Зеҳн
Лафзи ширин

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 57 саҳифа

ШеърМаорифКӯдакон
Аз аввал хондан

М. МИРШАКАР

Рост мегӯям

Гумон набаред,
Ки ман хурд ҳастам,
Ана, мебинед
Ҷорӯб дар дастам.
Бо ин ҷорӯбам
Хона мерӯбам.
Дар даст кӯзача
Давам бошитоб
Ба сӯи чашма
Аз барои об.
Ширин аст обаш,
Қандин аст обаш.
Нахандед Шумо,
Ман рост мегӯям:
Дегу табакро
Худам мешӯям.
Бовар накунед,
Аз очам пурсед.
Бояд дар хона
Ёрӣ расонам,
Мисли дугонам,
Ба очаҷонам.
Вай пахтакор аст,
Қораш бисёр аст.

пешина
аз 57
навбатӣ