Лафзи ширин

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 57 саҳифа
ШеърМаорифКӯдакон
Аз аввал хонданН. БАҚОЗОДА
Чароғаки раҳнамо
Шаҳри калон — шаҳри мо,
Пури мошин — кӯчаҳо.
Чӣ хел карда гузарем
Аз чорраҳа, бачаҳо?
Раҳ нишон диҳад ба мо
Чароғаки раҳнамо:
Сурхаш мегӯяд: исто,
Гузарад мошинаҳо!
Зардаш мегӯяд: даррав
Ба гузаштан тайёр шав!
Сабзаш даргирад агар,
Марҳамат, акнун гузар!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё