Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бо ҳамин ба осонӣ берун ояд.
Вай гоҳе ба осонӣ берун наояд, балки ба андудани, масалан, равғани хайрӣ, гузашта аз ин, андудани равғани савсани озод ва аз ин ҳам бештар ба андудани равғани бон эҳтиёҷ пайдо кунад ва низ аз барои он марҳами зифт ба кор баранд. Агар ба муҷиби ҳадс [бидонӣ], ки ришта аз тариқи шикофтан пурра берун меояд ва ягон чизе бар ин мумонаат надорад, бишкоф ва онро берун ор. Агар берун овардани он аз тариқи кашидани ёдшуда осон набошад ва на низ онро шикофтан битавон, андар ин ҳол бо равғани зард ба гандонидани ришта бипардоз, зеро ин [равған] вайро пурра гандонида, берун орад. Зинҳор доруҳои

тезро ба кор набар, ки бошад аз ин хӯра бигардад. Агар сари онро пайваста андак-андак бо намак молиш бидиҳанд ва ё аз паси он ба нармӣ молиш дода, худи онро аз баромадгоҳаш ба нармию эҳтиёт бикашанд, ба тамомӣ берун ояд. Хусусан андар ин ҳангом паси онро ҳар чи дуртар пора карда, ба зераш милро бидароранд (140) ва андак-андак ба нармӣ онро ронда, баробари беруноӣ намакмолиро пайваста давом диҳанд. Ҳар гоҳ чунин кор бикунанд, вай ба тамомӣ берун ояд. Агар ришта канда шавад, аз барои дубора ёфта, даст гирифтани он аз шикофтан чора нест. Сипас онро ба нармӣ берун оранд ва маҳалли онро бо дармони ҷароҳатҳо дармон кунанд.

Мақолаи севвум
АНДАР БАЁНИ ҶУЗОМ

Фасли нахустин
андар баёни чигунагии ҷузом ва сабаби он

Бидон, ки ҷузом иллати бад буда, аз паҳн шудани зардаи сиёҳ бар саросари тан падид ояд ва бинобар он мизоҷи андомҳо, ҳайъату шаклҳои онҳо табаҳ бигарданд. Гоҳе андар марҳалаи анҷом ба табаҳ сохтани пайвастагии онҳо пардохта, андомҳоро бихӯрад ва онҳоро аз тариқи реш сохтан биафтонад. Ҷузом чун саратонест, ки ҳамаи танро фаро гирифта бошад. Вай гоҳе реш шавад ва гоҳе не. Бархе аз он худованди хешро муддати хеле дароз [зинда] боқӣ бимонад.
Гоҳе савдо ба сӯи андоме ронда шуда, ба ҳасби ҳолатҳои он ё сахтӣ, ё сақирус ва ё саратон ба амал оварад. Агар он тунуки ҷӯшон бошад, хӯра падид орад ва агар ба сатҳи пӯст зада барояд, боиси падид омадани он бемориҳое аз қабили бараш, баҳаки сиёҳ, парюн ва монанди он бигардад, ки бароят маълуманд. Агар он андар саросари тан паҳн шуда бигандад, таби савдовӣ ба амал оварад, вале агар рӯи ҳам рафта нагандад, ҷузом ба амал хоҳад овард.
Сабаби фоилии қадимтари он ё бадмизоҷии ҷигар аст, ки ба сӯи гармию хушкӣ сахт гароида бошад ва хунро сӯхта савдо бигардонад, ё бадмизоҷии тамоми тан бошад ва ё ҳар ду [бадмизоҷӣ] буда, ба иллати онҳо хун аз тариқи сардӣ фишурда бигардад. Сабаби моддии он ғизоҳои савдовӣ ва инчунин ғизоҳои балғамӣ бувад. Ҳар гоҳ якчанд хоммонӣ рӯи ҳам ба амал омада, гармӣ андар [ғизо] кора кунад, бахши кашидаи онро ҳал намуда, бахши фишурдаи онро ба савдо табдил диҳад. Пурхориҳо ва аз паси серӣ таом хӯрданҳо низ айни ҳамин натиҷаро бидиҳанд.
Яке аз сабабҳои ёваридиҳандаи [ҷузом] баста шудани масомҳост, ки бинобар он гармии модарзодӣ дамгир шавад ва хун сарду ситабр бигардад. Ин хусусан ҳангоме бошад, ки агар испурч гирифтори судда ва заиф буда, хилти савдовиро аз хун кашида ва онро пок кардан натавонад ва ё қувваи ронандаи андомҳои дарунӣ [савдоро] ба сӯи рагҳои заҳдон ронда натавонад ва масомҳо баста бошанд. Гоҳе ба ҳамаи ин ҳавое ёварӣ кунад, ки ё худ ба

худ ё ба сабаби ҳамҷаворӣ ба касони гирифтори ҷузом табаҳ бигардад, зеро ин иллати гузаранда аст. Вай гоҳе ба таври ирсӣ ва ба сабаби бадмизоҷии нутфае падид ояд, ки [бемор] аз он офарида шуда аст. Ин бадмизоҷии [нутфа] ё худ ба худ ба амал ояд ва ё андар заҳдон аз ягон ҳолате ба вай расида бошад, масалан, чунин иттифоқ биафтад, ки обистан ба ҳоли ҳайз рӯй дода бошад.
Ҳар гоҳ гармии ҳаво ба бадии ғизо рост ояд ва ғизо аз ҷинси моҳӣ, гӯшти хушконида, гӯштҳои ситабр, гӯшти [гӯр]хар ва наск иборат бошад, ба эҳтимоли қавӣ ҷузом ба амал ояд, чунки андар Искандария ин гуна ҳолат бисёр иттифоқ афтад. Савдо агар бо хун биомезад, андаки он боиси зода шудани савдои бисёр бигардад, зеро он ногузир хунро аз ду рӯй ситабр созад: яке ба гавҳари ситабри хеш ва дуввум ба сардии афсурдасозандаи худ. Вай ҳар гоҳ хунро ситабр созад, рутубати он бикоҳад ва хун бо ёрии гармии тан ба осонӣ бихушкад. Гоҳе ситабрии хуни худовандони ҷузом ба ҷое бирасад, ки ҳангоми раг задан чизе чун раг берун ояд.
Ин бемориро гоҳе «бемории шер» хонанд. Гуфтаанд:
«Инро аз он сабаб чунин ном ниҳодаанд, ки бисёри вақт шер бад-он гирифтор ояд». Ё гуфтаанд: «Сабаби чунин номниҳӣ он бошад, ки ин беморӣ худованди худро турушрӯй ва рӯяшро ба намуди рӯи шер бигардонад» ва низ гуфтаанд: «Зеро ин беморӣ андар касе, ки падид ояд, ӯро мисли мағлубсозии шер мағлуб бисозад».
Намуди заифи ин иллат ба душворӣ муолаҷа шавад ва намуди қавияшро умеди муолаҷа шудан нест. Нав оғоз ёфтаи он бештар шифоёбанда аст ва устуворгардидаи он камтар ба муолаҷа гардан ниҳад. Агар ҷузом аз савдои сафровӣ ба вуҷуд омада бошад, бештар пуршӯру ранҷовар буда, аразҳояш вазнинтар зуҳур кунанд ва сӯзишу решоварияш сахттар бошанд, лекин бештар дармонпазир бувад. Оне, ки аз дурди хун падид ояд, неканҷомтару сокинтар аст ва реш нашавад. Ҷузоми аз савдои сӯхта падидоянда аз ҷиҳати аразҳои хеш шабеҳи ҷузоми сафровист, лекин дармонпазирияш сусттар бувад.
Ин беморӣ бар зидди кайфияти созгори зиндагӣ, яъне гармию тарӣ баромада, пайваста мизоҷи андомҳоро табаҳ созад ва чун ба андомҳои сарвар расад, он гоҳ [беморро] ба ҳалокат бирасонад.

пешина
аз 1215
навбатӣ