Лафзи ширин

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 57 саҳифа
МаорифКӯдаконШеър
Аз аввал хонданАрчаи Анвар
Арчаи Анвар
Сарсабзу зебо,
Бар шоҳақояш
Пур бозичаҳо:
Ҳам шери ғуррон,
Ҳам оҳуи маст,
Дар байни онон
Харгӯшча ҳам ҳаст.
Наздаш нишастаст
Бобои барфин,
Пурсид аз Анвар
Бо лафзи ширин:
Чаро нишастаст
Аз ҳама боло,
Харгӯшчаи ту
Метарсад оё?
Анвар бигуфташ:
— Харгӯш далер аст,
Чунки вай акнун
Ҳамроҳи шер аст.
ДӮСТОНИ МАН

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё