Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа
— Мехоҳам туро пӯст канда аз пӯстат пӯстин бидӯзам.
— Илтимос, раҳм кун, маро накуш, бароит асал меорам.
Мӯйсафед хирсро озод кард, аммо тез кардани кордашро давом дод.
— Мӯйсафед, барои чӣ кордатро тез карда истодай? — пурсид бо овози тарсолуд гург.
— Мехоҳам аз пӯсти ту телпак бидӯзам.
Гург бо зорию тавалло ба мӯйсафед гуфт:
— Илтиҷо мекунам, ба ҳолам раҳм кун, маро накуш, бароит бузу гӯсфанд меорам.
Мӯйсафед гургро ҳам раҳо кард, вале аз тез кардани корд бознаистод.
Рӯбоҳак фуки нозукашро баровардду пурсид:
— Бобоҷон, барои чӣ кордатро тез карда истодай?
— Рӯбоҳаки зебо, аз пӯсти ту гиребони хубе дӯхтан мумкин аст.
— Илтимос, бобоҷон, ба ҳолам раҳм кун, бароит ғозу мург меорам.
Мӯйсафед ӯро ҳам озод кард, вале тез кардани кордашро давом медод. Харгӯшак ба таҳлука афтода пурсид:
— Бобоҷон, барои чӣ кордатро тез карда истодай?
— Пӯсти харгӯш мулоиму маҳин аст, аз он дастпӯшакҳои хубе метавонам бидӯзам.
— Илтимос, маро накуш, бароит камарбанди нақшини зебо меорам.
Мӯйсафед ӯро ҳам раҳо кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё