Зеҳн
Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа

АфсонаНаврасон
Аз аввал хондан

Баъди як рӯз духтар нон гирифта, ба назди лаванд омад.

Лаванд бисёр гурусна монда буд, бо вучуди ин нонро дида, аз ҷояш начунбид. Духтар як нонро се қадам аз ӯ дуртар монда гуфт:

  • Ӯй, марди лаванд, ман ба ту нон овардам, хеста хӯр!

Лаванд чашм кушод, духтар ба ӯ нонро нишон дод.

  • Гир, хӯр, ту-ку гушна мондагӣ! – гуфт духтар ва худаш онтарафтар рафта нишаст.

Лаванд як-ду бор ба нон нигоҳ карда монд.
Гуруснагӣ ӯро ба ҳаракат овард. Вай дасташро дароз кард, аммо дасташ ба нон нарасид. Пас вай ба як паҳлу гашта, каме хазида, пеш рафту нонро гирифта, саросема хӯрдан гирифт.

Духтарак ба ӯ боз якто нон дода, ба деҳа рафт.
Рӯзи дигар вай корҳои хонаи кампирро тахт карда, дута нон гирифта, ба пеши лаванд омад. Ин дафъа нонро ягон даҳ қадам дуртар монда:

  • Зуд гирифта хӯр! Гушна намондӣ магар? – гуфта пурсид.

Лаванд гапи духтарро шунида, сарашро гардонда нигоҳ кард: нон хеле дур, духтар бошад, аз вай ҳам дуртар нишастааст.

Вай рӯяшро гардонд, вале ба азоби гушнагӣ тоқат карда натавониста, ноилоҷ ба сӯи нон хазид.
Духтарак нони дуюмро боз ҳам дуртар монда, ба деҳа рафт

пешина
аз 87
навбатӣ