Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Шаҳаншоҳ донад, ки ў подшост,
Диҳад тахти шоҳӣ бад-он, к-аш ҳавост».
Бад-ў гуфт Тус: «Эй сипаҳдори пир,
Чӣ гўӣ суханҳои нодилпазир?
1310 Агар ту зи Кашвод дорӣ нажод,
Манам Туси Нўзар шаҳи шоҳзод.
В-агар теғи ту ҳаст сандонишикоф,
Синонам бидаррад дили кўҳи Қоф.
Марову туро, -гуфт, -пайкор чист?
Шаҳаншоҳ донад, ки солор кист».
Бад-ў гуфт Гударз: «Чандин магў,
Ки чандин набинам туро обрў».
Ба Ковус гуфт: «Эй ҷаҳондида шоҳ,
Ту дилро магардон зи оину роҳ.
1315 Ду фарзанди пурмояро пеш хон,
Бари хеш биншон ба равшанравон.
Бубин, то зи ҳар ду сазовор кист,
Ки бо бурзу бо фарраи эзадист.
Сазоворро бахш тахту кулоҳ,
Агар сер гаштӣ зи тахту сипоҳ».
Бад-ў гуфт Ковус к-«Ин рой нест,
Маро ҳар ду фарзанд бар дил якест.
Якеро чу ман карда бошам гузин,
Дили дигар аз ман шавад пур зи кин.
1320 Яке чора созам, ки ҳар ду зи ман
Нагиранд кин андар ин анҷуман.
Ду фарзанди моро кунун бо ду хел
Бибояд шудан то дари Ардабил.
Ба марзе, ки он ҷо дижи Баҳман аст,
Ҳамасола пархоши оҳарман аст.
Ба ранҷанд з-оҳарман оташпараст
Наёрад бад-он марз мўъбад нишаст.
Аз эшон яке к-он бигирад ба теғ,
Надорам аз ў тахту шоҳӣ дареғ».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё