Зеҳн
Лафзи ширин

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 57 саҳифа

ШеърМаорифКӯдакон
Аз аввал хондан

Маҳбуба

Ширу шакар,
Қанду набот,
Маҳбубаи пахмоқмӯ,
Хурду калони хона шод
Аз кори ӯ,
Рафтори ӯ.

Бо модар ӯ,
Ҳам бо падар,
(Чун соати хобаш шавад,
Аз рӯяшон,
Аз мӯяшон,
Бӯсида)
Хайрухушкунон,
Бар ҷои хобаш меравад.

Аз хобакаш хезад агар,
Тозон биёяд пеши дар,
Бар модар ӯ,
Ҳам бар падар,
Бо ҳурмату бо эҳтиром,
Пеш аз ҳама гӯяд: «Салом!»

Ширу шакар,
Қанду набот,
Маҳбубаи пахмоқмӯ,
Хурду калони хона шод
Аз кори ӯ,
Рафтори ӯ.

пешина
аз 57
навбатӣ