Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Сақирус ё аз савдои дурдии аслии танҳо падид ояд, ки андар ин ҳол рангаш арзизӣ бошад, ё аз савдои омехта бо балғам падид ояд, ки андар ин ҳол рангаш бештар ба ранги ҷасад бигарояд ва ё аз балғами танҳое падид омада бошад, ки сахт шудааст. Ранги сақируси холис ба аксари ҳол ранги арзизро монда, сахт аз ҳам кашидаву сахт ва гоҳе бо мӯякҳо пӯшида бошад.
Ин ҳамон гунаест, ки беҳ нашавад. Бархе аз онро ранг ба ранги ҷасад буда, аз як андом ба андоми дигар бигузарад ва онро «қумус»166 хонанд. Гоҳе он ба ранги тан, вале сахти бузург буда, муолаҷа нашавад ва на низ аз ҷое ба ҷое биравад. Ҳар як сақирус ё аз оғоз худ падид ояд ва ин сақирусе бошад, ки андак-андак зоҳир шуда, афзоиш ёбад ва ё аз [бемории] дигаре аз қабили фалағмунӣ, ё сурхбод ва ё хуроҷи ягон маҳалли холӣ ба амал ояд. Аксари он сахтие, ки андар андомҳои дарунӣ ориз бигардад, баъд аз омоси гарм ва ҳангоме ориз бигардад, ки агар онро бо ғизоҳо ва доруҳои сардиовари часпак муолаҷа кунанд.
Гоҳе сақирус саратон бигардад. Наздикӣ ва ё дурии сақирус аз (135) саратон ба бисёрӣ ва ё камии афрӯхтагӣ, баланд ва ё паст будани дилзанӣ ва намудор ва ё ғайри намудор будани рагҳои гирди он вобаста аст.
Илоҷ: Аз ин омосҳо бояд онеро муолаҷа кунанд, ки дорои ҳисс бувад. Баъд аз пок сохтани тан бо чизҳое, ки хилти ба амал оварандаи иллатро берун оранд (гоҳе агар хун серсавдо бошад, ин поксозиро аз тариқи раг задан низ ба амал оваранд), бояд ба чизҳое эътимод намуд, ки ҳам ҳалкунандаю ҳам нармиоваранда бошанд. Онро бо доруҳои ҳалкунандаю хушкиоваранда муолаҷа накунанд, зеро онҳо ба сабаби хушк сохтани бахши ситабр ва ҳал намудани бахши латиф боиси шиддат ёфтани сангшавии [омос] бигарданд.
Бояд муолаҷаи [сақирусро] ба ду давра бахш кард. Давраи якум ин аст, ки аз тариқи мудоро167 кардан бо доруҳои на чандон бисёр хушкиоваранда ҳалсозӣ кунанд, зеро ҳар як ҳалкунанда андар бештари ҳол хушкиоваранда аст, вале тариоваранда кам биафтад, ки ҳалкунанда бошад. Бояд гармии [дору] андар миёни дараҷаи дуввум ва севвум ва хушкиоварияш андар дараҷаи якум бошанд.
Давраи дуввум барои нарм сохтан бувад ва ҳар дуи ин давраҳо аз паси якдигар омада, ба якдигар ёварӣ кунанд.
[70] Андар давраи ҳалсозӣ бояд он андомро гурусна бидоранд ва аз тариқи ҳаракату варзиш додан ва гурусна доштани ҷиҳати мухолиф ғизоро ба сӯи [мухолиф] бикашанд. Андар давраи нармсозӣ бояд [андомро] сер бидоранд ва аз тариқи молишу дигар корҳои бад-он монанд ва бо ёрии тило намудани зифт ғизоро ба сӯи он [андом] равона кунанд. Эҳтиёҷ ба қавӣ ва ё заиф будани доруҳои ҳалкунандаи нармиоваранда ба ҳасби ковокию зичии андом ва низ ба ҳасби шиддати сахтию заъфи он ҳар гуна бувад. Доруҳо бояд андар таркиби худ ҳар ду қувватро дошта бошанд. [Беморон] набояд бисёр гармоба кунанд, зеро ин бахши латифро ҳал намуда, бахши ситабрро фароҳам оварад ва аз уҳдаи нарм сохтани он набарояд.
Доруҳои нармиоварандае, ки дорои як миқдор ҳалкунандагиянд, масалан инҳоянд: пиҳҳои мурғ, ғоз, гӯсола, барзагов ва хусусан гавазн; мағзи устухони онҳо; пиҳи нарбуз; пиҳи хар, ки аз барои ин [беморӣ] хуб аст; пиҳи

даррандаҳое аз қабили шер, гург, паланг, хирс ва дигар ҳайвонҳои бад-инҳо монанд, аз қабили рӯбоҳ ва кафтор; ва пиҳи парандагони соҳибчанг. Агар инҳоро барои ҳал кардан омода сохта бошанд, бояд бо онҳо, масалан, уша, муқл, борзад, майъа ва мастако биомезанд, вале агар аз барои нарм сохтан омода карда бошанд, танҳо [ба кор бибаранд]. Беҳтарини пиҳҳои ёдшуда пиҳи шер ва пиҳи хирс аст. Луоби шанбалит ва зағир дорои ҳалкунандагӣ ва нармиоварист. Андар таркиби ин пиҳҳо ва дигар нармсозандагони амсоли онҳо набояд намак бидарояд, зеро намак хушкиоварандаю сахткунанда бувад. Баръакс, бояд таъсири онҳо [ба омос] мисли таъсири офтоб андар мум буда, нармию гудозиш оваранд, вале ба дараҷаи хушк сохтан нарасанд.
Аз ҷумлаи доруҳои ҳалкунандае, ки як миқдор нармиоварандагӣ доранд, инҳо мебошанд: муқли сақлабӣ; равғани зайтуни куҳан; равғани ҳино; равғани савсан; борзад; лозан; майъа ва зуфои тар. Беҳтарини инҳо онест, ки ҳар чи камтар куҳнаи хушкида ва ҳар чи бештар тар бувад.
Мастако низ ба чизҳои ёдшуда наздик аст. Равғани ҳино, равғани савсан, анҷири бустӣ ва беданҷир ба қадри кифоя дорои ҳам ҳалкунандагӣ ва ҳам нармсозиянд.
Яке аз нармсозандаҳо [доруи зерин] аст: дурди [равғани] зағир ва дурди сиркоро гирифта, биҷӯшонанд ва баъд аз нек ҷӯш омадан бар онҳо равғани дунба бирезанд ва ба кор бибаранд.
Яке аз доруҳои аз барои ин [ғараз] хуб чунин аст: хиёри даштӣ ва бехи хитмиро гирифта, аз онҳо доруи олуданӣ бисозанд. ва агар ҳамроҳи ин ду майъа низ бошад, боз беҳтар хоҳад буд.
Ҳар гоҳ нармӣ зоҳир бигардад, бояд рӯзҳои бисёре ушаи бо сиркои тез ҳалкардаро биолоянд ва сипас нармсозиро дубора аз сар гиранд. Ё борзад ва говшир ва ё борзад, уша ва муқлро гирифта, ҳамаро бисованд ва бо равғани бон, равғани савсан ва бо миқдоре аз луоби шанбалиту зағир сиришта, ҳамчун марҳам ба кор бибаранд. Шухи гармоба агар андар таркиби марҳамҳои омосҳои сахт бидарояд, яке аз доруҳои сахт судманд бувад. Агар шухи гармоба ёфт нашавад, ба ҷои он хитмӣ ва натрун ба кор бибаранд.
Бархе аз зимодҳои хуб ба ҳангоми ҳал кардан зимодҳои аз барои хукакҳо буда, ки мо ёд кардем, зимоди «борис»168 ва зимоди «қубовун»169 ба шумор бираванд. Агар омос сахт ситабр бошад, аз [истеъмоли] сирко чора нест, зеро вай бибурад ва қуввати андоми хусусан асабнокро суст кунад. Бинобар он [сирко] аз ҳама хубтар [андомро] аз модда холӣ кунад ва онро ба ихтиёри сабаби аз берун таъсиркунанда бигузорад. Лекин ба кор бурдани сирко ва андар таркиби доруҳо даровардани он (136) бояд на ба оғоз, балки ба охири кор, ба ҳангоме биафтад, ки андар он ҳангом ба ғоят нармифизоӣ кунанд. Ҳангоми фосилаҳои боз истодан аз нармсозӣ сиркоро бояд ба оҳистагӣ ба кор бурд. Агар бо сирко оҳиста рафтор накунанд, ба асабҳо зиён оварда, онҳоро санг бигардонад.
Пизишк сиркоро аз ҳама боҷуръаттар ҳангоме метавонад ба кор бибарад, ки агар омос андар андоми гӯштӣ, масалан, андар испурч, ҷой дошта бошад. Гоҳе маҳалли [бемориро] нахуст сирко тило намуда, бо он бахур кунанд ва баъди он, масалан, говшир ва сипас ушаро тило созанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ