Зеҳн
Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа

АфсонаНаврасон
Аз аввал хондан

— Оҳ, пеш аз аҷал мурда меравем, — гуфта як лаванд аз ҷояш хест. Баъд лавандҳои дигар дару даричаҳоро шикаста, берун баромадан гирифтанд.

Фақат ду лаванд аз ҷой начунбиданд. Ба
яктошон забонаи оташ расиду вай танҳо нимхез
шуда:
— Эй Худо, — гуфта монд.

Лаванди дигар аз ҷояш ҳам начунбид. Подшоҳ
фармуд, ки лаванди ночунбонро ба пешаш
гирифта оранд.
Баъд аз ин ҳамон духтарро гирифта оварданд.

— Вазири ман забони мургонро намедонад, — гуфт подшоҳ ба духтар, — ту гапи зоғро нашунида бошӣ ҳам, ба ӯ ёд додӣ, ки чӣ ҷавоб диҳад. Акнун ман туро ба одами аз ҳама лавандтарини мамлакат медиҳам. Мебинем, ки гуфтаи зоғ рост будааст ё дурӯғ.

Подшоҳ амр кард, ки лаванду духтаракро ба
биёбон бурда партоянд.

Одамони подшоҳ онҳоро ба биёбони дур бурда
партофта омаданд.

Лаванд ночунбон мехобид, ба духтар нигоҳ ҳам
намекард, вай чӣ пурсад, ҷавоб намедод.

«Ман ҳақ будани гапи зоғро исбот мекунам», — фикр кард духтарак. Вай ба лаванд дигар гап назад, ӯро монду худаш кофта-кофта ба як қишлоқ рафт. Дар ин қишлоқ пиразани бекасу бенаворо ёфта, гуфт:
— Шумо танҳою бенаво будаед, мехоҳам ба шумо хизмат кунам.

Пиразан хурсанд шуд.

пешина
аз 87
навбатӣ