Зеҳн
Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа

АфсонаНаврасон
Аз аввал хондан

Каминаро ба тааҷҷуб овард ва ӯ аз соҳибхона пурсид:
– Чаро кӯдакони шумо гурусна хобиданд, дар дег чизе меҷӯшад-ку?

Соҳибхона бо алам ҷавоб гардонид:
– Меҳмони олиқадр, мо ҳеҷ чизи хӯрдани надорем, фарзандонамон аз гуруснагӣ нолаву фиғон мекунанд. Мо барои фириб додани онҳо дар дег санг андохта меҷӯшонем ва ба онҳо бардурӯғ мегӯем, ки ҳоло хӯрок напахтааст, хоб равед, агар хӯрок пазад, шумоёнро албатта бедор мекунем. Бо ҳамин баҳона кӯдакони бечора хоб мераванд.

Ба ин бечорагии онҳо дили Камина сӯхт ва рафта, аз хонаи бойи деҳа гӯсфанди фарбеҳеро дуздида овард. Каминаи хирадманд ба соҳибхона амр дод, ки гӯсфандро бирён кунанд ва худ кӯзаи пуробро бо ғалбер гирифта боми хона баромад. Вақте гӯсфанд пухт, кӯдакон аз хоб хестанд ва ҳарисона ба хӯрдани хӯроки болаззат сар карданд. Каминаи хирадманд бошад аз болои онҳо бо ғалбер оҳиста-оҳиста оби ширгарм мепошид, вале кӯдакони гурусна ба ин аҳамият надода, бо иштиҳо хӯрок мехӯрданд.

Саҳар бойи золим фаҳмид, ки як гӯсфанди ӯро дуздидаанд, рост ба хонаи ин марди фақир омада, бо қаҳру ғазаб аз фарзандони ӯ пурсид:
– Шумо гӯшти гӯсфанд хӯрдед?
– Оре, хӯрдем, – ҷавоб доданд кӯдакони марди фақир.
– Кай хӯрда будед, – пурсид бой.

пешина
аз 87
навбатӣ