Лафзи ширин

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 57 саҳифа
ШеърМаорифКӯдакон
Аз аввал хонданУ. РАҶАБ.
Ароба
Динаяк дусола шуд
Аробаи Вафоҷон.
Аммо намепартояд
Вафоҷон «кӯҳна» гӯён.
Аробааш ҳоло нав,
Нағзакак роҳ меравад.
Агар онро ранг кунад,
Боз ҳам зебо мешавад.
Аробачаи худро
Вафоҷон дӯст медорад.
Бо он ба баррачааш
Баргу алаф меорад.
Мошин
I.
Аз ҳама чиз бар Самад
Мошинаи ӯ азиз,
Чунки дар он меорад
Ба хона ҳар гуна чиз.
II.
Мошинаи Самадҷон
Дар борбардорӣ усто:
Ба хубӣ мебардорад
Белчаву сатилчаро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё