Қонуни тиб

Андар ин кор нахуст аз андаку тунуки он оғоз намуда, сипас қуввати [тилоро] афзоиш диҳанд ва баъд аз он тадриҷан ба нармсозӣ бигузаранд. Бояд бар омос равғани нарме бимоланд, ки хусусияти қабзкунандагӣ надошта бошад. Ин гуна равған ва хусусан равғани аз шибити тоза сохташуда созгортар аз об аст.
Он сахтиҳоеро, ки андар ватарҳову асабҳо ҷой доранд, бо доруҳои буранда муолаҷа кунанд. Яке аз намудҳои хуби муолаҷа аз барои ин ғараз бахур кардан аз тариқи санги тафсон, масалан, аз тариқи санги осиёб мебошад ва аз ҳама беҳтар он аст, ки аз тариқи санги рӯшноӣ бахур кунанд. Бояд бахур кардану дуд андохтанро ба ҳадде расонанд, ки арақ зоҳир шавад. Гоҳе санги рӯшноиро бо сирко совида, ҳал карда, тило кунанд ва он суд бахшад. Андар ин ҳол низ сиркоро бояд бо эҳтиёт ба кор бурд, то бахши латифи [моддаро] пароканда ва бахши ситабри онро сахт насозад ва ба қувваи асаб бе андоза табоҳӣ наоварад. Сирко андар марҳалаи оғоз бад аст ва бинобар ин онро бо фосилаҳои нармсозӣ ба кор бибар. Ҳар гоҳ ба [истеъмоли] он оғоз намудӣ, андомро бо он ҳамон тавре бахур бикун, ки ёд карда шуд ва андар ин ҳангом ба тило кардани доруҳои созгор низ бипардоз. Сирко ба ҳангоми [сахтиҳои] андар андоми гӯштӣ ҷойдошта беосебтар аст.
Фасли даҳум сахтии пайвандгоҳҳо
Гоҳе андар пайвандгоҳҳо сахтие падид ояд, ки онҳоро ба осонӣ ҳаракат кардан нагузорад, вале ҳис бекор нахоҳад шуд. Гоҳе он андар пайвандгоҳи асабнок падид ояд, ки андар ин ҳангом як андоза карахтӣ ҳис карда шавад ва гоҳе андар пайвандгоҳи гӯштнок. Илоҷаш он бошад, ки ҳамедонӣ.
Фасли ёздаҳум андар баёни [сахтиҳое], ки онҳоро «мисморҳо» хонанд
«Мисмор» гиреҳи гирди сафедест, ки сари мехро монад.
Бисёр бошад, ки он аз сабаби харошидагиҳо, баъди ҷароҳатҳо ва пас аз муолаҷаи онҳо ориз бигардад ва сипас андар ҷасад афзоиш ёбад. Аксар вақт он андар пой, ангуштони пой ва андар бахшҳои фурӯсӯви тан падид омада, аз роҳ рафтан боз дорад. Бояд онҳоро шикофта, берун овард ва ё агар андар ҷое бошанд, ки онҳоро берун овардан натавонанд, бояд пайваста бо даст кафонида, бар забарашон пораҳои сурб баста бидоранд. Бисёре аз онҳо чун муолаҷа нашаванд, ба саратон табдил хоҳанд ёфт.
Фасли дувоздаҳум андар баёни саратон
Саратон омоси савдовиест, ки аз савдои сӯхта зода
шавад ва ин [савдо] аз моддаи сафровӣ ва ё аз моддаи дорои моддаи сафровӣ, на аз бахши дурдии холиси [сафро],
ба тариқи сӯхтан падид ояд. Вай аз сақирус бо он фарқ
дорад, ки дорои дард, сӯзиш ва як миқдор дилзанист ва
он ба иллати бисёрии модда зуд афзоиш ёбад ва ба иллати ҷӯшидани ин модда ба ҳангоми таровидан ба сӯи
андоми [дардманд] дамида бигардад. Низ бо рагҳое фарқ
кунад, ки аз гирдогирди он чун пойҳои саратон ба ҳар сӯи андоми [осебдида] давидаанд. Онҳо мисли [рагҳои] андар фалағмунӣ буда сурх нестанд, балки ба сиёҳӣ, ё ба тирагию сабзӣ бигароянд. [Саратон аз сақирус] гоҳе бо он фарқ дорад, ки саратон аксар вақт бевосита аз оғоз падид ояд, вале [сақируси] сахт бошад, аксар вақт ба таври гузариш аз [омоси] гарм падид ояд. [Саратон] аз сақируси ростинӣ бо он тафовут дорад, ки вай дорои ҳис аст, вале инро бошад, албатта, ягон ҳиссе нест. Саратон аксар вақт ки ориз бигардад, андар андомҳои ковок ориз бигардад ва бад-ин сабаб андар занон бештар падид ояд.
Вай андар андомҳои асабӣ низ [бисёр рӯй диҳад].
Саратон андар оғози падидоӣ ба ҳоли пӯшида бувад.
Бинобар ин ҳар гоҳ саратон падид ояд, андар бештари ҳолатҳо оғози онро шинохтан мушкил бошад, вале сипас нишонаҳои он зоҳир бигарданд. Аввалин бор, ки падид ояд, андар марҳалаи оғоз ҳамчун боқилии хурди сахти гирди тираранг ва дорои як миқдор гармӣ бошад.
Бархе аз саратон сахт дарднок ва бархе камдарди сокин бувад. Бархе аз он ба решшавӣ бигарояд, зеро он аз савдое падид омада бошад, ки сӯхтаи сафрои танҳои холис аст ва бархе дигар устувор буда, реш нашавад. Гоҳе решшавандаи он ба ғайри решшаванда бигузарад ва гоҳе бо оҳан муолаҷа намудан онро дубора ба намуди решӣ боз оварда, лабҳои онро бештар ситабру сахт бигардонад.
Чунин ба назар бирасад, ки ин омосро ба яке аз ду сабаб «саратон» хонанд, яъне ё ба сабаби он, ки вай бо андом чунон бичаспад, ки гӯё саратон ба сайди хеш часпида бошад; ва ё ба сабаби сурати он, ки андар бештари ҳол гирдашакл аст ва ба сабаби ранги он ва баромадани рагҳое аз гирди он, ки пойҳои саратонро монанд.(137) Фасли сездаҳум
Андар илоҷ
Он чи аз муолаҷаи саратон бояд умедвор шуд, ин аст, ки ба ҳангоми оғоз ёфтан гоҳе метавон пеши онро бигирифт ва ба ҳоле нигоҳ дошт, ки ҳаст, то афзоиш наёбад ва низ нагузошт, ки то реш биградад. Гоҳе чунин иттифоқ биафтад, ки нав падид омадаи он беҳ шавад, вале устувор гардидаи он ҳаргиз беҳ нахоҳад шуд.
Бисёр бошад, ки андарун саратони номаълум падид ояд. Тадбири он ба гуфтаи Буқрот он бошад, ки бояд вайро ба ҷунбиш наоваранд, зеро агар он ба ҷунбиш ояд, бошад, ки ба марг бибарад, вале агар ба ҳоли худ бигузоранд ва муолаҷа накунанд, бошад, ки [бемор] муддати дарозе як андоза тандуруст бимонад. Ин хусусан ҳангоме [муяссар бигардад], ки агар ғизоҳоро ба ислоҳ оваранд ва онҳоро аз чизҳое бисозанд, ки сардиовару тарифизой ва зояндаи моддаи ороми солим буванд. Мисоли инҳо оби ҷав, моҳии сангобӣ, зардии хояи нимбиришт ва монанди инҳо мебошад. Агар андар ин миён ҳарорате бошад, бояд дӯғи нав кашида ва маскааш пок бигирифтаи гов ва низ он ғизоҳоеро [ба кор бурд], ки аз тараҳои сабз ва ҳатто аз каду сохта бошанд.
Гоҳе саратонҳои хурд таҳаммули буридан кунанд. Агар саратонро [71] бо ягон чизе аз байн бурдан мумкин бошад, онро танҳо аз тариқи буридане метавон аз байн бурд, ки сахт решаканкунанда буда, [бахшҳои] атрофии онро низ фаро бигирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор