Зеҳн
Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа

АфсонаНаврасон
Аз аввал хондан

Шом нашуда паланг ба ҷуворимакзазори назди хонаи бой даромада пинҳон шуд. Худ ба худ мегуфт: «Одамон ки ба хоб рафтанд, ман ба зудӣ барзаговро кашида ба ҷангал мебарам». Аз камингоҳи худ аз дурӣ дузд дар майдони ҷуворимакка ҷонвари калонҷуссаеро диду гуфт: «Барзагов худаш аз оғил ба наздам омад. Дуздиданаш боз ҳам осонтар шуд». Дузд каманд андохта ба гардани паланг андохту ба тарафи худ кашид. То дамидани субҳ онро мекашид ва бо чӯб ба сараш мезад. Аз зарбаҳои пайдарпай хӯрдааш паланг гаранг шуда буд. Субҳ дамид, олам равшан шуд. Дузд ба қафо нигарист: «Худоҷон, ин паланг аст-ку». Камандро партофту рӯ ба гурез ниҳод. Вай ба як тараф медавиду паланг ба дигар тараф, ба сӯйи ҷангал.

Шағоле аз пеши паланг баромад ва пурсид:
– Ҳа амакҷон, ба куҷо шитоб дорӣ?
– Худам ҳам намедонам, ҷияни таго. Имшаб ба дасти саркӯбе афтодам. Шаби дароз ӯ ба сарам чӯб зад.
– Амакҷон, кист он саркӯб, ба кӣ монанд аст? Биё ӯро ба ман нишон деҳ.
– Не, не, ман ба саркӯб наздик намеравам. Агар ӯро дидан хоҳӣ, рост ҳамин роҳ бирав, ӯро мебинӣ.
– Ман ташнаи дидори ӯям, – гуфт шағол ва ба роҳи нишондодаи паланг равон шуд.

пешина
аз 87
навбатӣ