Зеҳн
Лафзи ширин

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 57 саҳифа

ШеърМаорифКӯдакон
Аз аввал хондан

А. ШУКУҲӢ

Заврақчаи мо

Ману акаам
Заврақча сохтем,
Аз қоғази сурх
Байрақча сохтем.

Байрақчаро бар
Заврақча мондем.
Заврақчаро бар
Табақча мондем.

Табақчаро пас
Гирифта бар даст,
Рафтем ба ҷӯи
Обаш каму паст.

Табақчаро мо
Бар об мондем.
Аз шодӣ ду кас
Ашӯла хондем.

Заврақчаи мо
Шино менамуд,
Байрақчаи он
Ҷило менамуд.

Аммо табақча
Гум шуд тамоман.
Акнун чӣ созам,
Гӯед бар ман?

пешина
аз 57
навбатӣ