Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Низ, аз ҳалила, балила, омула, мурч, дорфилфил, даҳмаст, хирбӯво, қирфа, басбоса, уд, бола, дикора, табошир, акитмакит, баранг ва моқиш чаҳор мисқолӣ, аз муқл дусаду шаст мисқол, аз шакари табарзад яксаду чиҳил мисқол ва аз зари сурх, сими холис, миси сурх, оҳан, сурб ва пӯлод ҳашт мисқолӣ бигиранд. Гавҳарҳоро сӯхта, ҳамроҳи доруҳо бикӯбанд, бибезанд ва ҳамаро бо ангубин ва равғани гов сиришта, андар бастӯи сабз бигиранд. Як ошомиданӣ аз он як мисқол ва бо шири буз ва ё оби нимгарм бошад. Андар он аз ангубини кафкбаргирифта шасту ҳафт мисқол ва аз равғани гов сиҳу чаҳор мисқол ҳамроҳ кунанд. Агар онро биҷӯшонанд, боз беҳтар хоҳад буд, зеро он андар бисту як рӯз парварда шуда, бирасад.
Сифати сӯхтани пӯлод. Аз пӯлод тахтаҳо бисозанд. Сипас ҳалила, балила ва омуларо биҷӯшонанд ва оби онҳоро полида, андар деги мисин бигиранд ва андар зераш оташи нарм биафрӯзанд. Пӯлодро то сурх шудан битафсонанд ва андар он об бизананд. Сипас боз андар оташ ниҳода, сурх кунанд ва чун сурх шуд, боз андар он [75] об бизананд ва ҳамин тариқ бисту як бор такрор кунанд. Сипас он обро полида, дурдеро, ки аз пӯлод андар зери он нишастааст, бигиранд. Баъд дубора дегро бар оташ ниҳода, андар он пешоби гов бирезанд ва оҳанро низ бисту як бор сурх карда, андар он бизананд ва дурдашро бигиранд, то аз он ҳашт мисқол дурд ҳосил кунанд. Бо мис то ҳосил кардани ҳашт мисқол [дурд] низ чунин бояд кард.
Аммо симро бошад, бо сӯҳон чандоне бисованд, ки мисли хока бигардад, сипас онро бо оби намак андар кафлези оҳанӣ то хуб сӯхтан бипазанд. Агар насӯзад, андар кафлес миқдори андаке аз гӯгирди зард афкананд, он гоҳ хоҳад сӯхт. Аз сими [сӯхта] низ ҳашт мисқол бигиранд.
Ҳама [сӯхтаҳоро] бояд кӯфт ва бехт.
Сӯхтани зар бад-ин гуна бувад: Бояд зарро чандоне сӯҳон кунанд, ки мисли гард бигардад, лекин бо он як мисқол онук, яъне сурб ҳамроҳ кунанд ва онро низ бо зар сӯҳон кунанд, то ба ҳам гудохта шаванд. Сипас соате бигузоранд ва баъд аз он боз бисованд ва бар вай як мисқол сурб биафзоянд. Ҳамаро боз бо сӯҳон бисованд, сипас андар кафлес афканда, бар вай оби намак бирезанд ва то нест шудани об ва боқӣ мондани зару сурб биҷӯшонанд. Баъд онҳоро андар ҳован чандоне кӯфта, нарм кунанд, ки мисли гард бигарданд ва бо доруҳои дигар биомезанд.
Аммо пок сохтани сулоҳа бад-ин гуна аст: Оби хори хасак ва пешоби говро гирифта, андар ҷогаҳи оҳанин бар сулоҳа ба миқдоре бирезанд, ки онро панаҳ кунад ва [ҷогаҳро] соате андар офтоби сӯзон биниҳанд. Сипас онро сахт молиш дода, оби онро андар ҷогаҳи оҳанин биполанд ва се рӯз андар офтоби тафсон биниҳанд. Баъд, онро полида, дурди сахтшударо бигиранд. Сипас боз бар сулоҳа оби хори хасак ва пешоби гов рехта, мисли аввала тадбир бикунанд ва ин корро се бор ба такрор иҷро кунанд.
Баъд, онро андар офтоб бисту як рӯз биниҳанд, то ситабр шуда, мисли ангубин сахт ва чун қир сиёҳ бигардад.
Сифати сулоҳаи хурде, ки судаш чун суди сулоҳаи

бузург бошад: як бахш аз сулоҳаи поккарда ва чаҳор бахш аз кур (муқл) гирифта, курро бикӯбанд ва як чанди вазни он ангубин, ҳамин қадар шакар ва ба қадри нимчанди ангубин равғани говро бо онҳо биомезанд ва андар шиша бигиранд. Як ошомиданӣ аз он як мисқол ва бо шири нимгарми гов бувад.
Сифати як доруе, ки аз барои ҷузом судманд аст:
аз ҳар кадоми ҳалилаи сиёҳи покиза, ҳалилаи зарди покиза ва занҷабил ёздаҳ мисқолӣ, (146) нонхоҳ панҷ дирам, аз ангужади хушбӯй се дирам ва аз мавизи поккарда ним маккук гирифта, бо се даврақ об биҷӯшонанд, то ду сеяки он биравад ва як сеяк бимонад. Гуфтаанд, ки як даврақ ба чаҳор ратли бағдодӣ баробар аст. Сипас онро фишурда, биполанд ва бар оби полидаи он аз ангубин ба қадри кифоят изофа кунанд. Аз ин дору ба бемор як ратл бидиҳанд ва худи ҳамон замон бар тани ӯ равғани гов чарб карда, андар офтобаш нишонанд, то арақ кунад ва ё агар тоқат дошта бошад, бифармоянд, то ҳафтод қадам роҳ рафта, як бор бар паҳлуи рост, як бор бар чап, як бор бар шикам ва як бор бар пушт бихобад. Ҳафт рӯз бояд ба миқдори [лозимӣ] фақат нону ангубин бихӯрад ва доруро аз барои ӯ ҳар рӯз аз нав бисозанд.
Сифати як тило аз барои ҷузом: мори сиёҳи пӯстафкандаро гирифта, забҳ кунанд ва бар деге андохта, аз болояш ҳашт уқия сиркои тез, як уқия об ва ду уқиягӣ шитарҷи тоза ва бехи луф афкананд ва бар оташи нарм то нарм шудани мор биҷӯшонанд. Сипас онро бо порае полида, устухонҳоро аз гӯшт ҷудо кунанд ва баъд дурдии онро андар шишае бигиранд. Ҳар гоҳ муолаҷа кардан бихоҳӣ, беморро бифармой то мӯи абрӯ ва сар битарошад ва аз ин [тило] се рӯз бар вай тило бикун.
Сифати як тилои дигар: як бахшӣ мавизак, ҳалилаи сиёҳи поккарда ва омула гирифта, бо равғани зайтуни норасид биҷӯшонанд ва маҳалли бемориро баъд аз шустан бо ҷӯшонидаи авсаҷ ва гулнор аз ин тило биолоянд.
Як тилои дигар: ҳалила ва мозуро сӯхта, бо сирко бар [маҳалли дард] тило кунанд.
Аммо ғизоҳои эшон ҳар гуна ғизои зудгувори хубкимус буда, мисоли он исфедбои гӯштҳои парандаҳои маъруф ва моҳии тозаи сабукгӯшт бо дегафзорҳоест, ки аз онҳо чора набошад. Ғизои аз ҳама хуб барои эшон нони ҷави поккарда, нони гандуми румӣ, ошомҳои аз инҳо сохташуда ва тараҳои тоза мебошанд. Гоҳе эҳтиёҷ бадон биафтад, ки бо [ҷав ва гандуми румӣ], масалан, чугундар, турб ва гандано биомезанд. Хусусан пеш аз поксозӣ набояд аз истеъмоли чизҳои бурандае аз қабили кабар, розиёна ва гандано ғофил монд, зеро инҳо ғизоҳои эшонро аз фазлаҳо пок карда, фазлаҳоро барои ронда шудан омода созанд. Ҳар гоҳ доруҳои сутуда ба кор бурдӣ, ин тадбирро низ ба кор бибар. Моҳии шӯр андар ин бобат барои эшон сахт хуб аст ва мо инро бештар ҳангоме бидиҳем, ки эшонро қай ва исҳол овардан бихоҳем.
Каранб ба хосият аз барои чунин [беморон] судманд бувад ва нон бо ширу ангубин низ аз барои эшон нофеъ аст. Анҷир, ангур, мавиз, бодоми бирён, хасакдона, донаи санавбар ва ҳар чи, ки аз инҳо бисозанд, ҳама аз барои эшон созгоранд. Бояд андар як рӯз ба қадри гувориш ду бор ғизо бихӯранд. Як бор барои эшон зиён дорад. Ба ҳан гоми авҷ гирифтани беморӣ ҷуз андаке шароб нахӯранд ва ҳангоми ором ёфтани беморӣ агар аз шароби тунуки ғайри куҳан ба миқдори мӯътадил биошоманд, равост.

пешина
аз 1215
навбатӣ