Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа
кадомашон ба писарбача табдил ёфтанд. Занам онҳоро калон кард, вале онҳо аз хонаи мо баромада рафтанд. Акнун онҳо баргаштаанд, то ин ки ҳамроҳи мо кор кунанду дастурамон бошанд. Ана ҳамон бачаҳои ман шумоед.
Фиребгарон чунин сурат гирифтани корро интизор набуданд ва доду фарёд бардоштанд:
– Ин гап дурӯғ аст, мо ба ин гуфтаҳои шумо бовар намекунем!
– Агар бовар намекарда бошед, пас ба қавли худ содиқ нестед ва бояд ҳар як хоҳиши моро иҷро бикунед. Ман мехоҳам, ки шумо дар кулбаамон бимонед ва чун фарзандон дар пирӣ дастгири мо бошед.
Чор фиребгар барои зиндагиву кор дар хонаи пиру кампир монданд. Пиру кампири хирадманд онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намуда, меҳнати ҳалол карданро омӯхтанд. Ҷавонони дурӯғгӯй аз корҳои кардаашон пушаймон шуданд ва дар зиндагӣ дигар ҳеҷ гоҳ дурӯғ нагуфтанд. 1
Дурӯғгӯӣ кори ноҷавонмардон аст, ин амали ношоиста моро назди одамон шармсор карда, дар зиндагӣ хору зор мегардонад.
1 Пропавшая палица (Легенди и сказки Камбоджи).– М., Главная редакция восточной литератури, 1972. – стр. 102–104.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё