд.
Яке аз доруҳои бидуни дарди зиёд гудозанда доруи зерин аст: бура ва ним чанди он харбақро гирифта, бо мум ва равғани гул мумравған бисозанд. Низ, оҳак як бахш, зоги зард як бахш ва зирних як бахш бигиранд.
Ғуддаҳоеро, ки шабеҳи домғул ва як намуди гиреҳзадагианд, агар мисли домғулҳо баровардан битавонӣ ва агар аз ин ба ягон асаб ва ё дигар андомҳои ҳамҷавор зиёне намерасида бошад, пас, чунин бикун, вале агар андар даст, пой ва ҷойҳои бо асабу ватарҳо пайваст падид омада бошанд, барои берун овардани онҳо ҷаҳд накун, зеро худованди онро ба ташаннуҷ гирифтор хоҳӣ кард. Баръакс, онро пахш кун ва ягон чизи гаронеро бар вай бибанд, то онро тунук созад. Нишонаи ин гуна ғудда он бошад, ки ба ҳангоми фишурдани он андом карахт шавад.
Фасли панҷум андар баёни ғуддаҳо

Гоҳе андар бархе аз андомҳо омоси ғуддаие чун фундуқ, чаҳормағз ва хурдтар аз онҳо падид ояд. Бисёр бошад, ки онҳо бар каф ва бар пешонӣ бирӯянд ва андар оғози кор ба тавре бошанд, ки чун ба ангушт зер кунанд, пароканда шаванд ва сипас дубора боз оянд ва бошанд, ки боз наоянд.
Илоҷи онҳо аз ҷинси илоҷи домғулҳост. Гоҳе агар онро пахш карда бикафонанд ва сипас пораи сурби сангинеро бар забари вай ниҳода, бибанданд, ки онро тунук кунад ва хусусан агар аз зери сурб ягон тилои тунуккунандаи маъруферо бимоланд, кифоят хоҳад буд. Баъд аз нест шудани он низ бояд сурб бастанро ба кор бурд, зеро он сабабест, ки [ғуддаро] дубора боз омадан нагузорад.
Фасли шашум андар баёни табишҳои ғуддаӣ

Гоҳе табишҳои ғуддаии хурде низ падид оянд. Илоҷи онҳо ин аст, ки онҳоро кафонда, чизи андарунашон бударо бифишоранд ва бар забари онҳо сурб бибанданд.
Фасли ҳафтум андар баёни фуҷисло

Фуҷисло аз ҷинси омосҳои ғуддаӣ буда, чунин ба назар бирасад, ки омоси андар паси гӯш падидояндаро бадин ном номидаанд ва мо андар баёни ҳар чи, ки бад-ин равиш аст, ба таври ҳамагонӣ ёд кардем. Илоҷи ин он илоҷест, ки андар боби омосҳои ғуддаӣ ва андар боби омосҳои паси гӯш ёд шуд. Яке аз доруҳои хосси ин хокистари лесакест, ки бо пиҳи куҳани бенамак сиришта бошанд.
Ин дору беназир аст. Низ, хокистари росуро бо мумравғани аз равғани савсан сохта биомезанд ва нигоҳ доранд, то куҳан бигардад, сипас ба кор баранд. Ин [дору] аз барои хукакҳо низ судманд аст.

Фасли ҳаштум
андар баёни хукакҳо

Хукакҳо шабеҳи домғулҳоянд, вале бо чунин тафовут, ки онҳо мисли домғулҳо ҷойгир шуда нестанд, балки бо гӯшт даровехта буванд ва аксар, ки падид оянд, андар гӯшти нарм падид оянд. Инҳо низ дорои пардаи асабианд. Кам биафтад, ки ягон хукак сахт бузург бошад. Гоҳе аз яктои онҳо хукакҳои зиёде зода шаванд ва аз ин ҷиҳат озахҳоро монанд.
Гоҳе инҳо хӯшавор мураттаб ҷойгир шаванд, мисли гарданбанд бигарданд ва чунин бинамоянд, ки гӯӣ хӯшаҳои ангуранд. Умуман, хукакҳо ғуддаҳои сақирусӣ буванд. Бархе аз хукакҳоро дард ҳамроҳӣ кунад ва ин ҳамонест, ки бо омоси гарм ва ё моддаи гарм омехта бувад. Бархеро дард ҳамроҳӣ накунад ва муолаҷаи ин аз ҳама душвортар буда, ба ҳангоми муолаҷаи он гоҳе ба шикофтан ва ё гандонидан эҳтиёҷ биафтад.
Касоне аз ҳама беш қобили ба хукакҳои ноҳияи сару гардан гирифтор шудананд, ки кӯтоҳгардану тармизоҷ буванд. Маҳаллҳое, ки аз ҳама беш андар онҳо хукакҳо падид оянд, гардан ва зери бағал мебошанд. Ин [бемориро] шояд аз баҳри он «хукакҳо» номида бошанд, ки ба сабаби пурхории хукҳо аксар вақт андар онҳо падид ояд ва ё бадон сабаб [чунин номанд], ки шакли гардани худованди он ба гардани хукҳо монандӣ пайдо кунад. Некфарҷомтарин хукакҳо онҳоест, ки кӯдаконро падид оянд ва душвортаринашон онҳоеанд, ки барноёнро ориз бигарданд.
Илоҷ: Асле, ки ба ҳангоми муолаҷаи худовандони хукакҳо бад-он такя кунанд, истифроғ (133) ва латиф сохтани тадбири ғизоист. Яке аз истифроғҳои беҳтарин қай аст, вале аз исҳол овардани балғами ситабр, хусусан бо ёрии ҳабби бо номи «восил» маъруф чора нест. Низ, аз турбид, занҷабил ва шакар бахшҳои баробар гирифта, ба миқдори ду дирам аз онро биошоманд. Ин [дору] ба изофаи равон сохтани балғами ситабр гармию саҳҷ нахоҳад овард. Раг задан низ судманд аст ва ин бояд аз қифол бошад.
Аммо латиф сохтани тадбири ғизоӣ бад-ин гуна бувад, ки аз хӯрдани ғизоҳои ситабр, аз ошомидани об аз болои таом, аз хоммонию пурӣ дурӣ ҷӯянд. [Бемор] ҳар қадар ки битавонад, гуруснагӣ бикашад ва аз ҳар чизе парҳез бикунад, ки сарро пури модда бисӯзад. Каси омодаи [ба хукакҳо гирифтор шудан] бояд сарро аз ҳолатҳои моилие аз қабили саҷдаву рукӯъи дарозмуддат ва болини паст, ки ба ҳангоми онҳо моддаҳо ба сӯи сар бигароянд ва низ аз феълҳое муҳофазат кунад, ки мисоли онҳо сухани бисёр гуфтан ва сардардию нороҳатӣ овардан буда, аз инҳо моддаҳо ба сӯи сар кашида шаванд. Хиҷомат андар бештари ҳолатҳо аз барои худовандони хукакҳо созгор нест, аз баҳри он ки [хиҷомат] моддаи хукакҳо ва дигар бемориҳои ба равиши он бударо истифроғ кардан натавонад, баръакс, [моддаҳоро] бад-он сӯй кашида, ба сабаби берун овардани бахши тунуки хун боиси ситабрии моддаҳо бигардад. Бисёр бошад, ки [ҳиҷомат] хукакҳои [69] рӯй ба пажмурдагию ҳалшавӣ овардаро дубора ба ҳоли аввала боз орад. Умуман, тадбири хукакҳо аз ҷиҳати худи иллат тадбири сақирусро монад.
Хукакҳоро ҳар гоҳ бузургӣ биафзояд, ҷарроҳон аз муолаҷаи онҳо бо корд ва доруи тез худдорӣ кунанд, зеро ин боиси реш шудану табаҳ гардидани онҳо хоҳад шуд.

пешина
аз 1215
навбатӣ