Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Мисоли ин равғани зайтуни латифгавҳарест, ки андар он масалан, судоб, зира ва аз тухмиҳои латифсозанда тухми карафс, анисун, нонхоҳ ва монанди инҳоро ҷӯшонида бошанд. Яке аз марҳамҳои ҳалкунанда хусусан барои он омосе, ки андар андомҳои ватарӣ ва мушакӣ биафтад, [марҳами зерин аст]: шухи девори гармобаро гирифта, бо об андар потила кунанд ва бар вай аз оҳаки обнорасида ба қадре биафкананд, ки аз он қивоме чун қивоми гил ҳосил шавад ва онро бар [андом] марҳам созанд. Гоҳе аз хамр ва оҳак марҳами хуби муътадиле бисозанд ё зуфои хушкро гирифта, бисованд ва бар мумравғане бипошанд, ки аз мум ва равғани шибит сохта бошанд ва аз он барои андудан марҳам омода кунанд.
Он дамидагиеро, ки андар мушакҳо ба иллати пахш шудани онҳо падид ояд, бояд аз доруҳои ниҳоят гарм ва тез дураш бидоранд, то андомҳо аз ин гуна [доруҳо] ҳаросида, безорӣ накунанд. Баръакс, ҳар гоҳ инро бо доруҳои ҳалкунанда муолаҷа карданӣ шаванд, бояд бо онҳо андаке аз доруҳои таскиндиҳандаи дардро биомезанд.
Мисоли ин илоҷҳоест аз қабили майпухта, ки онро бо равғани зайтун шикаста ва қабл аз ин андар он [равған] пашминаи зуфо оғушта бошанд. Вале агар андаке ҳарорат бошад, онро андар равғани гул шикананд, ки андар он пашминаи зуфо оғушта бошанд ва ё андар он зуфо, яъне зуфои тарро ҳал карда бошанд. Ҳамаи инро ба шакли нимгарми моил ба гармӣ ба кор бибаранд ва нагузоранд, ки сард шавад, аз баҳри он ки сардӣ ин гуна омосро зиён дорад.
Агар аз оғоз дард ҳис карда шавад, бояд равғанҳоеро ба кор бурд, ки ба изофаи манъ сохтани [модда] ба ибтидо таскиндиҳандаи дард бошанд. Мисоли ин равғани бунафша ва гул бо каме аз равғани шибит аст. Ҳар гоҳ андаке сабукӣ ҳис карда шавад, андар доруҳо ягон чизе аз қабили натрун ва сирко биафзоянд, ки қувваи бештари ҳалкунандагӣ дошта бошад. Сипас оби хокистар ва баъд аз он марҳамҳои ҳалкунандаеро ба кор баранд, ки мисоли онҳо марҳамҳои ёдшуда бошанд.
Фасли ҳаждаҳум андар баёни ришта

Ришта чунин аст, ки бар бархе андомҳои тан табише падид омада, (139) бидамад ва сипас ба обила табдил ёбад.
Баъд шикофта шуда, аз дарунаш чизи сурхе моил ба сиёҳӣ берун ояд ва беист дароз шудан гирад. Гоҳе он андар зери пӯст мисли кирм биҷунбад, ки гӯӣ ҷонваре ҳаракат дорад ва он чунон бошад, ки гӯӣ кирми ростинист. Ҳатто бархеҳо онро ҷондори зодашуда пиндоштаанд ва бархе дигар гумон кардаанд, ки он як шохаи лифи асаби табаҳ ва ситабр гардидааст. Аксар вақт ки ориз бигардад, андар соқҳо ориз бигардад, вале ман инро бар дастҳо ва бар паҳлу низ мушоҳада кардам. Кӯдаконро бештар андар ҳар ду бар падид ояд. Агар онро бикашанд ва канда шавад, бадбахтию дардаш бузургтар хоҳад шуд ва гузашта аз ин агарчи канда нашавад ҳам, аз [кашидан] муддати дарозе дард кунад.
Ҷолинус гуфтааст, ки ӯ аз ҳоли он ягон хабари равшану мавриди эътимоде ҳосил накардааст, зеро ӯ ин бе

мориро ҳеҷ гоҳ надидааст. Мо мегӯем: Сабаби он хуни гарми бади савдовӣ ва ё балғами сӯхтаест, ки баробари шиддат ёфтани хушкии мизоҷ тез бигардад. Бошад, ки онро бархе обҳо ва тараҳо ба сабаби хосияти хеш падид оваранд. Аксари он ғизоҳое, ки ин бемориро бизоянд, ғизоҳои беоби хушкмизоҷанд. Моддае, ки ин беморӣ андар тан аз он зода шавад, ҳар андоза тезтар бошад, дард ҳамон андоза сахттар хоҳад буд. Гоҳе андар як тан ва маҳалҳои гуногуни он мумкин аст, то чиҳил-панҷоҳ адад аз он падид ояд, вале бо вуҷуди он аз тариқи муолаҷа метавон аз он наҷот ёфт. Ин [беморӣ] андар касоне кам рӯй диҳад, ки танашон тар буда, гармоба ва ғизоҳои тар бисёр ба кор баранд ва шароб ба андоза биошоманд. Ин аз ҳама бештар андар Мадина падид ояд [72] ва бинобар он бад-он ҷой нисбаташ додаанд, вале гоҳе андар сарзамини Хузистон ва дигар ҷойҳо низ ба амал ояд. Инчунин ба кишвари Миср ва дигар кишварҳо бисёр мушоҳада шавад.
Фасли нуздаҳум андар илоҷ

Андар шаҳрҳое, ки ин беморӣ андар он ҷо падид ояд ва ба ҳангоми ғизоҳое, ки чунин бемориро бизоянд аз тариқи ба кор бурдани зидди сабабҳои он аз ин беморӣ худро эҳтиёт кунанд. Яъне, ба истифроғи хуни бад пардохта, ба ҳасби маҳалли беморӣ ё раги босалиқ ва ё софин бизананд, хунро, масалан, бо ошомидани ҳар ду намуди ҳалила, ҷӯшонидаи афитимун ва хусусан бо ошомидани ҳабби қуқиё пок созанд, итрифалеро ба кор баранд, ки аз сано ва шоҳтара сохта бошанд ва танро бо ёрии ғизоҳои тарифизой, намудҳои гуногуни гармоба ва дигар тадбирҳои маълум тарифизоӣ кунанд.
Ҳангоме, ки нишонаи он нав ба падид омадан оғоз кард, беҳтар он аст, ки баъд аз пок сохтани тан бо ёрии зимодҳои сардиоварандаи тарифизое аз қабили фишурдаҳои сарди маъруфи якҷоя бо ҳар ду навъи сандал ва кофур ба сард сохтани андом бипардозанд. Низ аз девча ниҳодан бар маҳалли [беморӣ] истифода баранд. Яке аз тилоҳои хуб тилоест, ки аз сабр, сандал ва кофур ва ё аз мурр, аспғул ва шири нав дӯшида бисозанд. Агар ришта бар нагардад ва ба обила шудан оғоз кунад ва агар худованди он се рӯз пай дар пай ҳар рӯзе як дирам сабр биошомад ва ё як рӯз ним дирам, рӯзи дуввум як дирам ва рӯзи севвум якуним дирам аз он биошомад, ин тадбир мумкин аст пеши риштаро бигирад, онро бигардонад ва хавфашро сабук созад. Бар вай сабр тило кунанд ва ё бар даҳонаҳои он рутубати сабри тари часпакро бимоланд. Андар оғози баромадани он низ чунин кунанд. Агар бо вуҷуди ин ришта бебокона баромадан гирад, беҳтар он аст, ки аз барои он ягона чизи мепечидагӣ омода созанд ва риштаро ба нармӣ кам-кам бар вай бипечанд, то ҳамаи он аз ғайри канда шудан берун ояд. Аз ҳама беҳтар арзизпораест, ки риштаро бар вай бипечанд ва кашида шуданашро бар гаронии он ҳавола кунанд ва он риштаро ба нармӣ ва бидуни канда шудан бикашад. Аз барои ба осонӣ баромадани он кӯшиш карда, пайваста аз тариқи рехтани оби гарм, луобҳои сардиоваранда, равғанҳои нармсозандаи сард ва ё андаке гарм ва бо ёрии дигар чизҳои ба ҳамин равиш буда андомро нарму ковок созанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ