Зеҳн
Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа

АфсонаНаврасон
Аз аввал хондан

– Писарам, дида истодай, ки мо падаратро фиреб карда наметавонем. Бирав ягон коре пайдо бикун. Ҳар рӯз панҷ-даҳ тин даромад дошта бошӣ, дар як ҳафта як сӯм мешавад. Пулҳои дар як ҳафта даромад кардаро ба падарат оварда бидеҳ, вай бовар мекунад.

Писар мувофиқи фармоиши модар рафтор намуд. Як ҳафтаи дуру дароз дар хонаи шахсе кор кард, бори касеро кашонд ва то охири ҳафта ба миқдори як сӯм пул ҷамъ кард ва ба падараш овард.

Мӯйсафед ин пулҳоро ҳам бӯй кашиду ба оташдон партофт.

– Не, писарҷон, ин пулҳо ҳам музди меҳнати ту нестанд.

Писар тоқат накарда ба назди оташдон омад ва дасташро ба оташдон андохта, пулҳояшро ҷамъ карда гирифт.

– Падарҷон, шумо ноҳақед. Ман як ҳафтаи дароз меҳнат карда, заҳмат кашида, ин пулҳоро пайдо кардам. Шумо онҳоро ба оташ меандозед.

Падар ин ҳолатро мушоҳида карда гуфт:

– Акнун ман бовар кардам, ки ин пулҳо маҳсули меҳнати туанд. Дилат ба онҳо сӯхт, ки онҳоро аз оташдон берун кардӣ. Бубин, писарам, шахс барои музде ба даст овардан чӣ қадар заҳмат мекашад. Меҳнат кунӣ, шикамат сер аст, вале коргурез бошӣ, аз гуруснагӣ мемурӣ.

Баъд аз ин падар тамоми молу дороиашро ба писараш васият кард ва худаш ба дунё рафт, ки аз он ҳеҷ кас барнамегардад.1

1 Сказки народов СССР, том 1.– Душанбе, 1983. –с. 484-486.

пешина
аз 87
навбатӣ