Лафзи ширин

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 57 саҳифа
ШеърМаорифКӯдакон
Аз аввал хонданТ. МУТАЛЛИБОВ.
Ман ва зочаам
Росташро гӯям, гӯш кун:
Панҷсола шудам акнун.
Дар рӯзи таваллудам
Бисёрҳо хушнудам.
Додом катча оварданд,
Тағом миз ҳадя карданд.
Зочаяке бароям
Тӯҳфа карданд акоям.
Дӯхтанд очаам ба он
Куртачаи арғувон.
Акнун ба катчаи нав
Зочаи худро даррав
Ғамхорона хобонам,
Суруди «Алла» хонам.
Худам метарсам аммо:
Хобам барад мабодо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё