Лафзи ширин

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 57 саҳифа
ШеърМаорифКӯдакон
Аз аввал хонданА. ҚОДИРИ.
Лола
Зочаяки хешро
Лола басе алла гуфт,
Зочаи гапнодаро
Лек чӣ шуд, ки нахуфт.
Ҳеҷ накардам асар
Аллаи форами ӯ:
— Хоб кун, эй ҷони ман,
Духтараки малламӯ.
Ҳай дилаки Лоларо
Зочаякам об кард,
Зоча нахуфта ҳанӯз,
Лолаи мо хоб кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё