Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Маро ин ҳам аз пеш берун шавад,
Зи ҷанги ялон кўҳ ҳомун шавад.
Ҳар он хун, ки ояд бар ин рехта,
Гунаҳкор ўясту овехта.
Агар кушта ояд касе з-ин сипоҳ,
Биҳишти баринаш бувад ҷойгоҳ.
145 Чӣ гўеду инро чӣ посух диҳед?
Ҳама яксара рои фаррух ниҳед.
Бидонед, к-ў шуд ба бад пешдаст,
Мукофоти ин бад нашояд нишаст».
Бузургон ба посух биёростанд,
Ба дарди дил аз ҷой бархостанд.
Бигуфтанд, к-«Эй шоҳ, дил шод дор,
Ҳамеша дил аз ранҷ озод дор.
Тану ҷони мо сар ба сар пеши туст,
Ғаму шодмонӣ каму беши туст.
150 Зи модар ҳама маргро зодаем,
Ҳама бандаем, арчи озодаем».
Чу посух чунин ёфт аз анҷуман,
Зи Тусу зи Гударз в-аз Пилтан,
Рухи шоҳ шуд чун гули арғавон,
Ки давлат ҷавон буду хусрав ҷавон.
Бар эшон фаровон бихонд офарин,
Ки обод бодо ба гурдон замин!
Шумурдани Кайхусрав паҳлавононро
Бигашт андар ин низ чанде сипеҳр,
Чу аз хўша бинмуд хуршед чеҳр.
155 Зи паҳлў ҳама мубадонро бихонд,
Суханҳои боиста чанде биронд.
Ду ҳафта дари бордодан бубаст,
Ба наввӣ яке дафтар андаршикаст.
Бифармуд Хусрав ба рўзидиҳон,
Ки гўянд номи кеҳону меҳон.
Сазовор бинвишт номи гавон,
Чунон чун бувад дархури паҳлавон.
Нахустин зи хешони Ковуси кай
Саду даҳ сипаҳбад фиканданд пай.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё