Лафзи ширин

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 57 саҳифа
ШеърМаорифКӯдакон
Аз аввал хонданА. ДЕҲОТӢ.
Мурғаки шилшилапо
I.
Мурғаки шилшилапо,
Эҳ, ту чӣ хел хушнамо!
Тохта куҷо меравӣ,
Ҷӯчаяқот аз қафо?
«Чу-чу»-кунон медаванд,
Гушна магар ҷӯҷаҳо?
Арзану қурмак диҳем,
Биё, биё, пеши мо!
Ту-ту-ту-ту, биҳ, биҳ, биҳ!
Чу-чу-чу-чу, биҳ, биҳ, биҳ!
II.
Ҷӯҷаҳои хурдакак,
Хурдадаку тезгардак!
Куртаҳотон сап-сафед,
Нӯлчаҳотон зардакак,
Поҷаҳотон топ-тоза,
Белою бегардакак.
Дона хӯреду шавед
Фарбеҳу бедардакак!
Ту-ту-ту-ту, биҳ, биҳ, биҳ!
Чу-чу-чу-чу, биҳ, биҳ, биҳ!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё