Қонуни тиб

Се рӯз чунин бояд кард. Аз истеъмоли доруҳои афъигӣ чунин беморонро пӯсти табаҳ бирезад, гӯшт дигар шавад ва пӯсти дуруст барояд. Вале агар хушкӣ шиддат ёфта бошад, бо доруҳои тариоварандаи гармияшон муътадил молиш додани худованди ҷузом андар баъзе ҳолатҳо яке аз тадбирҳои судманд бувад. Андар бинӣ афкандани, масалан, равғани бунафшаи дорои андаке равғани хайрӣ, ё масалан, пиҳҳои даррандагон, барзаговон ва парандагон ва ё масала, равғани қуст ва доршишиғон низ ҳамчунин аст. Равғани савсан андомҳои атрофиро аз [афтидан] нигоҳ дорад. Ин корро баъд аз поксозӣ кунанд ва пеш аз он зинҳор равғанмолӣ накунанд, ки масомҳо баста хоҳанд шуд.
Аз доруҳои ошомиданӣ барои эшон бузурҷалӣ ва доруи сулоҳа172 судманданд. Шир яке аз созгортарин доруҳоест, ки бо он [ҷузом] дармон кунанд. Онро хусусан ҳангоми тангӣ ва душвории нафас, гирифтагии овоз ва андар фосилаҳои миёни навбатҳои истифроғ [ба кор баранд]. Ширро бояд ҳамон лаҳзае биошоманд, ки дӯшида бошанд.
Яке аз судмандтарини чизҳо барои [бемори ҷузом] шири меш аст ва бояд аз он ба андозае биошомид, ки гуворидан тавонист. Агар битавонанд, ки танҳо ба истеъмоли он кифоят кунанд сахт судманд бувад, вале агар [ҳамроҳ кардани ягон чизе] ногузир бошад, агар битавонанд, ба ғайри нони покиза, исфедбоҳои аз гӯшти барра сохта ва дигар чизҳои бад-инҳо монанд, ки баъд ёд хоҳем кард, дигар ягон чиз бо он ҳамроҳ накунанд. Ҳар гоҳ нафас ба ислоҳ ояд, беҳтар он аст, ки тарки шир намуда, аз барои қай овардан, на ба ғарази дигаре рӯй бар чизҳои тез ниҳанд ва бо ёрии доруҳои ёдшуда истифроғ оваранд. Сипас, агар эҳтиёҷ биафтад, дубора то ба ҳадди ёдшуда ба [истеъмоли] шир бипардозанд. (144) Ин тадбирро андар соле бояд як чанд бор такрор намуд.
Аммо касонеро, ки ҷузом устувор гардидааст, набояд раг бизананд ва на низ бо доруи қавӣ исҳол оваранд, зеро аз ин фазлаҳои эшон танҳо ба ҳаракат оянд, вале берун нашаванд. Баръакс, бояд ба оҳистагӣ моддаҳояшонро ба сӯи рӯдагон майл дод ва аз берун доруҳои кашандаву ҳалкунанда ба кор бурд.
Яке аз доруҳои ошомидании аз барои эшон созгор чунин аст: якуним уқия сирко, баробари он қатрон ва се уқия фишурдаи каранби ёбоии хомро гирифта, ҳамаро биомезанд ва пагоҳу бегоҳ ба бемор бидиҳанд. Ё аз барои чунин [беморон] бист қирот сӯҳонрезаи оҷро гирифта, бо се уқия шароб ва равғани зард ба эшон бидиҳанд. Ё аз ангужад ба қадри як ҷавза бигиранд, ё аз унсул даҳ қирот гирифта, бо шароби ангубинӣ ба қадри ҳамчун лесиданӣ қивом ёфтан [биомезанд] ва ё панҷ дирам зираро андар миқдоре аз ангубин бигиранд, ки ҳамчун лесиданӣ ба қивом ояд. Аз се то шаш қавас афшураи пудина аз барои эшон хуб аст. Аз моҳии намакин бояд гоҳ-гоҳе баробари истеъмоли дору истеъмол кунанд. Аз чизҳои ниҳоят тез ҷуз ба ҳангоми қай ва ҷуз ба тариқи дегафзори ғизоҳои истеъмолшаванда бипарҳезанд. Гоҳе чунин [беморонро] бо доғ ниҳодан бар андомҳо ба тариқи сахт пароканда муолаҷа кунанд, ки мисоли онҳо нармаи сар, дарзҳои косаи сар, буни ҳанҷара, гижгоҳиҳо, паси гардан ва пайвандгоҳҳои дасту пойҳо мебошад. Бархеҳо гуфтаанд, ки ба ҳангоми
якумин бими падид омадани ҷузом бояд як доғ бар пешгоҳи сар ва болотар аз нармаи он, як доғ фурӯтар аз он ва ба наздики маҳалли боло аз абрӯ, ки мӯйро аз он ҷо кӯтоҳ кунанд, як доғ аз бари рости сар, дигар аз бари чап, як доғ аз паси сар боло аз мағокӣ, ду доғ аз наздики ҳар ду дарзи қишрӣ ва як доғ бар испурч биниҳанд. Бояд ин доғҳоро бо доғмони сабуки борик биниҳанд. Ҳар гоҳ бар сар доғ ниҳанд, бояд онро агарчи аз тариқи бисёр такрор кардан ҳам бошад, ба ҳадди устухон расонид, то устухон қишр бипартояд. Пеш аз ин бояд тадбирҳои эҳтиётӣ дид, то таъсири он ба мағз ба андозе нарасад, ки мизоҷи онро табаҳ созад. Бисёр бошад, ки чун ҷоҳилонро даст сабук набошад, аз тариқи доғниҳӣ [беморонро] бикушанд.
Сифати доруҳои мураккабе, ки аз барои [худованди ҷузом] судманданд: Аз ҷумла бузурҷалӣ ва [доруи] бешие ба шумор раванд, ки ба ҳангоми ин иллат қоиммақоми гӯшти афъист ва дигар доруи сулоҳа мебошад. Бузурҷалӣ дорои нусхаҳои зиёд аст, ки онҳоро [пизишкони] Ҳинд ёд карда ва санҷидаанд. Яке аз тавсифҳои маъруфи он чунин аст: аз ҳар кадоми ҳалилаи сиёҳ ва шитараҷи ҳиндӣ даҳ дирамӣ, аз дорфилфил панҷ дирам ва аз беши сафед дуним дирам гирифта, бикӯбанд ва бо равғани гов сиришта, бо ангубин маъҷун созанд. Як ошомидании он аз як мисқол то ду дирам буда, баъд аз пок сохтани тан ба кор баранд. Агар онро ба миқдори баробар бо доруи мушк ба кор баранд, аз зиёни он биме нахоҳад буд, зеро [доруи мушк] подзаҳри вай аст.
Сифати маъҷуне, ки «бузурҷалии бузург» ном дорад: Ин «ҷавондорон» буда, аз ҷузом, барас, баҳак, парюн, оби зард, хориш ва гари куҳан суд дорад, ҳушро мустаҳкам кунад ва фаромӯшхотирӣ бибарад. Вай аз барои ҳофиза хуб ва аз беҳушӣ судманд буда, ин доруро донишмандони Ҳинд аз барои шоҳони хеш сохтаанд. Нусхаи он чунин аст: аз ҳар кадоми ҳалила, балила, омула ва шитараҷи ҳиндӣ чаҳордаҳ дирамӣ, аз ҳар кадоми гавзи бӯё, хирбӯво, пӯсти кундур, му, фу, мурч, дорфилфил, филфилмӯя, норқайсар, нормушк, кундуша, фишурдаи пиёзи унсул ва содаи ҳиндӣ ҳашт мисқолӣ ва аз беши кабуди хуб чаҳор мисқол гирифта, ҳамаи доруҳоро кӯфта безанд, вале бешро ҷудогона бисованд. Касе, ки онҳоро мекӯбад, бояд баробари он даҳону бинӣ бибандад ва пеш аз ин даҳону биниро равғани гов чарб кунад. Сипас аз фонизи хазоинии хуб ва ё фонизи санҷарӣ дуним ман ба мани бағдодӣ бигиранд ва майда карда, андар деги оҳанӣ андозанд ва аз болояш ба андозе об бирезанд, ки гудохта гардад. Ҳар гоҳ ки гудохта шуд, онро аз болои оташ фуруд ор ва доруҳоро аз болояш пошида, бо вай хуб биомез. Сипас аз онҳо ба қадри як мисқолӣ фундуқчаҳо бисоз. Ҳар рӯз як дона аз он бо оби нимгарм ва ё набиз ношито ба бемор бидеҳ.
Сифати маъҷуни сулоҳа. Ин доруи ҳиндии бузург буда, ба равиши бузурҷалист ва низ аз барои рехтани мижгон, сафедии мӯй, (145) дамкӯтоҳӣ, хафақон, сустии иштиҳо, исҳоли беандоза, истисқо, ярақон, камфарзандӣ173 ва бавосир суд дошта, пиронро барно кунад ва аз хоришу решҳо суд бахшад. Нусхааш чунин аст: дусаду шаст мисқол сулоҳаи поккардаи шустаро бигиранд, ки он пешоби нарбузҳои кӯҳист. Аз барои он чунин гӯянд, ки онҳо ба ҳангоми бедории шаҳват андар кӯҳ бар харсанге, ки «сулоҳа» ном дорад, пешоб афкананд ва [пешоб] он харсангро сиёҳ карда, худ мисли қири равғании тунук бигардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор