Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа
— Ӯ шабона ба хонаи хоби мо даромада, ба малика даст расондааст.
— Шоҳо, як ҳикояте ба шумо мегӯям, аввал онро бишунавед, пас ӯро ба қатл бирасонед.
Подшоҳ розӣ шуд, ки ҳикоятро бишунавад.
Балуч гуфт:
— Дар кишваре подшоҳе ҳукмфармо буд. Рӯзе ӯ бо дарбориенаш ба шикори оҳу рафт ва амр кард, ки оҳу шикори касе буда метавонад, ки аввалин шуда онро бубинад. Ба амри тақдир шоҳ аввалин шуда оҳуеро дид ва аз паси он асп тозонд.
Оҳуро дуру дароз таъқиб кард, вале ба он расида натавонист.
Ба гирду атроф нигарист. Ба ҷангали ношиносӣ расида буд.
Ташнагӣ ҳис кард.
Аспашро ба дарахте баст. Бозашро боз кард, худаш дар зери дарахт нишаст. Муддате пас аз дарахт чакра-чакра об чакид.
Подшоҳ ҷомашро ба зери оби чакидаистода гирифт. Пас аз он ки дар ҷом андаке об ҷамъ шуд, хост онро бинӯшад. Боз ба шаст парвоз карда омад ва ҷомро аз дасти подшоҳ ба канор кард.
Подшоҳ ба ғазаб омад ва сари бозро аз танаш ҷудо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё