Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа
ҲУНАР АЗ ЗАР БЕҲ АСТ
(Афсонаи арманӣ)
Буд набуд шоҳи тавонгару сарватманде буд. Ӯ аксаран пинҳонӣ аз вазирону надимон ба мисли гадоён либос мепӯшид ва дар шаҳрҳову деҳаҳои қаламраваш сайругашт мекард, гӯш медод, ки мардум дар бораи шоҳ ва тарзи ҳукмрониаш чӣ мегӯянд. Боре дар яке аз деҳаҳо шоҳ бо духтаре вохӯрд; духтар нозанину дар ҳусну ҷамол беҳамто буд. Ҳар кас, ки ӯро медид, аз хӯрдану нӯшидан мемонд, тамошои духтарро аз ҳама кор авлотар медонист.
Шоҳ ба қаср баргашт ва ба вазирону надимонаш гуфт:
– Дар яке аз деҳаҳо духтари зебое зиндагӣ мекунад. Биравед, ба ӯ бигӯед, шоҳ мехоҳад ӯро ба занӣ бигирад.
Вазирону надимон ба деҳае, ки шоҳ гуфта буд, омаданд. Хонаи духтарро ёфтанд; онҳоро ҳам ҳусни расои духтар мафтун кард. Ба падару модари духтар гуфтанд, ки шоҳ ошиқи духтарашон шудааст ва мехоҳад ӯро ба занӣ бигирад.
Падари духтар кишоварзи нодор буд. Вай бовар
надошт, ки шоҳ ба духтараш таваҷҷуҳ кардааст ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё