Лафзи ширин

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 57 саҳифа
ШеърМаорифКӯдакон
Аз аввал хонданУ. РАҶАБ
Кабӯтари ман
Нақарот:
Болу парат кушо, биё,
Кабӯтари ман,
Нишин ба тори боми мо,
Кабӯтари ман.
I.
Биё, ки сила мекунам
Болу паратро,
Биё, биё, ки мебарам,
Туро ба ҳар ҷо.
Нақарот:
II.
Биё, биё, ки медиҳам
Дона бароят,
Биё, биё, ки кардаам
Лона бароят.
Нақарот:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё